Нахустин тарабхона дар болои дарахт ба қабули мизоҷон пардохт - навор

887
(Таҷдидшуда 13:28 21.06.2020)
Дар Италия пас аз бекор кардани маҳдудиятҳо бобати авҷи коронавирус, нахустин тарабхона дар болои дарахт ба фаъолият шурӯъ кард

Чунин тарабхона бемисл аст. Танҳо дар Италия шаҳрвандон ва меҳмонон болои дарахт баромада хӯрок тановул мекунанд.

Дар ин тарабхона, мизоҷон бо пешхизматҳо қариб дар тамос намешаванд.

Меҳмонон тариқи ратсия хӯрокашонро фармоиш медиҳанд. Чун омода шуд, пешхизмат онро тавассути лифт - табақ ба мизоҷон ирсол мекунад.

Зикр мегардад, ки масъулони тарабхонаи мазкур риояи фосилаи иҷтимоиро ба назар гирифтаанд.

887
Барчаспҳо:
дарахтон, ресторан, навор, Италия

Норак - як гӯшаи биҳиштии Тоҷикистон: навор

208
Сафорати Тоҷикистон дар Русия навори табиати зебои Норакро нашр кардааст. Норак, як гӯшаи дигари зебоманзари Тоҷикистон аст

Норак дар рӯди Вахш, дар 70 километрии ҷанубу шарқии Душанбе ҷойгир аст. Ин мавзеъ соли 1960 баробари сохтани нерӯгоҳи Норак ба минтақаи аҳолинишини зебое табдил гашт.

Сайёҳон мегӯянд, вақте вориди шаҳри Норак мешаванд, гӯё ба Иттиҳоди Шӯравӣ бармегарданд. Яке аз маконҳои дидании Норак, обанбори Норак аст.

Обанбор бо роҳи сунъӣ дар рӯди Вахш дар ҳудуди минтақаи Норак ташкил шуда буд. Сатҳи обанбор наздики 53 метр буда, он маҷрои рӯди Вахшро танзим мекунад.

Масоҳати кӯл 98 километри квадратиро ташкил медиҳад. Он бо оби ошомиданӣ пур аст, ки манбааш тоҷи яхини ҷовидони Помир аст.

Зебогии бештари кӯл ҳангоми заврақронӣ дар он ошкор мешавад. Ҳавои он хело тоза ва роҳатбахш аст.

Обанбори Норак пеш аз сарбанди нерӯгоҳ ҷойгир аст. Баландии сарбанди он 304 метр буда, ҳамчун баландтарин сарбанд ба китоби рекорҳои Гиннес ворид шудааст.

208

Петр Ян қаҳрамони UFC шуд - навори рақобат ва нокаути Алдо

439
(Таҷдидшуда 14:46 12.07.2020)
Варзишкори рус Петр Ян дар вазни сабук дар қаҳрамонии UFC рақибаш Жозе Алдоро мағлуб кард. Навори рақобат ва нокаути Алдоро дар навори зер тамошо кунед

Рақобати варзишкори рус Петр Ян ва рақиби бразилиягиаш Жозе Алдо дар доираи барномаи UFC 251 дар Абу-Дабӣ баргузор шуд.

Қаҳрамонии Ян ва Алдо то бахши панҷуми рақобат дароз кашид.

Дар бахши аввал рақобат шиддат гирифт. Дар навор дида мешавад, ки ҳар варзишкор ташаббусро ба дасти худ гирифта муштҳои оҳинин ба сӯи рақибаш мефиристад.

Дар бахши сеюм Ян бештар фаъол шуд. Аз навор дида мешавад, ки Алдо худро аз даст дода муштҳои бе нишон мезанад.

Дар бахши охирон Ян Алдоро муштборон мекунад ва ӯ бар замин меафтад.

Ян соли 2018 ба UFC пайваст. Рақобат бо Жозе Алдо дар фаъолияташ ҳафтумин рақобат шуд.

Дар давоми фаъолияти варзишиаш Ян боре ҳам мағлуб нашудааст.

Рақибе, ки рафтори инсонӣ кард: Конор ба Ҳабиб ҳамдардӣ баён кард

Рақобат бидуни тамошобин дар ҷазираи Яс, дар макони вижае, ки махсусан барои рақобатҳои UFC сохта шудааст, баргузор гардид.

439
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, нокаут, Ҷаҳон
Руки в наручниках, архивное фото

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Оренбург: 23 сол дар ҷустуҷӯ буд

0
(Таҷдидшуда 15:25 14.07.2020)
Дар вилояти Оренбург ҷинояткоре аз Тоҷикистон боздошт шудааст, ки беш аз 20 сол дар ҷустуҷӯи мақомот қарор дошт

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар Орск ба ҷурми куштор боздошт шуд, хабар медиҳад РВКД дар вилояти Оренбург.

Қайд мешавад, ки шаҳрванди 42-солаи Тоҷикистон барои куштори чанд нафар аз ҷониби ВКД Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шудааст.

Ҷинояткор дар паи баргузории корҳои оперативии ҷустуҷӯӣ боздошт шудааст.

Ҳамсарро кушту хушдоманро захмӣ кард: додгоҳи Хатлон ҳукми Рамазони 27 соларо содир намуд

Дар паи санҷиш муълум шуда, ки боздоштшуда соли 1997 дар куштори чанд кас даст доштааст. Ҷинояткор дар давоми 23 сол дар ҷустуҷӯ қарор доштааст.

Шаҳрванди Тоҷикистонро бидуни истифодаи силоҳ дастгир кардаанд.

Ишқи ноком: ҷузъиёти қатли ошиқ ва ҳукми зиндони падари Дилафрӯз

Ӯро ба муддати як сол аз озодӣ маҳрум карда ва ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд кард.

0
Барчаспҳо:
боздошт, шаҳрванд, Русия