Чехия баргардонидани муҷассамаи Маршал Коневро ба Русия рад кард

44
(Таҷдидшуда 16:18 22.05.2020)
Вазорати дифои Чехия ҷавоби рад додааст бо дархости Сергей Шойгу оиди баргардонидани Конев ба Русия, ки мохи апрели соли равон дар Прага пешниҳод шуда буд

Вазорати Мудофиаи Чехия баргардонидани муҷассамаи Маршали Шӯравӣ Иван Коневро, ки артиши Прагаро дар соли 1945 аз фашистон озод кард, барнагардонд.

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу аз ҳамкасбони чехи худ хостааст, ки муҷассамаро пас аз он ки мақомоти маҳаллӣ дар Прага дар моҳи апрели соли равон онро пора карданд, баргардонанд.

Аммо, тавре ки вазири мудофиаи Чехия Лубомир Метнар изҳор дошт, ин масъала берун аз салоҳияти шӯъбаи ӯст.

"Ёдгорӣ моликияти Вазорати мудофиа нест ва дар қаламрави он ҷойгир нест. Ҳамзамон, тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, онро ба категорияи дафнҳои ҳарбӣ дохил кардан мумкин нест. Мақомоти шаҳрдории Прага-6 тасмим гирифтааст, ки ин ҳайкалро бардоранд ва Вазорати дифоъ тибқи қонун, наметавонад ба амволи шаҳрии Прага-6, ки муҷассама ба он тааллуқ дорад дахолат кунад ва аз ин рӯ ҳақ надорад оид ба интиқоли эҳтимолии он ба Русия қарор қабул кунад", - гуфтааст Любомир Метнар, Вазири Мудофиаи Чехия. 

44
Барчаспҳо:
дифоъ, навор, Русия, Чехия

Хуросоне, ки ғарқи об шуд: навори кӯмак ба сокинони ҷабрдидаи ноҳия

236
Наҷотдиҳандагон то ҳол оқибатҳои сел дар Хуросонро бартараф мекунанд. Мақомот ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба сокинони ҷабрдида дасти ёрӣ дароз кардаанд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори вазъ дар Хуросон баъди як ҳафтаи омадани сели калон дар ноҳия пайдо шуд.

Дар наворе, ки аз баландӣ гирифтаанд, дида мешавад, ки садҳо манзили сокинон то ҳол зери об мондааст.
Дарахтон, биноҳо ва манзилҳо ҳама зери лойқаанд.

Наҷотдиҳандагон то ҳол оқибатҳои сел дар ноҳияро бартараф мекунанд.  Бештар аз 260 хона дар ноҳия пурра корношоям шудаанд. 

Сокинон дар навор нақл мекунанд, ки аз ҷониби мақомот ба онҳо кӯмак мерасад.

Хаймаҳои муваққатӣ рост карда шуда, озуқаворӣ - орд, равған, гӯшт, оби ошомиданӣ,  либос, дору ва дигар лавозимоти эҳтиёҷи аввал дастрас карда мешаванд.

Раиси Хатлон ба мардуми Хуросон барои тақсимоти одилонаи кумакҳо ваъда дод

Пештар барои сокинон қитъаи замин низ тақсим карда шуда буд. Афзун бар ин, ба онҳо масолеҳи сохтмонӣ низ дастрас карда мешавад.

236

Навори садамаи мудҳиш дар Душанбе: ҳалокати ду тан ва ба қисмҳо ҷудо шудани худрав - видео

7347
Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз навори садамаи мудҳишеро нашр кардааст, ки ҷони ду ҷавонро гирифтааст

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 27-уми майи соли 2020 тақрибан соати 04:15 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" рақами қайди давлатиаш 4400 ОК 01 Абдуалимов Абумуталиб Беҳрӯзович, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Гулистон ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Садриддин Айнӣ ба самти маҳаллаи Ховарон дар назди бинои №1 кӯчаи Зебуниссо бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии маркази роҳ бархурдааст.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ду мусофири дохили автомашинаи мазкур, Алиев Абдураҳмон Асланбекович соли таваллудаш 2001 ва Назаров Сунатулло Муҳаммадович соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандагони ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Гулистон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин худи ронандаи автомашинаи мазкур Абдуалимов Абумуталиб ва мусофири дигараш Сиддиқов Мавлавӣ Маҳмадкабирович соли таваллдуаш 2001 истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Гулистон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки оид ба ҳолати мазкур таҳқиқ ҷараён дорад.

7347
День 29 мая

Ҷашнҳои рӯзи 29 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:45 28.05.2020)
Рӯзи бисту нуҳуми май дар Ҷумҳурии Доминикан Рӯзи модар таҷлил мешавад. Ин рӯз ҳамчунин рӯзи автомобилронони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия, буда дар Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад

Рӯзи 29 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1923 Иттифоқи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

День 28 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1964 Никита Хрушов эълон намуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барои аксбардории ҳудуди ИМА аз спутник-ҷосус истифода мебарад.

Соли 2002 Ассамблеяи генералии СММ қатънома қабул намуд, ки тибқи он имрӯз дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳофарон ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи 29 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барқарор карда шуданд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии Гуфтугӯи минтақавии сиёсӣ байни сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо баргузор гардид.

Соли 2010 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба садамаи қатораҳои мусофиркашон, ки муҷиби талафоти бузурги ҷониву хисороти бузурги молӣ гашт, ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи тасаллият ирсол намуданд.

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол карданд.

Соли 2015 «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» қабул гардид.

Сли 2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» байни ҳам қувваозоӣ намуданд.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи шашуми ҳамкории минтақавии Русия ва Тоҷикистон доир шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 май

  • Дар Ҷумҳурии Доминикан —  Рӯзи модар.
  • Рӯзи автомобилронони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия.
  • Дар Ҷумҳурии Қирғизистон — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.
0
Барчаспҳо:
таърих, ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон