ВИДЕО: ҳавопаймоҳои ҷангии Русия "ба пешвоз"-и бомбаандозҳои Амрико баромаданд

469
Халабонҳои рус ҳавопаймоҳои Амрикоро, ки дар наздикии марзи Русия парвоз мекарданд, "пешвоз гирифтанд" ва гусел карданд

Хадамаи ҷангандаи Су-30, Су-35 и МиГ-31 аз таркиби қувваҳои навбатдори дифои зиддиҳавоии Минтақаи ҳарбии шарқии Русия ду бомбафкании қувваҳои ҳавоии Амрико B-52H-ро дар болои дарёи Охотск раҳгирӣ карданд.

Ҳавопаймоҳои низомии Русия бомбандозони Амрикоро давоми тамоми хатсайри онҳо дар наздикии марзи Русия ҳамроҳӣ карданд.

Вазорати дифои Русия мегӯяд, чархболҳои Амрико ҳангоми парвоз марзи Русияро нақз накарданд.

Бомбандозони стратегии амрикоии Boeing B-52 Stratofortress аз соли 1955 ба таркиби қувваҳои ҳавоии Амрико ворид мешаванд.

469

ИМА мехоҳад Русия ва Чинро барои сӯиистифода аз ҳуқуқи гетои СММ ҷазо диҳанд

118
(Таҷдидшуда 00:11 11.07.2020)
Америка эълон кард, ки Русия ва Чин аз ҳуқуқи ветои СММ сӯиистифода мекунанд ва бояд барои ин корашон ҷазо дода шаванд

Котиби давлатии ИМА бар ин назар аст, ки Русия ва Чин барои сӯиистифода аз ветои СММ бояд муҷозот шаванд.

Дар арафа қатъномаи ИМА дар бораи кӯмаки башардӯстона ба Сурия муҳокима карда шуд.

Белгия ва Олмон пешниҳод карданд, ки ду гузаргоҳи сарҳадӣ дар марзи Туркия ва Сурия гузошта шаванд, аммо Маскаву Пекин ба ин розӣ нашуданд.

Русия лоиҳаи қатъномаи худро дорад. Сабабҳои пинҳонии норозигии амрикоиҳо кадомҳоянд - дар навор бубинед.

118
Барчаспҳо:
СММ, ИМА, Чин, Русия

Филме, ки аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов қисса мекунад, нашр шуд - видео

449
(Таҷдидшуда 23:44 09.07.2020)
Шабакаи телевизионии Russia Today филмеро ба хотираи Абдулманап Нурмагомедов, падар ва мураббии қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагомедов пешкаш кард

Филми мазкур дар канали RT Sport YouTube нашр шуд.

Қайд карда мешавад, ки лаҳзаҳо аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи октябри соли 2019 барои қисмати панҷуми силсилафилми  ҳуҷҷатии "Доғистон: Замини ҷанговарон" ба навор гирифта шуда буд, аммо бо сабаби фавти мураббии номӣ, ин филм бидуни  рақам нашр шуд.

Ёдовар мешавем, Абдулманап Нурмуҳаммадов мураббии номӣ ва падари қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов рӯзи 3 - юми июл дар синни 57 - сола ҷаҳонро падруд гуфт.

Ҳузури Рамазон Қодиров дар маросими дафни Абдулманап ва сипосгузории Ҳабиб аз ӯ - навор

Абдулманап давоми беш аз 2 моҳ бо маризии коронавирус дар набард буд ва ахиран тавонист ин вирусро мағлуб кунад, аммо ба сактаи мағзи сар, ки ин маризӣ ӯро оварда расонд пирӯз шудан натавонист.

Рамазон Рабаданов дӯсти хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо таъкид намуда буд, ки пизишкон натавонистанд сактаи мағзи сари ӯро шифо бахшанд ва "ӯ ба ҳуш наомада ҷон бохт".

Абдулманап Нурмуҳаммадовро дар зодгоҳи ӯ деҳаи Кироваули Доғистон ба хок супурданд.

449
Барчаспҳо:
навор, филм
Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон

Ӯзбекистон дигарбора дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон баст

0
Ӯзбекистон дар робита ба авҷи маризии сироятии коронавирус то авоили моҳи август дари масҷидҳоро ба рӯи намозгузорон мебандад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон аз баста шудани тамоми масоҷиди ин кишвар то авоили август хабар дод, хабар медиҳад "Парс тудей".

Бар хабари манбаъ, идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон дар сайти худ афзуд: Манӯият аз таърихи 10 июл сарфи назар аз ин, ки устон дар минтақаи "сабз" ва ё "қирмиз" қарор дорад, иҷроӣ мешавад.

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

Пештар комиссияи вижаи мубориза бо коронавирус тасмим гирифта буд, маҳдудиятҳои карантин дар ин кишварро дар бурҳаи замони ёдшуда ташдид кунад.

Гуфтанӣ аст, ниҳодҳои динии Ӯзбекитсон 8 июни соли 2020 мелодӣ дар манотиқи "сабз"-и ин кишвар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ (пӯшидани иҷбории ниқоб) ва ҳамчунин доштани фосилаи иҷтимоӣ муҷаддадан оғоз ба фаъолият карда буданд.

0
Барчаспҳо:
намоз, баста, масҷид, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон