Дархости Лавров барои муборизаи муштарак алайҳи коронавирус - видео

476
(Таҷдидшуда 17:14 13.05.2020)
Сарвазири Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои вазирони умури хориҷии ИДМ ба муборизаи муштарак алайҳи коронавирус даъват намуд

Лавров қайд намудаст, ки ҷаҳонро лозим аст, то маҷмӯи умумии оқибатҳои пандемия аз вируси COVID - 19 - ро арзёбӣ намоянд.

Ҳамзамон, вазири корҳои хориҷӣ ба он далолат кард, ки бӯҳрон нишон дод, ки кишварҳо  дар пасманзари авҷи коронавирус то чӣ андоза аз ҳамдигар вобастагӣ доранд.

"Таҳдидҳои фаромарзии рӯзафзун афзоиш ёфта истодаанд, сарфи назар аз он, ки дар сатҳи миллӣ кадом чораҳо андешида мешаванд. Аз ин рӯ, барои мубориза бо ин таҳдидҳое, ки сарҳадро намедонанд, аз ҷумлаи онҳо ҳоло чунин пандемия мебошанд, бояд саъю кӯшишҳоро муштарак анҷом дод", - афзудастЛавров дар нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии ИДМ.

Ба гуфтаи Лавров, мубориза бо пандемияи коронавирус бояд дар якҷоягӣ анҷом дода шавад.

476
Барчаспҳо:
навор, маризӣ, муштарак, мубориза, дархост, Сергей Лавров
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (925)

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

71
(Таҷдидшуда 17:25 19.01.2021)
Ба фурудгоҳи байналмилалии Буэнос-Айрес ҳавопаймои ширкати Aerolineas Argentinas бо 300 ҳазор вояи ваксинаи "Спутник V" фуруд омад

Ба фурудгоҳи байналмилалии Буэнос-Айрес ҳавопаймои ширкати Aerolineas Argentinas, бо миқдори зиёди ваксинаи зидди вируси корона  фуруд омад.

Ёдрас мешавем, ки ҳамин гуна миқдор  300 ҳазор вояи ваксинаи "Спутник V"  аз Русия ба Аргентина охири моҳи декабр интиқол ёфта буд.

Ваксинаҳоро тавассути мошинҳои боркаш ба минтақаҳои кишвар равон карда шуданд ва баъд аз ба даст овардани ваксина пизишкон фавран ба эмгузаронӣ оғоз карданд.

Гуфта шудааст, ки аввалин эмдашудаҳо кормандони соҳаи тиб буданд.

Ваксинаи бар зидди коронавируси "Спутник V"-и Русияро Маркази миллии таҳқиқоти эпидемиологӣ ва микробиологияи Гамалея дар ҳамкорӣ бо Бунёди сармояҳои мустақими Русия таҳия шудааст.

Мувофиқи натиҷаҳои санҷишҳо ваксинаи "Спутник V" самаранокии 91,4 дарсадиро нишон додааст ва барои ҳолатҳои вазнини коронавирус ҳатто самаранокии 100 дарсадиро низ нишон додааст.

71
Барчаспҳо:
Аргентина, ҳавопаймо, Спутник

ИМА меъёрҳои демократияро хат зад: Володин оид ба маҳдудсозии Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ

152
(Таҷдидшуда 17:41 19.01.2021)
Бастани сафҳаҳои президенти равандаи ИМА Доналд Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдӣ аст, мегӯяд раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин

Дар ҷаласаи навбатии Думаи давлатӣ, раиси он Вячеслав Володин як қатор масъалаҳои рӯзномаи дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи ногувори озодии сухан дар Иёлоти Муттаҳида -ро ба миён гузошт.

Володин қарори шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи бастани сафҳаҳои президенти раванда Доналд Трампро амали ғайриқонунӣ мешуморад.

Вай қайд кард, ки пештар Иёлоти Муттаҳида стандартҳои демократияро ба тамоми ҷаҳон таълим медод, аммо акнун худи онҳо онҳоро хат задаанд.

"Президенти амалкунанда, ки қариб ҳафтоду панҷ миллион амрикоиҳо ва тарафдоронаш ба ӯ овоз доданд, аз як ҳаққи асосӣ - озодии сухан маҳрум шуданд", - таъкид кард, ӯ.

Вай қайд кард, ки баъзе пойгоҳҳои иттилоотии Амрико монополия мебошанд ва агар онҳо дар кишвари худ чунин рафтор кунанд, пас метавон танҳо тахмин кард, ки онҳо дар дигар кишварҳо чӣ гуна рафтор хоҳанд кард.

Доналд Трамп пас аз изҳороташ дар бораи ошӯбҳои 6 январ дар Вашингтон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста шуд.

“Лаънати Трамп”: коҳиши 51 - миллиарддолларии арзиши Фейсбук ва Твиттер

Сипас, баъди суханронии Трамп тарафдоронаш ба ҳаяҷон омада Капитолиро забт карданд. Панҷ нафар кушта шуданд. Худи президенти равандаи ИМА иттиҳоми таҳрикро рад кард.

 

152
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе

Хабари хуш: масҷидҳои Тоҷикистон боз мешаванд

0
Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз “вируси корона” ё COVID-19 ба мақомоти зидахл дастур додааст, ки барои боз кардани масҷидҳо омодагӣ гиранд

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ситоди мазкур аз вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Шӯрои уламои Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми омодагиҳоро барои боз кардани масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъро рӯи даст гиранд.

“Агар як вазъи дигари хос пеш наояд, омодагиҳо барои боз кардани масҷидҳо аз 1 феврали соли равон бояд гирифта шаванд”, - гуфт манбаъ.

Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.

Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.

Азбаски ин тасмим қабл аз моҳи шарифи Рамазон гирифта шуд, баргузории намози таровеҳ ва ҳатто намозу идгардаки моҳи Рамазон низ манъ шуд.

Дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон қариб ду ҳафта ба ин сӯ эълон медорад, ки ягон мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” дар кишвар расман сабт нашуда, ягон нафар ҳам дар шифохонаҳои ин кишвар бо ин ташхис бистарӣ нест ва ин вазъ роҳро барои боз кардани дари масҷидҳо боз кардааст.

0