Дарёфти кӯдаки зинда аз макони суқути ҳавопаймо дар Покистон - навор

412
Дар ҷои суқути ҳавопаймои Airbus A320 дар Покистон кӯдаки зинда ёфт шуд. Сабт нишон медиҳад, ки чӣ тавр як мард кӯдакро аз минтақаи суқути ҳавопаймо берун меорад

Ба эҳтимоли зиёд оилаи ин кӯдак дар яке аз хонаҳое, ки ҳавопаймои болои онҳо сарозер шуд, зиндагӣ мекунад, менависад The Mirror. Феълан аз тақдири хонаводаи ин кӯдак иттилое дар даст нест.

Аз навор бармеояд, ки дар маҳалли ҳодиса артиши нерӯҳои вокуниши фаврӣ ва сӯхторнишонҳо фаъолият мебаранд.

Ёдовар мешшавем, ки рӯзи 22 - юми сай дар Покистон ҳавопаймои мусофирбар ба далели нуқси техникӣ дучори садама шуда, болои биноҳои истиқоматӣ сарозер шуд.

Дар ҳавопаймо 91 сарнишин ва халабонҳо қарор доштанд. Гуфта мешавад, ҳадди ақал 90 мусофири ин ҳавопаймо ҷон боохтанд.

412
Барчаспҳо:
навор, суқут, ҳавопаймо, Покистон

Бозии манфиатҷӯён? Чаро ҷаҳон ба авҷи коронавирус пешакӣ омодагӣ надид - навор

396
(Таҷдидшуда 15:14 27.05.2020)
Ҳолдонҳо бар ин назар ҳастанд, ки ширкатҳои бузурги дорусозӣ, метавонистанд пешакӣ ба хуруҷи маризии сироятии коронавирус омода мешуданд

The Guardian, нашрияи бритониёӣ як изҳоротро нашр кард, ки Шӯрои Ташаббусҳои дорусозии навоварона, ки намояндагони ширкатҳои бузурги фармасевтиро дар бар мегирад, пешниҳоди Комиссияи Аврупоро дар соли 2017 оид ба таҳия намудани ваксинаҳои универсалӣ ва амалкунандаи зидди патогенҳо, аз ҷумла гурӯҳҳои коронавирусҳо, рад намуданд.

Он замон намояндагони ширкатҳои фармасевтӣ зарурати омода намудани чунин ваксинҳоро надиданд. Онҳо бар ин назар буданд, бар ивази омода намудани чунин ваксинҳо, беҳтараш барои бемориҳои музмин даво истеҳсол кунанд.

Ҳоло коршиносон дурустии афзалиятро зери шубҳа мегузоранд ва чунин мешуморанд, ки инсоният метавонист пешакӣ барои сар задани намуди нави коронавирус омодагӣ медид.

396
Барчаспҳо:
навор, маризӣ, омодагӣ, ҷаҳон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

"Бадахшон": намоҳанги нави Меҳрнигор ба забони шуғнонӣ, ки пас аз сабт ӯ бемор шуд - видео

2641
(Таҷдидшуда 13:35 26.05.2020)
Меҳрнигори Рустам сарояндаи ҷавону машҳури Тоҷикистон намоҳанги нави худро таҳти унвони "Бадахшон" пешкаши мухлисон кард

Овозхони номдори тоҷик Меҳрнигори Рустам намоҳанги нави худро дар шабакаи Youtube нашр кард. Матни суруд ба қалами рӯзноманигор Орзу Исоев тааллуқ дошта қисми аввали он ба забони шуғнонӣ иҷро шуда ва баъд ба забони тоҷикӣ идома мекунаду дар охир бо мадҳиясароӣ ва талаби шифо аз Худованд анҷом мепазирад.

Намоҳанг дар манзараҳои зебои Данғара ба навор гирифта шшудааст. Ин клипро сарояндаи ҷавон Некрӯз Ниёзов тамзим карда ва он таҳти мудирияти Сафаров Бахтовар омода шудааст.

Меҳрнигори Рустам барои омода карани ин намоҳанг ба сарояндаи машҳур писари маэстро Далер Назаров - Аброр Назаров изҳори сипос кардааст.

Пироҳанҳои пӯшидаи Меҳрнигор дар ин намоҳанг маҳсули дасти тарроҳони номӣ Хуршед Сатторов ва Нафиса Имронова мебошад. Дар намоҳанг гурӯҳи рақсии "Парасту" Меҳрнигорро ҳамроӣ мекунанд.

Меҳрнигор пештар дар барномаи "Ногуфтаҳо"-и Орзу Исоев дар бораи сабти ин намоҳангаш гуфт, авохири моҳи апрел барои сабти намоҳанг ба Данғара сафар карда буд ва пас аз як рӯз вазъи саломатиаш ногувор шуд.

"Маззаро эҳсос намекардам, беҳолӣ буд, овозам гирифт, биниям маҳкам шуд ҳарорат ҳам доштам", - гуфт Меҳрнигор ва афзуд, ки пизишкон ба ӯ ташхиси аллергия гузоштанд.

Меҳрнигор намоҳанги нави худро рӯзи 24 май дар остонаи Иди Фитр ҳамчун армуғон барои мухлисонаш пешкаш кард. То имрӯз ин намоҳангро беш аз 20 ҳазор кас боздид карда ва зиёда аз ҳазор ккорбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки барои ҷамоати исмоилии Бадахшон рӯзи 24 май рӯзи вижа аст.

Дар ин рӯз мардуми Бадахшони Тоҷикистон Рӯзи Нур ё дидорро таҷлил мекунанд. Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, ки дар замони шуравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоъилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Рӯзи Нур ё Дидор ҷашн мегиранд.

 

2641
Барчаспҳо:
Бадахшон, намоҳанги нав, Меҳрнигори Рустам
Свеча

Мотам дар хонаводаи Сатторовҳо, соҳибкорони хайрхоҳи тоҷик-акс

2621
Шамсулло Сатторов, яке аз бародарон Сатторовҳо, ки ахиран барои хайрашон ба табибони Ҳисор дар сархати расонаҳо қарор гирифта буданд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Раёсати ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск, аз марги Сатторов Шамсулло Ҳикматуллоевич, ки дар синни 47-солагӣ аз бемории саратон даргузашт, изҳори андуҳ кардааст.

Садбарг Боқиева, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ, дар бораи марги Сатторов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, ҳамдардии ҷамъияти тоҷикони Иркутскро ба хонаводааш баён доштааст.

Ахиран бародарон Сатторовҳо ба маркази саломатӣ дар Ҳисор 16500 кило орд, 1650 кило биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кило шакар, 1650 кило макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас кардаанд.

Бародарон Давронҷон, Баҳромҷон, Убайдулло, Рустамҷон, Шамсулло ва Суҳробшо Сатторовҳо - соҳибкорони тоҷик, зодаҳои шаҳри Ҳисор мебошанд, ки дар Русия ба соҳибкорӣ машғуланд.

Давронҷон Сатторов, яке аз шаш бародарон  дар пайи хайри охирашон изҳор дошта буд, ки  "ману бародаронам ятим калон шудем ва дар тарбияи модарамон  Хосиятбону Азизова, рӯҳаш шод бод, бузург шудем. Аз ин рӯ хуб медонам, ки кӯдакони ятим ба чӣ ниёз доранд ва қалби кӯчакашон чӣ мехоҳад".

2621
Барчаспҳо:
хайрхоҳӣ, Русия, Тоҷикистон