(85:35 / 1419.73Mb / просмотров видео: 1592)

Гузашти низомии таърихӣ дар Майдони Сурх анҷом ёфт

581
(Таҷдидшуда 13:43 24.06.2020)
Мақомоти Русия бо назардошти пандемияи коронавирус гузашти низомӣ бахшида ба 75-солгарди пирузӣ бар Олмони фашистиро, ки ҳамасола рӯзи 9-уми май таҷлил мешуд, санаи 24-уми июн баргузор намуд

Гузашти низомӣ яке аз рукнҳои асосии таҷлили Рӯзи Ғалаба маҳсуб ёфта, ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Имсол ба хотири пандемияи коронавирус гузашти низомӣ бахшида ба 75-солгарди пирузӣ бар Олмони фашистиро, ки ҳамасола рӯзи 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Москва таҷлил мекарданд, санаи 24-уми июн баргузор шуд.

24 июн ҳамчун рӯзи асосии баргузории гузашти низомӣ бахшида ба Пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар ҳоли баррасӣ аст. Маҳз 24 июни соли 1945 бори аввал бахшида ба пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ гузашти низомӣ баргузор шуда буд.

Мисли анъана дар анҷоми гузашти низомӣ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳам дар ин маросими солона ширкат карда, сӯҳбату табрикоти худро ба кулли мардум ва куҳансарбозон расонд.

Бояд қайд кард, ки як воҳиди сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар гузашти низоми бахшида ба Рӯзи Ғалаба, ки рӯзи 24 июн дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, иштирок доштанд.

Ба ин воҳиди сарбозону афсарони тоҷик, ки ба гузашти ифтихорӣ дар Майдони Сурх шарафёб гардидаанд, намояндагони қувваҳои хушкигард, неруҳои зудамал, неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ шомиланд.

Ёдрас мешавем, ки дар ин гузашти низоми, ки дар даврони пас аз пандемияи коронавирус баргузор шуд, беш аз 13 ҳазор неруи низомӣ, 216 таҷҳизоти низомӣ ва 75 ҳавопаймои мухталиф дар маросими имсол ширкат доранд. Инчунин дар ин гузашти низомӣ низомиёни 13 кишвари мухталиф низ иштирок доранд.

Дар ин чорабинии тантанавӣ роҳбарони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур доштанд.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

581
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, паради ҳарбӣ, Маскав

Норак - як гӯшаи биҳиштии Тоҷикистон: навор

205
Сафорати Тоҷикистон дар Русия навори табиати зебои Норакро нашр кардааст. Норак, як гӯшаи дигари зебоманзари Тоҷикистон аст

Норак дар рӯди Вахш, дар 70 километрии ҷанубу шарқии Душанбе ҷойгир аст. Ин мавзеъ соли 1960 баробари сохтани нерӯгоҳи Норак ба минтақаи аҳолинишини зебое табдил гашт.

Сайёҳон мегӯянд, вақте вориди шаҳри Норак мешаванд, гӯё ба Иттиҳоди Шӯравӣ бармегарданд. Яке аз маконҳои дидании Норак, обанбори Норак аст.

Обанбор бо роҳи сунъӣ дар рӯди Вахш дар ҳудуди минтақаи Норак ташкил шуда буд. Сатҳи обанбор наздики 53 метр буда, он маҷрои рӯди Вахшро танзим мекунад.

Масоҳати кӯл 98 километри квадратиро ташкил медиҳад. Он бо оби ошомиданӣ пур аст, ки манбааш тоҷи яхини ҷовидони Помир аст.

Зебогии бештари кӯл ҳангоми заврақронӣ дар он ошкор мешавад. Ҳавои он хело тоза ва роҳатбахш аст.

Обанбори Норак пеш аз сарбанди нерӯгоҳ ҷойгир аст. Баландии сарбанди он 304 метр буда, ҳамчун баландтарин сарбанд ба китоби рекорҳои Гиннес ворид шудааст.

