(30:30 / 498.49Mb / просмотров видео: 986)

Суханронии Путин ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ: пахши зинда анҷом ёфт

259
(Таҷдидшуда 12:42 09.05.2020)
Президенти Русия Владимир Путин ба мардуми Русия муроҷиат кард, ки бар пояи оташи ҷовидона гул гузоранд

Владимир Путин бар пояи афсари номаълум гулчамбар гузошт ва ба мардуми Русия муроҷиат мекунад.

Пас ах суханронии президент гузашти низомии қувваҳои ҳавоии Русия баргузор мешавад.

Пештар сухангӯи президенти Русия, Дмитрий Песков хабар дода буд, ки ҳамчунин дар ин рӯз чанд барномаи дигар бо ширкати Владимир Путин баргузор мешавад.

Пештар Владимир Путин таҷлил аз 9 майро ба рӯзи дигар гузаронида буд, вале қайд кард, ки ин таърихро набояд дигар кард.

Гузаштҳои оммавӣ дар ин рӯз баргузор намешавад, вале ҳар кас дар доираи хонаводааш аз қаҳрамонони худ ёд хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки имсол ба далели паҳншавии густурдаи коронавирус дар ҷаҳон, дар Русия баргузории паради ҳарбӣ в дигар чорабиниҳои оммавӣ қатъ шуд.

Гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ба таърихи дигар гузаронида шуд, вале то ҳол рӯзи дақиқи он эълом нашудааст.

259
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Русия, Владимир Путин

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

263
Дар Амрико рӯзи панҷум аст, ки мавҷи эътирозҳо дар роибта ба куштори Ҷорҷ Флойд марди африқо - амрикоӣ аз сӯйи корманди пулис хотима намеёбад

Мавҷи эътирозҳо анқариб 20 штати Амрикоро дарбар гирифт. Шаҳрвандони амрикоӣ пас аз қатли як марди африқо- амрикоӣ аз сӯйи корманди пулис даст ба эътирозҳо заданд.

Ҳодиса рӯзи 25 - уми май рух дод. Муштарии як мағозаи хӯрокворӣ мехост бо асъори қалбакӣ харидро анҷом диҳад, вале хазиначии мағоза фавран пулисро даъват кардааст.

Дар изҳороти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта шудааст, ки ҳангоми боздошт Флойд муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ дар нисбати боздоштшуда  аз қувва ва дастбанд истифода буда шуд.

Тазоҳурот дар Тбилисӣ, ё иғво сари муносибатҳои Русияву Гурҷистон

Аз ҷумла, яке аз кормандони пулис усули буғикуниро истифода намудаст, ки дар натиҷа Флойд бар асари нарасидани ҳаво дар бемористон ба ҳалокат расид.

Пас аз фавти Флойд дар Миннеаполис тазоҳурот сар зад. Одамон ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, дӯкону мошинҳои қанори роҳро оташ мезананд.

Иштирокчиёни тазоҳурот талаб мекунанд, ки мақомот гунаҳкорони марги Флойдро ҷазо дода, бо нобаробарии нажодӣ дар Амрико нуқта гузоранд.

263
Барчаспҳо:
навор, тазоҳурот, Амрико

Лавров Ғарбро барои истифодаи пандемияи коронавирус бо мақсадҳои худ интиқод кард - навор

264
(Таҷдидшуда 01:13 30.05.2020)
Ба гуфтаи Сергей Лавров, кишварҳои ғарбӣ мекӯшанд аз вазъ истифода баранд, то ки кишварҳои ба худ номувофиқро ҷазо диҳанд

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров муносибати кишварҳои Ғарбро ба пандемияи коронавирус маҳкум кард.

Тавре вазири корҳои хориҷӣ дар мақолае барои рӯзномаи чинии Global Times навишт, онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ин вазъ истифода баранд, то ҳукуматҳоеро, ки ба ӯ беэътиноӣ мекунанд, ҷазо диҳанд ва ба кишварҳои ба эпидемия гирифторшуда гирифтани кӯмаки башардӯстона аз Русияро манъ кунанд.

Дар айни замон, худи Ғарб барои шитоб накардани принсипҳои гуманизм дар масъалаи мубориза бо COVID-19 шитоб намекунад. Дар видеои мо дар бораи стандартҳои дугонаи кишварҳои ғарбӣ бештар хонед.  

