(1:36 / 12.55Mb / просмотров видео: 1448)

Овоздиҳӣ дар Тоҷикистон барои тағйири конститутсияи Русия- видео

149
(Таҷдидшуда 17:50 26.06.2020)
Низомиёни пойгоҳи рақами 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба овоздиҳӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба сарқонуни кишвар, оғоз карданд

Низомиёни рус ва аъзои хонаводаашон, ҳамчунин дигар шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба овоздиҳӣ барои ворид кардани иловаҳо ба конститутсия шурӯъ карданд.

Барои овоздиҳӣ дар шаҳри Душанбе ду ҳавза ва дар шаҳри Бохтар як ҳавза омода шудааст.

Ҳар як ҳавза бо озмоишгоҳи тиббӣ ва маводҳои зиддиуфунӣ таъмин аст. Дар дари даромад, ҳарорати бадани ҳар овоздиҳанда санҷида мешавад ва дастонаш бо маҳлул безарар гардонида мешавад.

Пеш аз маросими овоздиҳӣ ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ безарар гардонида шуда буданд.

Путин рӯзи нави овоздиҳӣ барои ислоҳи конститутсияро эълон кард

Ба хотири ҷамъ нашудани шумораи зиёди мардум, овоздиҳӣ аз 25 июн то 1 июл ҳар рӯз идома хоҳад кард.

149
Барчаспҳо:
ислоҳия, Конститутсия, овоздиҳӣ, Русия, Тоҷикистон

Норак - як гӯшаи биҳиштии Тоҷикистон: навор

206
Сафорати Тоҷикистон дар Русия навори табиати зебои Норакро нашр кардааст. Норак, як гӯшаи дигари зебоманзари Тоҷикистон аст

Норак дар рӯди Вахш, дар 70 километрии ҷанубу шарқии Душанбе ҷойгир аст. Ин мавзеъ соли 1960 баробари сохтани нерӯгоҳи Норак ба минтақаи аҳолинишини зебое табдил гашт.

Сайёҳон мегӯянд, вақте вориди шаҳри Норак мешаванд, гӯё ба Иттиҳоди Шӯравӣ бармегарданд. Яке аз маконҳои дидании Норак, обанбори Норак аст.

Обанбор бо роҳи сунъӣ дар рӯди Вахш дар ҳудуди минтақаи Норак ташкил шуда буд. Сатҳи обанбор наздики 53 метр буда, он маҷрои рӯди Вахшро танзим мекунад.

Масоҳати кӯл 98 километри квадратиро ташкил медиҳад. Он бо оби ошомиданӣ пур аст, ки манбааш тоҷи яхини ҷовидони Помир аст.

Зебогии бештари кӯл ҳангоми заврақронӣ дар он ошкор мешавад. Ҳавои он хело тоза ва роҳатбахш аст.

Обанбори Норак пеш аз сарбанди нерӯгоҳ ҷойгир аст. Баландии сарбанди он 304 метр буда, ҳамчун баландтарин сарбанд ба китоби рекорҳои Гиннес ворид шудааст.

206

Петр Ян қаҳрамони UFC шуд - навори рақобат ва нокаути Алдо

431
(Таҷдидшуда 14:46 12.07.2020)
Варзишкори рус Петр Ян дар вазни сабук дар қаҳрамонии UFC рақибаш Жозе Алдоро мағлуб кард. Навори рақобат ва нокаути Алдоро дар навори зер тамошо кунед

Рақобати варзишкори рус Петр Ян ва рақиби бразилиягиаш Жозе Алдо дар доираи барномаи UFC 251 дар Абу-Дабӣ баргузор шуд.

Қаҳрамонии Ян ва Алдо то бахши панҷуми рақобат дароз кашид.

Дар бахши аввал рақобат шиддат гирифт. Дар навор дида мешавад, ки ҳар варзишкор ташаббусро ба дасти худ гирифта муштҳои оҳинин ба сӯи рақибаш мефиристад.

Дар бахши сеюм Ян бештар фаъол шуд. Аз навор дида мешавад, ки Алдо худро аз даст дода муштҳои бе нишон мезанад.

Дар бахши охирон Ян Алдоро муштборон мекунад ва ӯ бар замин меафтад.

Ян соли 2018 ба UFC пайваст. Рақобат бо Жозе Алдо дар фаъолияташ ҳафтумин рақобат шуд.

Дар давоми фаъолияти варзишиаш Ян боре ҳам мағлуб нашудааст.

Рақибе, ки рафтори инсонӣ кард: Конор ба Ҳабиб ҳамдардӣ баён кард

Рақобат бидуни тамошобин дар ҷазираи Яс, дар макони вижае, ки махсусан барои рақобатҳои UFC сохта шудааст, баргузор гардид.

431
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, нокаут, Ҷаҳон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти ҳунарманди машҳур Абдураим Абдуваҳҳобов

0
(Таҷдидшуда 13:41 14.07.2020)
Сабаби даргузашти ҳунарманд - Абдураим Абдуваҳҳобов, ки дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт, то ҳол маълум нест

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон - Абдураим Абдуваҳҳобов аз олам даргузашт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон.

Сабаби даргузашти ҳунарманд то ҳол маълум нест, ӯ ҳамагӣ 57-сол дошт.

Абдураим Абдуваҳҳобов 8 августи соли 1963 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Ӯ дар филмҳои "Шум бола" -  (Садои дард), "Суюнчи", "Мухаббат синовлари", "Назира" ва сериоли "Шайтанат"  ва дар дигар намоишномаҳо нақш бозидааст.

Мусибат дар хонаводаи раиси вилояти Хатлон: модарашро аз даст дод

Ҳамчунин Абдуваҳҳобов дар филми "Жўра овчи" - и "Тоҷикфилм" нақш офаридааст.

0
Барчаспҳо:
ҳунарманд, даргузашт, Ӯзбекистон