Шаҳрвандони Сурия, ки аз тарси террористҳо роҳ ба гурез намуда буданд, акнун боз ба хонаҳои хароби худ баргаштанд.
Агар чи манзилҳои онҳо комилан харрбанд ва ҳатто аксар хонаҳо болопӯш ҳам надоранд, лек мардуми бумӣ аз ин аҳвол руафтода нестанд. Балки аз омадани сулҳу оромиш изҳори шодмонӣ мекунанд ва ба обод намудани хонаҳои харобгаштаи худ шурӯъ намудаанд.Дар асорати курдҳо? Вазир дар бораи баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия
Онҳо мегӯяд, зиндагӣ дар харобаҳо баҳрашон афзалтар аз гурезагӣ ва номуайянии маконашон аст. Шароити феълии сокинони аксар шаҳрҳои Сурияро аз навори таҳиянамуда тамошо кунед.
Ба фурудгоҳи байналмилалии Буэнос-Айрес ҳавопаймои ширкати Aerolineas Argentinas, бо миқдори зиёди ваксинаи зидди вируси корона фуруд омад.
Ёдрас мешавем, ки ҳамин гуна миқдор 300 ҳазор вояи ваксинаи "Спутник V" аз Русия ба Аргентина охири моҳи декабр интиқол ёфта буд.
Ваксинаҳоро тавассути мошинҳои боркаш ба минтақаҳои кишвар равон карда шуданд ва баъд аз ба даст овардани ваксина пизишкон фавран ба эмгузаронӣ оғоз карданд.
Гуфта шудааст, ки аввалин эмдашудаҳо кормандони соҳаи тиб буданд.
Ваксинаи бар зидди коронавируси "Спутник V"-и Русияро Маркази миллии таҳқиқоти эпидемиологӣ ва микробиологияи Гамалея дар ҳамкорӣ бо Бунёди сармояҳои мустақими Русия таҳия шудааст.
Мувофиқи натиҷаҳои санҷишҳо ваксинаи "Спутник V" самаранокии 91,4 дарсадиро нишон додааст ва барои ҳолатҳои вазнини коронавирус ҳатто самаранокии 100 дарсадиро низ нишон додааст.
Дар ҷаласаи навбатии Думаи давлатӣ, раиси он Вячеслав Володин як қатор масъалаҳои рӯзномаи дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи ногувори озодии сухан дар Иёлоти Муттаҳида -ро ба миён гузошт.
Володин қарори шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи бастани сафҳаҳои президенти раванда Доналд Трампро амали ғайриқонунӣ мешуморад.
Вай қайд кард, ки пештар Иёлоти Муттаҳида стандартҳои демократияро ба тамоми ҷаҳон таълим медод, аммо акнун худи онҳо онҳоро хат задаанд.
"Президенти амалкунанда, ки қариб ҳафтоду панҷ миллион амрикоиҳо ва тарафдоронаш ба ӯ овоз доданд, аз як ҳаққи асосӣ - озодии сухан маҳрум шуданд", - таъкид кард, ӯ.
Вай қайд кард, ки баъзе пойгоҳҳои иттилоотии Амрико монополия мебошанд ва агар онҳо дар кишвари худ чунин рафтор кунанд, пас метавон танҳо тахмин кард, ки онҳо дар дигар кишварҳо чӣ гуна рафтор хоҳанд кард.
Доналд Трамп пас аз изҳороташ дар бораи ошӯбҳои 6 январ дар Вашингтон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста шуд.
“Лаънати Трамп”: коҳиши 51 - миллиарддолларии арзиши Фейсбук ва Твиттер
Сипас, баъди суханронии Трамп тарафдоронаш ба ҳаяҷон омада Капитолиро забт карданд. Панҷ нафар кушта шуданд. Худи президенти равандаи ИМА иттиҳоми таҳрикро рад кард.
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дарёфти ҷасади пиразани рус дар манлили зисташ, хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, хабар дар бораи нопадид шудани пиразан, бегоҳии рӯзи гузашта, 19 январ расидааст.
Дар ин бора навбатдори ШВКД-и ноҳияи Сино-2 капитан Сафаров Ориф ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки чанд рӯз пиразани рус Кузнетсова Любаро ҳамсоягон надидаанд. Мавсуф дар кӯчаи Б. Ғафурови пойтахт танҳо зиндагӣ мекардааст.
Ҳамин тавр, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 17:33 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, дари хонаи истиқоматии шаҳрванд Кузнетсова Любаро боз кардаанд.
"Маълум гардид, ки пиразани 76-сола дар манзили худ фавтидааст. Ҳамсоягонаш гуфтаанд, ки пиразан муддатҳост бемор буду танҳо", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки ҷасади ӯро ба мақомоти дахлдор супурданд.