Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

496
(Таҷдидшуда 13:32 11.05.2020)
Беш аз 1,1 миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон ба забонҳои модарии худ суруди "Рӯзи Пирузӣ" - ро сароиданд

Манти суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" дар як портали вижа ба таври караоке ҷой дода шуда буд. Дар ин портал суруд ба беш аз 100 забони манотиқи Русия ва ҷаҳон ҷой дода шуд.

Ҳар нафаре, ки хоҳиш дорад, метавонад шахсан дар ин торнома видео сабт кунад ва онро дар интнернет ҷой диҳад.

Дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

"Натиҷаи аксияи "Рӯзи Пирӯзӣ" аз интизории мо чандинкарата болотар шуд. Беш аз 1,1 миллион кас аз ҳар гӯшаю канори дунё ва манотиқи Русия ба забонҳои гуногун суруд хонданд. Беш аз 50 ҳазор кас сабти видеоии худро ба мо фиристоданд", - гуфт Александр Хинштейн муовини раиси ҳизби "Русияи ягона".

Ба гуфти ӯ, ин аксия бародарии мардуми Русияро нишон дод, ки 75 сол муқаддам барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисорӣ карданд.

496
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, суруд, Русия

"Нафасам мегирад": тазоҳурот дар назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис - видео

95
(Таҷдидшуда 20:10 03.06.2020)
Даҳ рӯз мешавад, ки дар ИМА пас аз боздошт ва фавти Ҷорҷ Флойд тазоҳурот идома дорад. Тазоҳуроти назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис ба наовр афтод

Бетартибиҳо дар ИМА ҳанӯз 25 май сар шуд. Ҳамон рӯз Ҷорҷ Флойд дар яке аз мағозаҳои Миннеаполис бо пули қалбакӣ харидорӣ мекард ва кассир пулисро ҷеғ зад. 

Дар гузориши пулис навишта шуда, ки зимни боздошт гунаҳкор муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ нисбати ӯ қувва истифода шудааст. Аз ҷумла пулис ҳангоми бастани дастони ӯ бо зону ба гулӯяш такя кардааст. Флойд чанд маротиба гуфтааст, ки нафасам гирифт ва беҳуш шудааст. Пас аз чанде ӯ дар шуъбаи эҳёи беморхона ба ҳалокат расидааст.

Панҷ рӯз аст, ки эътирозҳову бетартибиҳо дар Амрико идома дорад

Пас аз ҳалокати Флойд дар Миннеаполис ва баъдан дигар шаҳрҳои ИМА тазоҳурот оғоз шуд. 

Тазоҳургарон мошинҳоро месӯзонанд, мағозаҳоро ғорат мекунанд ва бо мақомоти пулис даргир мешаванд.

Тазоҳургарон талаб доранд, ки гунаҳкорони марги Флойд шиканҷа шаванд ва нобаробарии нажодӣ нисбати сиёҳпӯстон аз байн бардошта шавад.

Имрӯзҳо тазоҳурот дар ИМА зери шиори Black lives matter ("Ҳаёти сиёҳпӯстон муҳим аст") мегузарад.

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

Ҳамарӯза дар назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис садҳо нафар бо шиорҳои "Нафасам мегирад" ва "Адолат нест, оромӣ нест" ҷамъ мешаванд.

95
Барчаспҳо:
губернатор, тазоҳурот, ИМА

Эътирозу бетартибиҳо дар ИМА-навор

251
(Таҷдидшуда 01:36 03.06.2020)
Эътирозу бетартибиҳо дар ИМА, ки баъди марги Ҷорҷ Флойд, шаҳрванди африқо-амрикоӣ оғоз шуданд, бисёри минтақаҳои кишварро фаро гирифтанд

Теъдоди аёлоте, ки  дар он барои пахши эътирозҳо аз нерӯи горди миллӣ истифода мешавад, афзоиш ёфтанд, хабар доданд расонаҳои ИМА. Алайҳи дастандаркорони бетартибӣ нерӯҳои пулис аз норинҷакҳои садоӣ ва газҳои ашковар истифода мебаранд.

Эътирозҳо баъди он сар заданд, ки Флойд 25 май аз дасти маъмурини пулис кушта шуд. Cюзан Райс, собиқ мушовири амниятии Барак Обама, раисиҷумҳури пешини ИМА аз эҳтимоли даст доштани Русия дар таҳрики эътирозгарон тариқи шабакаҳои маблағгузорӣ суҳбат кард.

Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, ин иддаоро бепоя хонда, таъкид намуд, ки Русия ҳеч гоҳ ба умури дохилии ИМА дахолат накардааст ва чунин ният надорад.

Дар изҳороти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта шудааст, ки ҳангоми боздошт Флойд муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ дар нисбати боздоштшуда аз қувва ва дастбанд истифода буда шуд.

Аз ҷумла, яке аз кормандони пулис усули буғикуниро истифода намудаст, ки дар натиҷа Флойд бар асари нарасидани ҳаво ба ҳалокат расид.

Пас аз фавти Флойд дар Миннеаполис тазоҳурот сар зад. Одамон ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, дӯкону мошинҳои қанори роҳро оташ мезананд.

Иштирокчиёни тазоҳурот талаб мекунанд, ки мақомот гунаҳкорони марги Флойдро ҷазо дода, бо нобаробарии нажодӣ дар Амрико нуқта гузоранд.

251

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

0
Ду донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Рибински вилояти Ярослав дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус зери табобати пизишкон фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду донишҷӯи тоҷикистонӣ дар вилояти Ярослав пас аз натиҷаҳои мусбии тахшиси коронавирус дар беморхонаи шаҳрӣ зери назорати табибон қарор гирифтанд.

Дар ин бора нашрияи минтақавии Рибинск хабар медиҳад.

"Ду донишҷӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба беморхона интиқол ёфтанд. Ташхиси коронавирус дар бадани онҳо мусбӣ будаст. Аммо нафаре аз онҳо ягон нишанаи бемориро надоштаанду феълан худро хуб ҳис мекунанд", - менависад нашрия.

Ҳарду донишҷӯ ҳам дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекарданд. Бино бар сабаби карантин ва баста шудани роҳҳо натавонистанд ба Тоҷикистон раванд.

Боқимонда донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, аз ташхис гузаштанд. Онҳо зери назорати табибон қарор доранд.

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

 

133 донишҷӯи дигар ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

 

0