(122:42 / 1936.66Mb / )

Аксияи байналмилалии "Ҳанги ҷовидон": пахши мустақим

365
(Таҷдидшуда 11:58 09.05.2020)
Ба далели паҳншавии густурдаи коронавируси навъи COVID - 19 дар ҷаҳон, имсол "Ҳанги ҷовидон" на дар кӯчаҳо балки дар фазои интернет баргузор мешавад

Наздики 2 миллион кас барои ширкат дар аксияи "Ҳанги ҷовидон", ки дар Рӯзи Пирӯзӣ, 9 май баргузор мешавад, дархост фиристодааст.

гуфт, ҳамраиси Ситоди марказии ҳаракати умумирусиягии "Ҳанги ҷовидони Русия" Сергей Макаров.

"Ҳанги ҷовидон" дар фазои интернетӣ то даме пахш мешавад, ки охирин куҳансарбоз аз он гузашт кунад.

Ҳамраиси Ситоди марказии ҳаракати умумирусиягии "Ҳанги ҷовидони Русия" Сергей Макаров гуфт, дар Рӯзи Пирӯзӣ ҳамаи ширкаткунандагон онлайн аз Майдони Сурх хоҳанд гузашт.

Макаров гуфт, дар як рӯз намешавад ҳамаи куҳансарбозонро намоиш дод, ба ин хотир "Ҳанги ҷовидон" чанде ки лозим ояд, яъне давомдор намоиш дода мешавад.

Пахши онлайни "Ҳанги ҷовидон" дар платформаҳои зиёде аз ҷумла дар торномаи "Ҳанги ҷовидони Русия" - (www.polkrf.ru и www.polk.press), намош дода мешавад.

365
Барчаспҳо:
иқдоми ҷадид ба Рӯзи Пирӯзӣ, "Ҳанги ҷовидон", Русия

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

281
Дар Амрико рӯзи панҷум аст, ки мавҷи эътирозҳо дар роибта ба куштори Ҷорҷ Флойд марди африқо - амрикоӣ аз сӯйи корманди пулис хотима намеёбад

Мавҷи эътирозҳо анқариб 20 штати Амрикоро дарбар гирифт. Шаҳрвандони амрикоӣ пас аз қатли як марди африқо- амрикоӣ аз сӯйи корманди пулис даст ба эътирозҳо заданд.

Ҳодиса рӯзи 25 - уми май рух дод. Муштарии як мағозаи хӯрокворӣ мехост бо асъори қалбакӣ харидро анҷом диҳад, вале хазиначии мағоза фавран пулисро даъват кардааст.

Дар изҳороти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта шудааст, ки ҳангоми боздошт Флойд муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ дар нисбати боздоштшуда  аз қувва ва дастбанд истифода буда шуд.

Тазоҳурот дар Тбилисӣ, ё иғво сари муносибатҳои Русияву Гурҷистон

Аз ҷумла, яке аз кормандони пулис усули буғикуниро истифода намудаст, ки дар натиҷа Флойд бар асари нарасидани ҳаво дар бемористон ба ҳалокат расид.

Пас аз фавти Флойд дар Миннеаполис тазоҳурот сар зад. Одамон ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, дӯкону мошинҳои қанори роҳро оташ мезананд.

Иштирокчиёни тазоҳурот талаб мекунанд, ки мақомот гунаҳкорони марги Флойдро ҷазо дода, бо нобаробарии нажодӣ дар Амрико нуқта гузоранд.

281
Барчаспҳо:
навор, тазоҳурот, Амрико

Лавров Ғарбро барои истифодаи пандемияи коронавирус бо мақсадҳои худ интиқод кард - навор

303
(Таҷдидшуда 01:13 30.05.2020)
Ба гуфтаи Сергей Лавров, кишварҳои ғарбӣ мекӯшанд аз вазъ истифода баранд, то ки кишварҳои ба худ номувофиқро ҷазо диҳанд

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров муносибати кишварҳои Ғарбро ба пандемияи коронавирус маҳкум кард.

Тавре вазири корҳои хориҷӣ дар мақолае барои рӯзномаи чинии Global Times навишт, онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ин вазъ истифода баранд, то ҳукуматҳоеро, ки ба ӯ беэътиноӣ мекунанд, ҷазо диҳанд ва ба кишварҳои ба эпидемия гирифторшуда гирифтани кӯмаки башардӯстона аз Русияро манъ кунанд.

Дар айни замон, худи Ғарб барои шитоб накардани принсипҳои гуманизм дар масъалаи мубориза бо COVID-19 шитоб намекунад. Дар видеои мо дар бораи стандартҳои дугонаи кишварҳои ғарбӣ бештар хонед.  

303
Барчаспҳо:
Сергей Лавров, Русия, ИМА, нав
ДТП, архивное фото

Мақомот ҳалокати сардори шуъбаи КҲФ дар Ванҷ ва писарашро зимни садамаи нақлиётӣ шарҳ дод

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон садамаи маргбори рӯзи 31 майро ки дар пайи он Худоиев Асланшоҳ, сардори шуъбаи ин ниҳод дар ноҳияи Ванҷ бо писараш фавтид, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи  31-уми майи соли равон  дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, мавзеъи  Шаҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб рух дод.

Ба иттилои манбаъ, автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.

“Ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама маълум нест. Бино ба нақли шоҳидон он ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, бар асари ин садамаи мудҳиш корманди ин ниҳод бо писараш ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд

Гуфта мешавад, ҷасади Худоиев Умари 9-сола – писари Худоиев Аслншоҳ дирӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд.

0
Барчаспҳо:
фавт, КҲФ Тоҷикистон, Ванҷ, Тоҷикистон