"Ҳалқа бар дар": Фотима Машрабова суруди Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ кард - навор

1456
(Таҷдидшуда 15:13 27.06.2020)
Сарояндаи ҷавон ва маъруфи Тоҷикистон Фотима Машрабова суруди овозхони нотакрор, шодравон Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ намуд

"Ҳалқа бар дар" суруди  овозхони нотакрор Аҳмад Зоҳир, ки бо лақаби булбули Шарқ машҳур аст, акнун овозхони ҷавони тоҷик Фотима Машрабова бозхонӣ намуд.

Намоҳанги ҷадиди Фотима рӯзи 19 - уми июн ба шабакаи иҷтимоии YouTube роҳ ёфт ва то ҳол ин таронаро беш аз 94 ҳазор бинанда тамошо карда писандиданд.

Ин намоҳанг аз ҷониби Panjsher media сабт гардидаст. Машрабова бо либоси хоси мардуми Афғонистон дар иҳотаи се навозанда, ин суруди нотакрори булбули Шарқро бозхонӣ намудааст.

Саидқул Билол, Афзалшо Шодӣ ва Фотима Машрабова ҳунари тоҷикиро дар Тошканд намоиш медиҳанд

Навозандаҳо низ намунае аз либоси мансуб ба афғонҳоро ба бар намудаанд, ки боис ба боз ҳам ҷаззобтар шудани намоҳанг овардааст.

Аҳмад Зоҳир дар ин суруд аз бевафоии ёр шиква мекард.

Сурудҳои булбули шарқ Аҳмад Зоҳирро аксар сарояндаҳои тоҷик бозхонӣ мекунанд ва ё дар пайравӣ ба ӯ таронаҳо месароянд.

Ҳоло аксар сарояндаҳои ҷавон ба мисли Меҳринигору Зулайхо ва даҳҳои дигар сурудҳои сароянда ва оҳангсози афғон Аҳмад Зоҳирро месароянд.

Аҳмад Зоҳир соли 1979 дар пайи садамае дар Кобул ба ҳалокат расад.

1456
Барчаспҳо:
навор, бозхонӣ, суруд, тоҷик, сароянда, Аҳмад Зоҳир

Норак - як гӯшаи биҳиштии Тоҷикистон: навор

205
Сафорати Тоҷикистон дар Русия навори табиати зебои Норакро нашр кардааст. Норак, як гӯшаи дигари зебоманзари Тоҷикистон аст

Норак дар рӯди Вахш, дар 70 километрии ҷанубу шарқии Душанбе ҷойгир аст. Ин мавзеъ соли 1960 баробари сохтани нерӯгоҳи Норак ба минтақаи аҳолинишини зебое табдил гашт.

Сайёҳон мегӯянд, вақте вориди шаҳри Норак мешаванд, гӯё ба Иттиҳоди Шӯравӣ бармегарданд. Яке аз маконҳои дидании Норак, обанбори Норак аст.

Обанбор бо роҳи сунъӣ дар рӯди Вахш дар ҳудуди минтақаи Норак ташкил шуда буд. Сатҳи обанбор наздики 53 метр буда, он маҷрои рӯди Вахшро танзим мекунад.

Масоҳати кӯл 98 километри квадратиро ташкил медиҳад. Он бо оби ошомиданӣ пур аст, ки манбааш тоҷи яхини ҷовидони Помир аст.

Зебогии бештари кӯл ҳангоми заврақронӣ дар он ошкор мешавад. Ҳавои он хело тоза ва роҳатбахш аст.

Обанбори Норак пеш аз сарбанди нерӯгоҳ ҷойгир аст. Баландии сарбанди он 304 метр буда, ҳамчун баландтарин сарбанд ба китоби рекорҳои Гиннес ворид шудааст.

205

Петр Ян қаҳрамони UFC шуд - навори рақобат ва нокаути Алдо

430
(Таҷдидшуда 14:46 12.07.2020)
Варзишкори рус Петр Ян дар вазни сабук дар қаҳрамонии UFC рақибаш Жозе Алдоро мағлуб кард. Навори рақобат ва нокаути Алдоро дар навори зер тамошо кунед

Рақобати варзишкори рус Петр Ян ва рақиби бразилиягиаш Жозе Алдо дар доираи барномаи UFC 251 дар Абу-Дабӣ баргузор шуд.

Қаҳрамонии Ян ва Алдо то бахши панҷуми рақобат дароз кашид.

Дар бахши аввал рақобат шиддат гирифт. Дар навор дида мешавад, ки ҳар варзишкор ташаббусро ба дасти худ гирифта муштҳои оҳинин ба сӯи рақибаш мефиристад.

Дар бахши сеюм Ян бештар фаъол шуд. Аз навор дида мешавад, ки Алдо худро аз даст дода муштҳои бе нишон мезанад.

Дар бахши охирон Ян Алдоро муштборон мекунад ва ӯ бар замин меафтад.

Ян соли 2018 ба UFC пайваст. Рақобат бо Жозе Алдо дар фаъолияташ ҳафтумин рақобат шуд.

Дар давоми фаъолияти варзишиаш Ян боре ҳам мағлуб нашудааст.

Рақибе, ки рафтори инсонӣ кард: Конор ба Ҳабиб ҳамдардӣ баён кард

Рақобат бидуни тамошобин дар ҷазираи Яс, дар макони вижае, ки махсусан барои рақобатҳои UFC сохта шудааст, баргузор гардид.

430
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, нокаут, Ҷаҳон
Преступник за решеткой

"Хушхабар"-и Раҳмон: ҷиноятҳои махсус вазнин дар Тоҷикистон кам шудаанд

0
Дар умум нисбат ба нимсолаи соли 2019 дар Тоҷикистон ҷиноят 2 дар сад камтар содир шуда, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба маротиб камтар шудаанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод, ки хушбахтона нимсолаи аввали соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон содиршавии ҷиноят, аз ҷумла ҷинояти вазнин коҳиш ёфтааст.

"Дар нимаи аввали соли 2020 дар Тоҷикистон 12 293 ҷиноят содир гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузшта 256 ё 2 дар сад кам мебошад", - гуфт вай дар посух ба суоли хабарнигорон.

“Пневмония шуда будам”: Юсуф Раҳмон дар бораи ҷиноятҳои давраи “вируси корона”

Тавре ҷаноби Раҳмон тавзеҳ дод, дар ҳамин ҳол бархе намудҳои ҷиноятҳо афзоиш ёфтаанд, аммо шарҳ надод, ки кадом.

Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар кишвар ба маротиб камтар шудаанд. Масъалан, ҷинояти "бандитизм", ки соли гузашта 5 ҳолати он ба қайд гирифта шуда буд, имсол ба "сифр" баробар аст.

"Одамкушӣ ва сӯиқасд ба омдамкушӣ, соли гузашта 48 ҳолат буд, имсол 35 ҳолат - 27 фоиз камтар шудааст, ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин 56 адад содир шудааст, соли гузашта 62 адад буд - 9,6 фоиз кам шудааст, хариду фурӯши одамон 10 ҳолат буд ва имсол низ 10 ҳолат, ғоратгарӣ 8, 1 дарсад кам шудаст, қаллобӣ 23,1 фоиз кам шудааст, бандитизм ягон ҳолат содир нашудааст", - афзуд Юсуф Раҳмон.

0