Низомиён Кохи сафедро иҳота карданд: Трампро чигуна муҳофизат мекунанд

534
(Таҷдидшуда 12:56 07.06.2020)
Тазоҳургарони зидди пулиси ИМА бо кормандони мақомоти қудратӣ, ки Кохи Сафедро муҳофизат мекунанд, даргир шуданд

Тазоҳургарон "Шармандагӣ" - гуфта дод мезаданд ва шиорҳои "Навбати ман?", "Ҳамин аст демократия?"-ро мебардоштанд. Онҳо кӯшиш мекарданд, низомиёнро ба даргирӣ водор созанд, вале онҳо худдорӣ мекарданд.

Пештар хабар дода шуд, ки ба ноҳияи Вашингтон 1,6 ҳазор низомӣ сафарбар карда шудааст, вале ба пойтахт на.

Бетартибиҳо дар ИМА ҳанӯз 25 май сар шуд. Ҳамон рӯз Ҷорҷ Флойд дар яке аз мағозаҳои Миннеаполис бо пули қалбакӣ харидорӣ мекард ва кассир пулисро ҷеғ зад. 

Кохи сафед дар паси деворҳои оҳанин: Трампро аз эътирозгарон паноҳ мекунанд - видео

Дар гузориши пулис навишта шуда, ки зимни боздошт гунаҳкор муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ нисбати ӯ қувва истифода шудааст. Аз ҷумла пулис ҳангоми бастани дастони ӯ бо зону ба гулӯяш такя кардааст. Флойд чанд маротиба гуфтааст, ки нафасам гирифт ва беҳуш шудааст. Пас аз чанде ӯ дар шуъбаи эҳёи беморхона ба ҳалокат расидааст.

Пас аз ҳалокати Флойд дар Миннеаполис ва баъдан дигар шаҳрҳои ИМА тазоҳурот оғоз шуд. 

Тазоҳургарон мошинҳоро месӯзонанд, мағозаҳоро ғорат мекунанд ва бо мақомоти пулис даргир мешаванд.

Тазоҳургарон талаб доранд, ки гунаҳкорони марги Флойд шиканҷа шаванд ва нобаробарии нажодӣ нисбати сиёҳпӯстон аз байн бардошта шавад.

Имрӯзҳо тазоҳурот дар ИМА зери шиори Black lives matter ("Ҳаёти сиёҳпӯстон муҳим аст") мегузарад.

Ҳамарӯза дар назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис садҳо нафар бо шиорҳои "Нафасам мегирад" ва "Адолат нест, оромӣ нест" ҷамъ мешаванд.

534
Барчаспҳо:
Доналд Трамп, муҳофизат, ИМА

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

129
(Таҷдидшуда 18:56 09.08.2020)
Бомбандози Русия СУ-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар манотиқи бетарафи Баҳри Сиёҳ, забт кард. Низомиёни Амрикоро Қувваҳои дифоъи ҳавоии Русия ошкор карданд ва ба ҳаво бархостанд

"Экипажи бомбандози Русия оҳиста -оҳиста ба ҳавопаймо наздик шуда, онҳоро чун ҳавопаймои ҷосусии - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" муайян кард. Нақзи марзи давлатии Федератсияи Русия аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико иҷозат дода намешавад", - гуфт Вазорати дифоъи Русия.

Ин дуюмин қазияи ҳавоӣ дар масири Баҳри Сиёҳ мебошад. Бори аввал СУ-27 - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" - ро ҳафтае пеш забт карда буд. Иғвогарӣ дар сарҳади Русия ҳамоно бештар мешавад.

Миёнаҳои моҳи июл бомбандозони Русия аз болои Баҳри Сиёҳ ду ҳавопаймои ҷосусӣ - боз ҳам ҳамон - Р 8А "Пасейдон" ва U-2S забт карданд.

Моҳи июн Қувваҳои ҳавоии Русия бомбандозони ИМА B-52H-ро забт карда буданд. Онҳоро ҳавопаймоҳои Су-30, Су-35 ва МиГ-31 ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи май халабонони Русия бомбандози ИМА B-1B - ро дар масири Баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик забт карда буданд.

Пас аз ҳар амали иғвогарона амрикоиҳо Русияро бидуни ҳеҷ далел, дар рафтори ношоям гунаҳкор мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия ин айбдориро беасос мехонанд ва қайд мекунанд, ки доим тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

Ин амалҳои иғвогарона авзоъи минтақаро муташанниҷ мегардонад. Вале бад шудани вазъият ва натиҷаҳои бебозгаштро танҳо бо касбияти халабонони Русия мешавад бартараф кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

129
Барчаспҳо:
халабон, ҳавопаймо, Русия

Таркиши мудҳиш дар Бейрут монеи маросимҳои издивоҷ гардид - навор

605
Таркиши мудҳише, ки дар Бейрут ба вуқӯъ пайваст нақшаи чандин ҷавононро барбод дод. Ҷуфтҳои хушбахт, ба хотири издивоҷ ба калисо омаданд, аммо таркиши шадид онҳоро ба висоли ҳам нарасонд

Пас аз таркиши мудҳиш дар Бейрут дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногун аз лаҳзаи таркиш мунташир мешуданд.

Ду наворе, ки аз лаҳзаи омодагӣ ба маросими издивоҷ дар замони таркиш ба шабакаҳо роҳ ёфт, сербинандатаринҳо гардиданд.

Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз таркиш дар Бейрут

Дар навор маълум аст, ки меҳмонон барои қисмат кардани хурсандии ду ҷавон ба калисо омаданд ва баробари аз дар даромадани арӯс таркиши мудҳиш сар мезанад. Тирезаҳои  калиса аз шиддати таркиш пора гардиданд ва арӯсу меҳмонон зуд толорро тарк намуданд.

Ҳамчунин як навори дигар аз аксбардории арӯс дар берун аз калиса мунташир шудааст, ки нозу каришмаи духтарро таркиши мудҳиш ба ваҳму ҳарос мубадал намуд.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

605
Барчаспҳо:
навор, таркиш, Бейрут