Навор аз вазъи ихтиёриён, ки ваксин алайҳи коронавирус дар онҳо озмоиш мешавад - видео

671
Дар госпитали ҳарбии Бурденко озмоиши ваксин алайҳи коронавирус дар гурӯҳи дуюми ихтиёриён оғоз ёфт

Агар озмоиши аввали муассирияти ваксин алайҳи коронавирус дар миёни ихтиёриёни иборат аз сарбозони қаторӣ сурат гирифт, ба марҳилаи дуюм шаҳрвандони оддӣ пайвастанд.

Ин озмоиш низ дар госпитали ҳарбии Бурденко сурат гирифта истодааст. Пизишкон мегӯяд, ҳамаи ихтиёриён худро хуб эҳсос мекунанд ва ваксин ба организми онҳо ягон зарар нарасондааст.

Зимнан, пайвандони гурӯҳи дуюми ихтиёриён аз ҳузури онҳо дар ин озмоиш изҳори нигаронӣ мекунанд.

Доруи зидди коронавирус барои бори аввал ба беморхонаҳои Русия ворид шуд

Яке аз иштирокчиёни ин озмоиш мегӯяд, ки пайвандонаш пайваста мепурсанд, ки "чаро  маҳз худат иштирок мекунӣ"?. - Посух медиҳам, " агар ман иштирок накунам, кӣ хоҳиши иштирок кардан дорад?".

Ёдовар мешавем, ки Русия аз истеҳсоли чанд ваксин алайҳи коронавирус хабар дода буд. Алъон мутахассисон самаранокӣ ва бехатарии шаклҳои моеъ ва лофилизатсияшудаи ваксинаҳои коронавирусро таҳқиқ мекунанд.

Дар озмоиш ду гурӯҳи ихтиёриён иборат аз 38 - нафарӣ иштирок мекунанд.

671
Барчаспҳо:
Русия, навор
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (609)

Сӯхтор дар калисои қадимии асри XIX дар Томск- видео аз ҷои ҳодиса

102
(Таҷдидшуда 17:53 04.07.2020)
Калисои чӯбии қадимае дар шаҳри Томски Русия дар паи сӯхтор қариб пурра хокистар шуд. Оташнишонон тавонистанд гузаштани оташ ба дигар манотиқро пешгирӣ кунанд

Дар Русия яке аз қадимтарин калисоҳои кишвар нобуд шуд. Дар шаҳри Томск калисое, ки тақрибан 145 сол дошт пурра хокистар шуд. 

Бино ба гуфти шоҳидони ҳол сӯхтор дар паи раъду барқ оташ гирифтааст.

Ин калисо, ки яке аз қадимтарин бинои чӯбии ин минтақа буд, дар давоми як соат ба хок яксон шуд.

Ба вокуниши саривақтии оташнишонон нигоҳ накарда, калисо пурра ба коми оташ рафт. Наҷотдиҳандагон натавонистанд, ин бинои асри XIX - ро наҷот диҳанд.

Дар баробари ин хатари гузариши оташ ба дигар биноҳо низ вуҷуд дошт, ки бо қувваи оташнишонон ин хатар пурра бартараф карда шуд.

Дар паи сӯхтор, хушбахтона касе осеб надид.

102
Барчаспҳо:
сӯхтор, Томск

Аз меваю сабзавот то нону асал: Раҳмон аз ҳосили фаровони деҳқонон дидан кард - навор

209
(Таҷдидшуда 16:10 03.07.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз вилояти Суғд, аз натоиҷи заҳмати деҳқонони ин минтақа дидан намуд

Навор аз лаҳзаи боздиди кишвардори Тоҷикистон аз заминҳои кишт ва боғзорҳои Суғд дар сафҳаи Президент дар Фейсбук нашр шудааст.

Аз навор бар меояд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дидан намудан аз кори заҳматталаби деҳқонон ба заминҳои кишт ва боғзорҳо ташриф  овард.

Оғози сафари раисҷумҳур ба Суғд: Раҳмон дар Хистеварз беморхонаи “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ кард

Сарвари давлат дар ин навор бо деҳқонон сӯҳбатҳо ороста аз нақшаву ниятҳо ва ҳамзамон мушкилоти онҳо пурсон шудааст.

Дар навор заминҳои кишти помидор, ғаллаву ҷуворимакка нишон дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз заминҳое боздиди намуд, ки маҳсулоти он ба кишварҳои хориҷ содирот мешавад.

209
Барчаспҳо:
деҳқон, навор, Эмомалӣ Раҳмон, Суғд
Мужчина пьет холодный напиток в жару, архивное фото

Ҳаво дар Бадахшон то 30 дараҷа гарм мешавад: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

0
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дамои ҳаво дар ҷумҳуриро камабру бебориш арзёбӣ мекунад. Дар ғарби ВМКБ то 30 дараҷа гармшавии ҳаво дар назар аст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимоли боришоти сусти марҳилавӣ дар назар аст, хабар медиҳад агентии "Ховар" бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағирёбанда  мешавад.Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон то 41дараҷа гарм мешавад

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

0
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, гармӣ, Ожонси обуҳавошиносӣ