(10:28 / 149.88Mb / просмотров видео: 12)

Дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

195
(Таҷдидшуда 21:49 09.05.2020)
Дар Рӯзи Пирӯзӣ одатан дар ҳамаи гӯшаю канори Федератсияи Русия барои поси хотири қурбониёни ҶБВ дақиқаи хомӯшӣ эълон мешавад

Ҳамасола дар Русия соати 19:00 дар Рӯзи Пирӯзӣ дақиқиаи хомӯшӣ баргузор мешавад.

Маргро "фиреб" доду то Берлин рафт: саргузашти аҷибу ғариби Олег Соболев

Имсол дақиқаи хомӯшӣ ба хотири пос доштани хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ эълом шуд.

Одатан дар ин лаҳзаҳо мардум суханони пур аз меҳру муҳаббатро нисбати қаҳрамонон - бобоёну падарон, модарону бибиҳои худ, ки дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳми худро барои ба даст овардани Пирӯзӣ гузоштаанд, ба забон меоранд.

195
Барчаспҳо:
маҳфили поси хотир, лаҳзаи хомӯшӣ, Тоҷикистон, Русия

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

276
Дар Амрико рӯзи панҷум аст, ки мавҷи эътирозҳо дар роибта ба куштори Ҷорҷ Флойд марди африқо - амрикоӣ аз сӯйи корманди пулис хотима намеёбад

Мавҷи эътирозҳо анқариб 20 штати Амрикоро дарбар гирифт. Шаҳрвандони амрикоӣ пас аз қатли як марди африқо- амрикоӣ аз сӯйи корманди пулис даст ба эътирозҳо заданд.

Ҳодиса рӯзи 25 - уми май рух дод. Муштарии як мағозаи хӯрокворӣ мехост бо асъори қалбакӣ харидро анҷом диҳад, вале хазиначии мағоза фавран пулисро даъват кардааст.

Дар изҳороти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта шудааст, ки ҳангоми боздошт Флойд муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ дар нисбати боздоштшуда  аз қувва ва дастбанд истифода буда шуд.

Тазоҳурот дар Тбилисӣ, ё иғво сари муносибатҳои Русияву Гурҷистон

Аз ҷумла, яке аз кормандони пулис усули буғикуниро истифода намудаст, ки дар натиҷа Флойд бар асари нарасидани ҳаво дар бемористон ба ҳалокат расид.

Пас аз фавти Флойд дар Миннеаполис тазоҳурот сар зад. Одамон ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, дӯкону мошинҳои қанори роҳро оташ мезананд.

Иштирокчиёни тазоҳурот талаб мекунанд, ки мақомот гунаҳкорони марги Флойдро ҷазо дода, бо нобаробарии нажодӣ дар Амрико нуқта гузоранд.

276
Барчаспҳо:
навор, тазоҳурот, Амрико

Лавров Ғарбро барои истифодаи пандемияи коронавирус бо мақсадҳои худ интиқод кард - навор

296
(Таҷдидшуда 01:13 30.05.2020)
Ба гуфтаи Сергей Лавров, кишварҳои ғарбӣ мекӯшанд аз вазъ истифода баранд, то ки кишварҳои ба худ номувофиқро ҷазо диҳанд

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров муносибати кишварҳои Ғарбро ба пандемияи коронавирус маҳкум кард.

Тавре вазири корҳои хориҷӣ дар мақолае барои рӯзномаи чинии Global Times навишт, онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ин вазъ истифода баранд, то ҳукуматҳоеро, ки ба ӯ беэътиноӣ мекунанд, ҷазо диҳанд ва ба кишварҳои ба эпидемия гирифторшуда гирифтани кӯмаки башардӯстона аз Русияро манъ кунанд.

Дар айни замон, худи Ғарб барои шитоб накардани принсипҳои гуманизм дар масъалаи мубориза бо COVID-19 шитоб намекунад. Дар видеои мо дар бораи стандартҳои дугонаи кишварҳои ғарбӣ бештар хонед.  

296
Барчаспҳо:
Сергей Лавров, Русия, ИМА, нав
Пробирка с кровью анализа на антитела к коронавирусу COVID-19

Оғози истеҳсоли “Антиковид-19” дар Тоҷикистон: дорусоз гуфт, сироятро 99% кам мекунад

1 / 2
0
Сайидвалӣ Ҳикматов, дорусози тоҷик, мегӯяд, истифодаи ин маҳлул, эҳтимоли сирояти дигаронро 99 фоиз кам карда, барои духтурону бемордорон хатари сироятёбӣ қариб аз байн меравад

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Сайидвалӣ Ҳикматов, дорусози тоҷик, истеҳсоли маҳлули антисептикии пошанда (спрей)-ро ба роҳ мондаст, ки “Антиковид-19” ном дорад

Маҳлул дар асоси сиёҳдона тайёр шуда, қобилияти баланди зиддивирусӣ дорад, хабар додаст нашрияи парлумони Тоҷикистон, “Садои мардум”.

Ба иттилои манбаъ, Ҳикматов муътақид аст, ки агар беморони гирифтори коронавирус рӯзе 6-8 маротиба маҳлулро ба кому даҳон пош диҳанд, эҳтимолияти сироят ёфтани дигарон 99 дарсад кам мешавад.

“Духтурон ва дигар ашхосе, ки бо беморон тамос доранд, агар бо ин маҳлули антисептикӣ даҳонашонро коркард намоянд, хатари сироятёбӣ қариб пурра аз байн меравад”, - омадааст дар матлаб.

Манбаъ афзуд, бемороне, ки дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Турсунзода ва ноҳияи Мастчоҳ аз маҳлули “Антиковид-19” истифода бурдаанд, беҳбудиро эҳсос намуданд.

Нашрия навиштааст, ки яке аз бартариҳои нӯшдорую маҳлули антисептикии пошандаи “Антиковид-19” дар он аст, ки хосияти иммуномодуляторӣ дошта, қувваи муҳофизатии ҷисмро пурқувват мекунад.

“Магнийи таркиби сиёҳдона фаъолияти системаи дилу рагҳо, шуш, мағзи сар, системаи асаб ва мушакҳоро беҳтар мегардонад. Оҳан барои хунофарӣ, мис барои беҳтаргардонии раванди табодули моддаҳо дар ҳуҷайраҳо, манган баҳри фаъолияти хуби ғадуди зери меъда, селен дар муолиҷаи бемориҳои саратонӣ кумак мерасонанд. Витаминҳои гурӯҳи В дар фаъолияти хуби ҷигару низоми асаб нақши муҳим  мебозанад”, - омадааст дар матлаб.

0
Барчаспҳо:
истеҳсол, дорусозӣ, дору, сироят, Тоҷикистон