Паради таърихие, ки дуюм бор доир шуд: Гузашти низомӣ дар Маскав чигуна сурат гирифт-навор

268
(Таҷдидшуда 12:19 25.06.2020)
Дар Маскав ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пирӯзӣ бар фашизм гузашти низомӣ доир гашт

Дар маросими тантанавӣ қариб 15 ҳазор низомӣ ва зиёда аз 200 адад техникаи ҳарбӣ иштирок карданд.

Имсол паради ҳарбӣ 24 июн баргузор гашт, ки рамзӣ мебошад, зеро дар ҳамин рӯз, соли 1945 паради таърихии ғолибони ҷанг баргузор шуда буд.

Дар гузашти низомии имсола сарони кишварҳои пасошӯравӣ ва меҳмонон аз давлатҳои дигар ҳузур доштанд.

Якҷоя бо ҷузъу томҳои Русия сарбозони ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ - Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Узбакистон дар майдони Сурх раҳпаймоӣ карданд.

Президенти Русия Владимир Путин дар сухани ифтитоҳии худ зимни оғози гузашти низомӣ бори дигар нақши тамоми мардуми советиро дар ғалаба бар фашизм ёдовар шуд.

Маросими тантанавӣ бо намоиши анъанавии воҳиди ҳавоӣ бо иштироки авиатсияи Русия ба охир расид.

Пас аз анҷоми маросим, Владимир Путин ҳамроҳи меҳмонони ба хотираи сарбозони ҳалокшуда дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҳтиром гузошта, дар назди қабри Аскари номаълум гул гузошт.

268
Барчаспҳо:
фашизм, ғолиб, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аскарон, паради низомӣ, Москва, Русия

Сӯхтор дар калисои қадимии асри XIX дар Томск- видео аз ҷои ҳодиса

102
(Таҷдидшуда 17:53 04.07.2020)
Калисои чӯбии қадимае дар шаҳри Томски Русия дар паи сӯхтор қариб пурра хокистар шуд. Оташнишонон тавонистанд гузаштани оташ ба дигар манотиқро пешгирӣ кунанд

Дар Русия яке аз қадимтарин калисоҳои кишвар нобуд шуд. Дар шаҳри Томск калисое, ки тақрибан 145 сол дошт пурра хокистар шуд. 

Бино ба гуфти шоҳидони ҳол сӯхтор дар паи раъду барқ оташ гирифтааст.

Ин калисо, ки яке аз қадимтарин бинои чӯбии ин минтақа буд, дар давоми як соат ба хок яксон шуд.

Ба вокуниши саривақтии оташнишонон нигоҳ накарда, калисо пурра ба коми оташ рафт. Наҷотдиҳандагон натавонистанд, ин бинои асри XIX - ро наҷот диҳанд.

Дар баробари ин хатари гузариши оташ ба дигар биноҳо низ вуҷуд дошт, ки бо қувваи оташнишонон ин хатар пурра бартараф карда шуд.

Дар паи сӯхтор, хушбахтона касе осеб надид.

102
Барчаспҳо:
сӯхтор, Томск

Аз меваю сабзавот то нону асал: Раҳмон аз ҳосили фаровони деҳқонон дидан кард - навор

209
(Таҷдидшуда 16:10 03.07.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз вилояти Суғд, аз натоиҷи заҳмати деҳқонони ин минтақа дидан намуд

Навор аз лаҳзаи боздиди кишвардори Тоҷикистон аз заминҳои кишт ва боғзорҳои Суғд дар сафҳаи Президент дар Фейсбук нашр шудааст.

Аз навор бар меояд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дидан намудан аз кори заҳматталаби деҳқонон ба заминҳои кишт ва боғзорҳо ташриф  овард.

Оғози сафари раисҷумҳур ба Суғд: Раҳмон дар Хистеварз беморхонаи “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ кард

Сарвари давлат дар ин навор бо деҳқонон сӯҳбатҳо ороста аз нақшаву ниятҳо ва ҳамзамон мушкилоти онҳо пурсон шудааст.

Дар навор заминҳои кишти помидор, ғаллаву ҷуворимакка нишон дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз заминҳое боздиди намуд, ки маҳсулоти он ба кишварҳои хориҷ содирот мешавад.

209
Барчаспҳо:
деҳқон, навор, Эмомалӣ Раҳмон, Суғд

Ташрифи ҳайати СҶБ ба Туркманистон, кишваре, ки худро озод аз COVID-19 медонад

0
(Таҷдидшуда 11:44 07.07.2020)
Ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт оилд ба масоили коронавирус рӯзи гузашта вориди Туркманистон гардид Ханс Клюге, раҳбари Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо дар Твиттераш дар ин бора хабар додааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ду рӯз пеш Катерине Смоллвуд,  намояндаи Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо оид ба ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки ҳайати созмон баҳри ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар робита ба омодагӣ ва пешгирии коронавирус Туркманистон мераванд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони СҶБ тули 10 рӯз дар ин кишвар хоҳанд монд.

Гуфта мешавад ин муддат, намояндагони ТУТ бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ мулоқот намуда, кори муштаракро оид ба арзёбии хатар ва таҳияи механизмҳои вокуниш ба COVID-19 баррасӣ менамояд.

Ҳамчунин, ҳайати коршиносон аз муассисаҳои тиббӣ, марказҳои саломатии давлатӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ва нуқтаҳои даромадгоҳӣ дидан хоҳанд кад.

Қаблан вазири умури хориҷаи Туркманистон Рашид Мередов дар рафти нишасти матбуотие изҳор дошт, ки ҷумҳурӣ омода аст ҳайати СУТ-ро аввалҳои моҳи июл пешвоз гирад.

СҶБ ба ваксинаи Русия алайҳи коронавирус эътимод дорад ва пешниҳоди ҳамкорӣ намуд

Мередов дар ҳамин нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки то ҳол Туркманистон ба кишварҳое шомил мешавад, ки бо коронавирус рӯ ба рӯ нашудааст.

Ӯ далоили набудани коронаро на  саривақт бастани марз, балки рушди низоми тандурустӣ гуфтааст. 

 

 

0