Сафири Эрон: шеъри Саъдӣ оинадори сулҳ, ишқ ва дӯстӣ аст

Обуна шудан
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме ба муносибати рӯзи ҷаҳонии бузургдошти Саъдии Шерозӣ гуфт, таҷлил аз Саъдӣ, такрими ахлоқ ва инсоният аст

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Нависандаи бузург, яке аз пояҳои бинои устувори адаби порсӣ аст, ки бо ашъори дилпазири худ, ҷилваи вижа ба осмони зебои адабиёт додааст. Шеъри ӯ оинадори сулҳ, ишқ ва дӯстӣ аст.

Посол Ирана в Таджикистане Мухаммадтаки Собири - Sputnik Тоҷикистон
Аз равобит то мубориза бо коронавирус: табрикоти сафири Эрон ба муносибати Иди Наврӯз

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба маҳбубияти оламгири ин шоири порсигӯ, хотирнишон сохт.

“Имрӯз теъдоди зиёде аз мардуми ҷаҳон ба мероси ин шоири сухангустар ва омӯзгори ахлоқ бо дидаи эҳтиром менигаранд ва бо осор ӯ зиндагӣ мекунанд”,-гуфт сафир.

Ёдрас мешавем, ки аввали моҳи урдибиҳшт (баробар ба 21 апрели соли милодӣ) ҳар сол Рӯзи бузургдошти шеъри тоҷикӣ-форсӣ Шайх Саъдии Шерозист.

Муcлиҳиддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифиддин ибни Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар маркази Форс – шаҳри Шероз ба дунё омадааст.

Лентаи хабарҳо
0