Навори садамаи мудҳиш дар Душанбе: ҳалокати ду тан ва ба қисмҳо ҷудо шудани худрав - видео

10125
Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз навори садамаи мудҳишеро нашр кардааст, ки ҷони ду ҷавонро гирифтааст

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 27-уми майи соли 2020 тақрибан соати 04:15 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" рақами қайди давлатиаш 4400 ОК 01 Абдуалимов Абумуталиб Беҳрӯзович, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Гулистон ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Садриддин Айнӣ ба самти маҳаллаи Ховарон дар назди бинои №1 кӯчаи Зебуниссо бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии маркази роҳ бархурдааст.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ду мусофири дохили автомашинаи мазкур, Алиев Абдураҳмон Асланбекович соли таваллудаш 2001 ва Назаров Сунатулло Муҳаммадович соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандагони ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Гулистон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин худи ронандаи автомашинаи мазкур Абдуалимов Абумуталиб ва мусофири дигараш Сиддиқов Мавлавӣ Маҳмадкабирович соли таваллдуаш 2001 истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Гулистон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки оид ба ҳолати мазкур таҳқиқ ҷараён дорад.

10125

Сӯхтор дар калисои қадимии асри XIX дар Томск- видео аз ҷои ҳодиса

67
(Таҷдидшуда 17:53 04.07.2020)
Калисои чӯбии қадимае дар шаҳри Томски Русия дар паи сӯхтор қариб пурра хокистар шуд. Оташнишонон тавонистанд гузаштани оташ ба дигар манотиқро пешгирӣ кунанд

Дар Русия яке аз қадимтарин калисоҳои кишвар нобуд шуд. Дар шаҳри Томск калисое, ки тақрибан 145 сол дошт пурра хокистар шуд. 

Бино ба гуфти шоҳидони ҳол сӯхтор дар паи раъду барқ оташ гирифтааст.

Ин калисо, ки яке аз қадимтарин бинои чӯбии ин минтақа буд, дар давоми як соат ба хок яксон шуд.

Ба вокуниши саривақтии оташнишонон нигоҳ накарда, калисо пурра ба коми оташ рафт. Наҷотдиҳандагон натавонистанд, ин бинои асри XIX - ро наҷот диҳанд.

Дар баробари ин хатари гузариши оташ ба дигар биноҳо низ вуҷуд дошт, ки бо қувваи оташнишонон ин хатар пурра бартараф карда шуд.

Дар паи сӯхтор, хушбахтона касе осеб надид.

67
Барчаспҳо:
сӯхтор, Томск

Аз меваю сабзавот то нону асал: Раҳмон аз ҳосили фаровони деҳқонон дидан кард - навор

170
(Таҷдидшуда 16:10 03.07.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз вилояти Суғд, аз натоиҷи заҳмати деҳқонони ин минтақа дидан намуд

Навор аз лаҳзаи боздиди кишвардори Тоҷикистон аз заминҳои кишт ва боғзорҳои Суғд дар сафҳаи Президент дар Фейсбук нашр шудааст.

Аз навор бар меояд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дидан намудан аз кори заҳматталаби деҳқонон ба заминҳои кишт ва боғзорҳо ташриф  овард.

Оғози сафари раисҷумҳур ба Суғд: Раҳмон дар Хистеварз беморхонаи “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ кард

Сарвари давлат дар ин навор бо деҳқонон сӯҳбатҳо ороста аз нақшаву ниятҳо ва ҳамзамон мушкилоти онҳо пурсон шудааст.

Дар навор заминҳои кишти помидор, ғаллаву ҷуворимакка нишон дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз заминҳое боздиди намуд, ки маҳсулоти он ба кишварҳои хориҷ содирот мешавад.

170
Барчаспҳо:
деҳқон, навор, Эмомалӣ Раҳмон, Суғд
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.

Омори охири гирифторӣ ва фавту шифо аз COVID-19 дар Эрон

0
(Таҷдидшуда 17:47 05.07.2020)
Вазорати беҳдошту дармони Эрон охирин омори марбути COVID-19 дар кишварро эълон намуд, ки бар асоси он то имрӯз 201 ҳазор нафар шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 2000 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 ва беҳбудии беш аз 201 000 нафар дар кишвар хабар дод.

Тибқи иттилои сомонаи “Парстудей”, Симо Содоти Лорӣ рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар хабар дод.

“Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 560 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1 295 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд”, - афзуд манбаъ.

Таъкид шуд, ки маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 240 438 нафар расидааст. Лорӣ ҳамчунин афзудаст, ки дар тӯли 24 соати гузашта 163 нафар аз беморони COVID-19 ҷони худро аз даст додаанд. Маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 11 571 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун 201 330 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

0