205

Петр Ян қаҳрамони UFC шуд - навори рақобат ва нокаути Алдо

431
(Таҷдидшуда 14:46 12.07.2020)
Варзишкори рус Петр Ян дар вазни сабук дар қаҳрамонии UFC рақибаш Жозе Алдоро мағлуб кард. Навори рақобат ва нокаути Алдоро дар навори зер тамошо кунед

Рақобати варзишкори рус Петр Ян ва рақиби бразилиягиаш Жозе Алдо дар доираи барномаи UFC 251 дар Абу-Дабӣ баргузор шуд.

Қаҳрамонии Ян ва Алдо то бахши панҷуми рақобат дароз кашид.

Дар бахши аввал рақобат шиддат гирифт. Дар навор дида мешавад, ки ҳар варзишкор ташаббусро ба дасти худ гирифта муштҳои оҳинин ба сӯи рақибаш мефиристад.

Дар бахши сеюм Ян бештар фаъол шуд. Аз навор дида мешавад, ки Алдо худро аз даст дода муштҳои бе нишон мезанад.

Дар бахши охирон Ян Алдоро муштборон мекунад ва ӯ бар замин меафтад.

Ян соли 2018 ба UFC пайваст. Рақобат бо Жозе Алдо дар фаъолияташ ҳафтумин рақобат шуд.

Дар давоми фаъолияти варзишиаш Ян боре ҳам мағлуб нашудааст.

Рақибе, ки рафтори инсонӣ кард: Конор ба Ҳабиб ҳамдардӣ баён кард

Рақобат бидуни тамошобин дар ҷазираи Яс, дар макони вижае, ки махсусан барои рақобатҳои UFC сохта шудааст, баргузор гардид.

431
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, нокаут, Ҷаҳон
Юсуф Рахмонов на пресс-конференции Генеральной прокуратуры РТ

Юсуф Раҳмон: “Тафтиши парвандаи “Хӯҷа - Командир” ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст”

0
(Таҷдидшуда 13:38 14.07.2020)
Парвандаи Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба “Хӯҷа - Командир”, ки ҳанӯз моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе интиқол ёфта буд, ҳамоно дар дасти тафтишот аст ва ниҳоӣ нашудааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, парвандаи ҷиноӣ нисбати Хӯҷа Каримов дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

“Парванда ҳанӯз такмил нашудааст. Пас аз анҷоми тафтишот ба суд ирсол хоҳад шуд”, - кӯтоҳ посух дод Юсуф Раҳмон.

 Парванда алайҳи Хӯҷа Каримов ё “Хӯҷа-Командир” ҳанӯз соли 2008 оғоз шудааст. Ӯ бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон муттаҳам мешуд ва дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ноҳияи Ғозималики собиқ (ҳоло Хуросон) ва навоҳии атрофи онро таҳти назорат дошт.

 Маҳз дар ин айём гурӯҳи мусуллаҳи ӯ даст ба ҷиноятҳои зиёд, аз қабили куштор, сирқати амвол, одамрабоӣ ва ғайра мезанад, ки ҳукумати марказиро ба ташвиш меорад ва соли 1998 ӯро дар толори Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Каримов узваш буд, боздошт мекунанд. Аммо дере нагузашта ӯ раҳо шуд ва соли 2001 бо истифода аз нуфузи пуштибонҳои қавии худ аз пайгарди қонун ба хориҷ аз Тоҷикистон фирор кард.

Бино ба хабарҳои мухталиф, ӯ дар Малайзия сукунат ихтиёр карда буд. 30 июли соли гузашта Хӯҷа ва муҳофизу мураббии русашро мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай бо талаби мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд, аммо ба шарти берун нарафтан аз манзил раҳо карданд.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Хӯҷа Командир дар Дубай чандин хона дорад ва ӯро борҳо дар Дубайу Шарҷа ва шаҳрҳои дигари Имороти Муттаҳидаи Араб дида буданд.

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе истирдод ва тафтиши парвандаашро оғоз карданд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов эълон кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

0
Барчаспҳо:
марҳилаи ниҳоӣ, тафтиши парванда, Юсуф Раҳмон, додситони кулл, Прокурори генералӣ, Тоҷикистон