(0:00 / .00Mb / просмотров видео: 1)

Зиёфати расмӣ дар Кремл: Путин роҳбарони кишварҳои хориҷиро пазироӣ кард - навор

378
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин роҳбарони кишварҳои хориҷиро, ки дар гузашти низомӣ бахшида ба 75-умин солагарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Маскав иштирок доштанд, дар як даъвати расмӣ пазироӣ кард

Дар шаҳри Маскав дар Майдони Сурх гузашти низомӣ бахшида ба 75-умин солагарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуд.

Баъд аз гузашти низомӣ ва гузоштани гулчанбар ба қабри сорбози номаълум, Владимир Путин, президенти Русия роҳбарони кишварҳои хориҷиро ба як даъвати расмӣ дар Қасри бузурги Кремлин пазироӣ кард.

Инчунин санаи 24 июн роҳбари давлат дар маросими супоридани ҷоизаҳои давлатӣ барои саҳм дар рушди илму технология, адабиёт ва ҳунар иштирок хоҳад кард.

378
Барчаспҳо:
Рӯзи ғалаба, Маскав, гузашти низомӣ, пазироӣ, Путин

Сӯхтор дар калисои қадимии асри XIX дар Томск- видео аз ҷои ҳодиса

35
(Таҷдидшуда 17:53 04.07.2020)
Калисои чӯбии қадимае дар шаҳри Томски Русия дар паи сӯхтор қариб пурра хокистар шуд. Оташнишонон тавонистанд гузаштани оташ ба дигар манотиқро пешгирӣ кунанд

Дар Русия яке аз қадимтарин калисоҳои кишвар нобуд шуд. Дар шаҳри Томск калисое, ки тақрибан 145 сол дошт пурра хокистар шуд. 

Бино ба гуфти шоҳидони ҳол сӯхтор дар паи раъду барқ оташ гирифтааст.

Ин калисо, ки яке аз қадимтарин бинои чӯбии ин минтақа буд, дар давоми як соат ба хок яксон шуд.

Ба вокуниши саривақтии оташнишонон нигоҳ накарда, калисо пурра ба коми оташ рафт. Наҷотдиҳандагон натавонистанд, ин бинои асри XIX - ро наҷот диҳанд.

Дар баробари ин хатари гузариши оташ ба дигар биноҳо низ вуҷуд дошт, ки бо қувваи оташнишонон ин хатар пурра бартараф карда шуд.

Дар паи сӯхтор, хушбахтона касе осеб надид.

35
Барчаспҳо:
сӯхтор, Томск

Аз меваю сабзавот то нону асал: Раҳмон аз ҳосили фаровони деҳқонон дидан кард - навор

149
(Таҷдидшуда 16:10 03.07.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз вилояти Суғд, аз натоиҷи заҳмати деҳқонони ин минтақа дидан намуд

Навор аз лаҳзаи боздиди кишвардори Тоҷикистон аз заминҳои кишт ва боғзорҳои Суғд дар сафҳаи Президент дар Фейсбук нашр шудааст.

Аз навор бар меояд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дидан намудан аз кори заҳматталаби деҳқонон ба заминҳои кишт ва боғзорҳо ташриф  овард.

Оғози сафари раисҷумҳур ба Суғд: Раҳмон дар Хистеварз беморхонаи “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ кард

Сарвари давлат дар ин навор бо деҳқонон сӯҳбатҳо ороста аз нақшаву ниятҳо ва ҳамзамон мушкилоти онҳо пурсон шудааст.

Дар навор заминҳои кишти помидор, ғаллаву ҷуворимакка нишон дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз заминҳое боздиди намуд, ки маҳсулоти он ба кишварҳои хориҷ содирот мешавад.

149
Барчаспҳо:
деҳқон, навор, Эмомалӣ Раҳмон, Суғд

Бозорҳои Тоҷикистон дар давраи ҳамагирии COVID - 19: гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 20:08 04.07.2020)
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
  • Бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
  • Муштариён дар бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
Зиндагии мардуми Тоҷикистон бо тадриҷ ба шакли маъмулӣ бозмегардад. Фаъолияти бозорҳои кишварро дар замони ҳамагирии COVID - 19 дар гузориши Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

Дар дари даромади бозор ҳарорати бадани ҳар як муштарӣ санҷида мешавад.

Маъмулан дар назди даромади бозорҳо "кунҷи беҳдоштӣ" ташкил шудааст.

Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

“Корвон” боз баста мешавад? – шарҳи мақомот

Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

Зиёда аз ин ҳамаи бозорҳои бузурги кишварро кормандони мақомот ҳамарӯза тафтиш мекунанд.

0
  • Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад
    © Sputnik / Амир Исаев

    Посбон дар бозори Меҳргон ҳарорати бадани муштариёнро месанҷад.

  • Аробакашон дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Аробакашон дар бозори Меҳргон.

  • Бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Бозори Меҳргон имрӯзҳо боз пур аз муштарӣ аст.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Ҳамаи фурӯшандагон низ бо ниқоб ҳастанд.

  • Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд.
    © Sputnik / Амир Исаев

    Кормандони мақомот ҳарорати бадани муштариёнро месанҷанд. Ҳамаи рафҳои савдо ҳамарӯза безарар гардонида мешаванд.

  • Меваҳо дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳо дар бозори Меҳргон. Рафъҳо аз меваҳои мавсимӣ пур шудааст.

  • Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Меваҳои қоқ дар бозори Меҳргон.

  • Фурӯшанда дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшанда дар бозори Меҳргон. Бозорҳои Тоҷикистон имрӯзҳо бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз карданд. 

  • Муштариён дар бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Муштариён дар бозори Меҳргон. Бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мумкин нест, танҳо барои кӯдакон ин қоида истисно мешавад.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Фурӯшандагон низ ҳатман ниқоб мепӯшанд.

  • Фурӯшандаи бозори Меҳргон
    © Sputnik / Амир Исаев

    Фурӯшандаи бозори Меҳргон. Барои фурӯшандагон низ пӯшидани ниқоб ҳатмӣ мебошад.

Барчаспҳо:
вируси нав, фаъолият, бозор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон