Раҳмон дар Кремл: аз дастфишорӣ бо Путин то гулчанбаргузорӣ дар бари Мирзиёев - видео

1818
(Таҷдидшуда 19:20 24.06.2020)
Раисҷумҳури барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба бо сафари корӣ ба шаҳри Москваи Русия ташриф овард

Роҳбари Тоҷикистон шоми дирӯз бо сафари расмӣ вориди шаҳри Маскав шуд. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Кохи Кремлин омад то Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намояд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонр дар Кохи Кремлин Президенти Русия Владимир Путин пешвоз гирифт.

Сипас аксгирии якҷояи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишвари ҷаҳон ва роҳбарону намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ки барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Ғалаба ба шаҳри Москва ташриф оварданд, баргузор гардид.

Пеш аз гузашти низомӣ дар Майдони Сурх Эмомалӣ Раҳмон шахсан аз куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ истиқбол гирифт.

Дар як наворе дида мешавад, ки роҳбари Тоҷикистон ба думболи Путин вориди майдон мешавад ва аз куҳансарбозони нишаста истиқбол мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон назди ҳар як куҳансарбоз рафта дасти онҳоро фишор медиҳад. Дар навор дида мешавад, ки ӯ ҳатто бо баъзе аз куҳансарбозон гуфтугӯ мекунад.

Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он 15 ҳазор низомӣ иштирок намуданд.

1818

Норак - як гӯшаи биҳиштии Тоҷикистон: навор

173
Сафорати Тоҷикистон дар Русия навори табиати зебои Норакро нашр кардааст. Норак, як гӯшаи дигари зебоманзари Тоҷикистон аст

Норак дар рӯди Вахш, дар 70 километрии ҷанубу шарқии Душанбе ҷойгир аст. Ин мавзеъ соли 1960 баробари сохтани нерӯгоҳи Норак ба минтақаи аҳолинишини зебое табдил гашт.

Сайёҳон мегӯянд, вақте вориди шаҳри Норак мешаванд, гӯё ба Иттиҳоди Шӯравӣ бармегарданд. Яке аз маконҳои дидании Норак, обанбори Норак аст.

Обанбор бо роҳи сунъӣ дар рӯди Вахш дар ҳудуди минтақаи Норак ташкил шуда буд. Сатҳи обанбор наздики 53 метр буда, он маҷрои рӯди Вахшро танзим мекунад.

Масоҳати кӯл 98 километри квадратиро ташкил медиҳад. Он бо оби ошомиданӣ пур аст, ки манбааш тоҷи яхини ҷовидони Помир аст.

Зебогии бештари кӯл ҳангоми заврақронӣ дар он ошкор мешавад. Ҳавои он хело тоза ва роҳатбахш аст.

Обанбори Норак пеш аз сарбанди нерӯгоҳ ҷойгир аст. Баландии сарбанди он 304 метр буда, ҳамчун баландтарин сарбанд ба китоби рекорҳои Гиннес ворид шудааст.

173

Петр Ян қаҳрамони UFC шуд - навори рақобат ва нокаути Алдо

378
(Таҷдидшуда 14:46 12.07.2020)
Варзишкори рус Петр Ян дар вазни сабук дар қаҳрамонии UFC рақибаш Жозе Алдоро мағлуб кард. Навори рақобат ва нокаути Алдоро дар навори зер тамошо кунед

Рақобати варзишкори рус Петр Ян ва рақиби бразилиягиаш Жозе Алдо дар доираи барномаи UFC 251 дар Абу-Дабӣ баргузор шуд.

Қаҳрамонии Ян ва Алдо то бахши панҷуми рақобат дароз кашид.

Дар бахши аввал рақобат шиддат гирифт. Дар навор дида мешавад, ки ҳар варзишкор ташаббусро ба дасти худ гирифта муштҳои оҳинин ба сӯи рақибаш мефиристад.

Дар бахши сеюм Ян бештар фаъол шуд. Аз навор дида мешавад, ки Алдо худро аз даст дода муштҳои бе нишон мезанад.

Дар бахши охирон Ян Алдоро муштборон мекунад ва ӯ бар замин меафтад.

Ян соли 2018 ба UFC пайваст. Рақобат бо Жозе Алдо дар фаъолияташ ҳафтумин рақобат шуд.

Дар давоми фаъолияти варзишиаш Ян боре ҳам мағлуб нашудааст.

Рақибе, ки рафтори инсонӣ кард: Конор ба Ҳабиб ҳамдардӣ баён кард

Рақобат бидуни тамошобин дар ҷазираи Яс, дар макони вижае, ки махсусан барои рақобатҳои UFC сохта шудааст, баргузор гардид.

378
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, нокаут, Ҷаҳон
Здание администрации города Хорог, архивное фото

Ниқоб пӯшеду фосиларо нигоҳ доред: идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Бадахшон

0
(Таҷдидшуда 15:54 13.07.2020)
"Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" барои пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар байни аҳолӣ  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд, хабар медиҳад агентии Ховар.

Ба иттилои манбаъ, чунин як чорабинии оммафаҳмонӣ аз ҷониби кормандони ин муассиса дар ВМКБ гузаронида шуд.

Зимни вохурӣ аз сокинони ин вилоят даъват ба амал оварданд, ки аснои сайругашт дар кӯчаҳо ҳатман ниқоби тиббӣ пӯшанд ва ҳамзамон фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Дастури президент: Ширин Исматуллозода ба ВМКБ сафар кард

Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби мутахассисони марказҳои ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ доир гардида истодаанд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш, баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва табобати он ширкати "Хрустал"  ба  муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  кумаки навбатӣ расонид, ки он аз  либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ ва доруворӣ иборат мебошад.

Даргузашти шоира Гулнисои Ризвоншо

Сардори раёсати тандурустии  вилоят Фарид Музаффаров гуфт, ки ин ширкат ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисеркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддисептикию доруворӣ  тақдим  намудааст.

Ба изҳори ӯ, ҳамаи ин маводҳо дар анборхона захира карда мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд.

0
Барчаспҳо:
корҳои фаҳмондадиҳӣ, Бадахшон