264
Барчаспҳо:
Сергей Лавров, Русия, ИМА, нав
Вид на город Хорог, ГБАО.

Ҳисоботи мақомоти ВМКБ аз харҷу дахли хазинаи мубориза бо коронавирус

0
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз дахлу харҷи суратҳисоби бонкие, ки барои мубориза бо сирояти коронавирус ташкил кардаанд, ба аҳолӣ ҳисобот доданд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба гузориши мақомоти ВМКБ, дар суратҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки барои пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 ба ҳолати 28 майи соли равон 304 ҳазору 121 сомонӣ ва ба таври наќдӣ ба дастгоҳи раиси ВМКБ 36 ҳазору 900 сомонӣ ва 400 доллари амрикоӣ аз ҷониби ашхоси саховатпеша дохил гардидааст.

Ҳамчунин, ба кортҳои бонкие, ки дар Аввалин бонки молиявии хурд кушода шудаанд, 41 ҳазору 122 сомонӣ бо асъори миллӣ ва 4 ҳазору 48 доллари амрикоӣ ворид шудаст.

Бино ба гузориши манбаъ, сарфи маблағҳои суратҳисоби мазкур таҳти назорати раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қарор дошта, то санаи 28.05.2020 аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда 600 сомонӣ ҷиҳати харидории селофан барои Касалхонаи вилоятӣ, 30 ҳазор сомонӣ чун кумак барои Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб ҷудо гардида, ҳамчунин бо мақсади дастрас намудани доруворӣ, сару либоси тиббӣ ва маводи озуқавоӣ барои касалхонаҳои марказии ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб 5 ҳазору 470 сомонӣ сарф карда шуд.

Инчунин 11 ҳазору 673 сомонӣ барои харидории ќисмҳои эҳтиётӣ, 14 хазору 969 сомонӣ барои сӯзишворӣ, 3 ҳазору 348 сомонӣ барои хариди равғанҳои молиданӣ, дар маҷмўъ 29 ҳазору 990 сомонӣ барои стансияи Ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ ва 3 ҳазору 900 сомонӣ ҷиҳати таъмири мошини Ёрии таъҷилии Беморхонаи касалиҳои рўхии вилоятӣ воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардидааст.

Инчунин, барои интиқоли рахти хоб ва маводи хўрокворӣ ба беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Роштқалъа, дастрас намудани либосҳои муҳофизати фардӣ аз ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Хоруғ, қабул ва гусели масъулону ронандагоне, ки кумакҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру навоҳии вилоят дастрас намуданд, 921 сомонӣ сарф гардидааст.

Барои қабул ва гусели намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ошно шудан бо вазъи беморони вилоят аз шаҳри Душанбе тавассути чархбол ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон сафар намуд 600 сомонӣ, барои эҳтиёҷоти Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҷиҳати табдил додан ба беморхонаи муаваққатӣ 2 ҳазору 310 сомонӣ, хароҷоти нақлиёт барои дастрас намудани маводи доруворӣ аз ноҳияи Мурғоб ба шаҳри Душанбе 7 ҳазор сомонӣ, таҷҳизонидани утоқи табобатӣ дар касалхонаи вилоятӣ 600 сомонӣ ва харидории редуктори кислород барои касалхонаи вилоятӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ афзуда, ки аз ҳисоби ҳамаи маблағҳои воридгардида санаи 28 майи соли ҷорӣ 35 ҳазору 60 сомонӣ барои харидории 50 адад кислород, ки тавассути Хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ дастрас карда мешавад, ҷудо гардидааст.

Ёдгор Файзов аз беморхона мураххас шуду ба ноҳияи Рӯшон сафар кард

Инчунин, барои пардохти маоши кормандони дастаи иловагии стансияи Ёрии таъҷилӣ 5 ҳазору 739 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Кумаки Эмомалӣ Раҳмон ба 166 хонаводаи пизишкони ВМКБ - аксҳо

Дар охири гузориш омада, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба ҳамаи шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки дар чунин лаҳзаҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавируси нави КОВИД-19 саҳмгузорӣ намуда истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамояд.

0
Барчаспҳо:
хазина, ҳисобот, ВМКБ, Тоҷикистон