Имрӯз дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Қарочӣ ҳавопаймо суқут карда, ба болои манзилҳои истиқоматӣ афтод.
Airbus A320 аз шаҳри Лоҳур ба самти Қарочӣ парвоз мекард. Шоҳидон мегӯянд, киштии ҳавоӣ якбора ба болои чанд манзили истиқоматӣ сарозер шуд.
Дар баробари ин бино ба гузориши расонаҳо, хушбахтона аз ин ҳодисаи нохуш чандин кас ҷон ба саломат бурдааст.
Лаҳзаи суқути ҳавопаймои ҷангии Қазоқистон ба навор уфтод - видео
Феълан дар ҷои ҳодиса қувваҳои мусаллаҳ, мошинҳои оташнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ кор мебаранд.
Ҳамчунин мақомоти қурдатии Покистон аллакай аз рӯи ин ҳодиса парванда кушода, тафтишотро оғоз кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар гуфтугӯи охирин бо диспечер сарнишинон аз нуқси муҳаррик гуфтаанд.
Шаршараи Ниагара дар марзи ИМА ва Канада дар пайи ҳавои бисёр сард қисман ях баст.
Аммо сардиҳо сайёҳонро аз роҳашон ба тамошои ин шаршараи зебо бознаистондаанд. Шуморо тамошобинони Ниагар баръакс бештар шудааст.
Дар навор тамошо кунед, ки чигуна шаршара низ ях мебандад.
Шаршараи Ниагара - маҷмааи шаршараҳо дар дарёи Ниагара аст, ки иёлати Ню-Йорки Амрикоро аз вилояти Онтариои Канада ҷудо мекунад. Гарчанде ки фарқи баландӣ чандон калон набошад ҳам, шаршараҳо хеле васеъанд ва аз ҷиҳати ҳаҷми обе, ки аз он мегузарад, шаршараи Ниагара пуриқтидортарин дар Амрикои Шимолӣ аст.
Баландии шаршараҳо 53 метрро ташкил медиҳад. Пойи шаршараҳои Амрикоро тӯдаи сангҳо пинҳон мекунанд, ки барои ҳамин баландии он ҳамагӣ 21 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии шаршараҳои Амрико 323 метрро ташкил медиҳад.
Доварони сабқат пирӯзиро ба размикори бразилиягӣ доданд, ки ин боиси норозигии мухлисони Азам Ғаффоров шуд.
Нахуст низомиёни “Росгвардия” талош карданд, норозиёнро ором созанд ва сипас ба назди онҳо Абузайд Висмурадов, президенти бошгоҳи “Ахмат” омад. Ӯ ваъда дод, ки қазияро ҳал мекунанд.
Худи Азам Ғаффоров дар пайи сабқат дар суҳбат бо хабарнигорон аз тасмими доварон изҳори норозигӣ кард. Ӯ бо ишора ба рақибаш, ки ба зӯр аз майдон берун омада ҳаракат мекард, изҳор дошт, ки ин ҷо маълум буд, кӣ пирӯз гардид.
Ғаффоров таъкид кард, ки худро пирӯзи ин сабқат медонаду омода буд даври дигар ҳам зӯрозмоӣ кунад.
Феълан Ғаффорови 27-сола 11 пирӯзӣ ва ду бохт дорад. Ҳар ду шикаст ҳам бо қарори доварон дода шудааст.
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Раиси пралумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмон ба тамошои чанд мавзеи зебои Тоҷикистон меравад, гузориш медиҳад вебгоҳи Маҷлиси намояндагон.
Шоми имрӯз Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии (Парламенти) Давлати Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон омад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳонашонро Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода истиқбол намуданд.
Дар доираи сафари кори ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони олиқадр бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пракурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот менамоянд.
Дар доираи сафари кори ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии (Парламенти) Давлати Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ва ҳамроҳони ӯ ҳамчунин аз «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ва «Кохи Наврӯз» дидан менамоянд.