"Алые паруса" - 2020: оташбозӣ дар рӯи об ҳамаро шигифтзада кард - видео

162
(Таҷдидшуда 15:14 28.06.2020)
Дар шаҳри Санкт-Петербург маросими вижаи ҷашнӣ барои хатмкунандагон - "Алые паруса" (Бодбонҳои сурх) баргузор шуд. Навори дидании ин шоуро аз Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар соли 2020 ин маросим бори 52-юм баргузор шуд.

Қарор буд, ки имсол ин ҷашн шаби 21 ба 22 июн дар Майдони Қасри Петербург баргузор шавад. Вале ба далели ҳамагирии коронавирус на танҳо макони баргузорӣ, баклӣ шакли ҷашн низ дигар карда шуд.

Имсол ҷашни хатмкунандагон ба таври онлайн баргузор шуд.

Ровиёни барнома Иван Ургант ва Даря Александрова буданд.

Маросими "Алые паруса" (Бодбонҳои сурх) имсол ба 140 -солагии муаллифи  "Алые паруса" - Александр Грин бахшида шуд.

Хатмкунандагони макотиби Петербург ва меҳмононро сарояндагони машҳур ва диджейҳои номӣ бо ҳунари худ шод карданд.

Чун анъана маросими таҷлили хатми мактаб бо оташбозии якуним соатӣ дар рӯи об идома кард. 

Дар баробари ин киштии бодбонӣ на дар рӯди Нева, балки аз халиҷи Фин гузашт.

162
Барчаспҳо:
Петербург, Русия

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба ваксинаҳои Русия бар зидди COVID-19 рағбат дорад

336
(Таҷдидшуда 21:22 07.07.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт интизори он аст, ки ваксинаҳои пешниҳоднамуда Русия бар зидди коронавирус чӣ натиҷа медиҳанд

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба ваксинаҳои зидди коронавирус дар Русия рағбат пайдо кардаст.

Онҳо гуфтанд, ки интизори анҷоми санҷишанд. Ҳамзамон, қайд карданд, ки дар рафти санҷиши доруҳо барои табобати COVID-19 низ ҳастанд.

Озмоишҳои Русия дар бораи ихтиёриён ҳамзамон дар якчанд ҷойҳо баргузор мешаванд.

Озмоишҳо чӣ гуна гузаронида мешаванд, иштирокчиёни ихтиёриён чӣ гунаанд ва кадом кишварҳо ваксинаи аз ҳама бештарро интизоранд - дар видеои мо бубинед. 

336

Сӯхтор дар калисои қадимии асри XIX дар Томск- видео аз ҷои ҳодиса

145
(Таҷдидшуда 17:53 04.07.2020)
Калисои чӯбии қадимае дар шаҳри Томски Русия дар паи сӯхтор қариб пурра хокистар шуд. Оташнишонон тавонистанд гузаштани оташ ба дигар манотиқро пешгирӣ кунанд

Дар Русия яке аз қадимтарин калисоҳои кишвар нобуд шуд. Дар шаҳри Томск калисое, ки тақрибан 145 сол дошт пурра хокистар шуд. 

Бино ба гуфти шоҳидони ҳол сӯхтор дар паи раъду барқ оташ гирифтааст.

Ин калисо, ки яке аз қадимтарин бинои чӯбии ин минтақа буд, дар давоми як соат ба хок яксон шуд.

Ба вокуниши саривақтии оташнишонон нигоҳ накарда, калисо пурра ба коми оташ рафт. Наҷотдиҳандагон натавонистанд, ин бинои асри XIX - ро наҷот диҳанд.

Дар баробари ин хатари гузариши оташ ба дигар биноҳо низ вуҷуд дошт, ки бо қувваи оташнишонон ин хатар пурра бартараф карда шуд.

Дар паи сӯхтор, хушбахтона касе осеб надид.

145
Барчаспҳо:
сӯхтор, Томск
Город Худжанд, архивное фото

Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? порӯи мурғхонаҳо, партов ё...

0
(Таҷдидшуда 16:16 09.07.2020)
Сокинони шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мегуянд, ҳар субҳу шом бӯи тафи ғализе маҳаллаҳоро фаро мегирад ва аз ин ҳисоб онҳо наметавонанд дар гармои тоқтфарсои тобистон дару тирезаҳои хонаҳояшонро боз кунанд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуданд, ки чанд вақт ба ин тараф бӯи ғализ ҳама ҷоро фаро мегирад.

Бурҳон Кенҷаев, сокини маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мушкил чанд вақт боз онҳоро нороҳат месозад.

“Бӯи хеле бад ҳама ҷойро олуда мекунад. Аз он, ки бӯй ба хонаҳо даромада ба либосҳо нашинад, мо дару тирезаҳоро пушида мешинем”, гуфт Кенҷаев.

Фарҳод Шарипов сокини маҳаллаи 12-уми шаҳр иброз намуд, ки ин маҳаллае, ки онҳо зист мекунанд, аз ин мушкил орӣ намондааст ва паҳншавии бӯйи бад, онҳоро хаста кардааст.

“Баъзе сокинони калонсол мехоҳанд саҳар ва ё шомгоҳон дар вақти салқиншавии ҳаво ба кӯча бароянд, аммо аз ин, ки бӯи ғализ паҳн мешавад, онҳо ба берун рафта наметавонанд”, мегуяд ҳамсӯҳбати мо.

Сокинони маҳаллаҳои 3, 8, 13, 14 – 15, 18 ва 19- уми Хуҷанд ҳам аз мушкили бавуҷудома шикоят доранд. Ин мушкил беш аз ду моҳ боз шурӯъ шуда ва сокинонро водор намудааст, ки бо мактуби дастаҷамъӣ ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кунанд, то ба ҳалли он расидагӣ сурат гирад.

Ҷамшедҷон Азизов, иҷрокунандаи сардори шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосферии Раёсати экологияи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ин мавзӯъ хоси идораи санитарию эпидемологӣ аст, вале онҳо ҳам барои муайян намудани ин масъала як моҳ ин ҷониб ба таҳқиқ мебаранд.

То ин муддат чандин мурғхонаҳоро мавриди санҷиш қарор додаанд: “Мо асосан олуда шудани ҳаво аз ҳисоби дуд ва чангро назорат мебарем, лекин новобаста аз ин мо ҳам барои муайян намудани манбаъаи ин мушкилӣ сафарбар шудем. Болотар аз маҳаллаи 3-юми Хуҷанд, маҳаллаи аҳолинишини Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, ки дар ҳудуди он 6 – 7 адад мурғхонаҳо мавҷуданд. Дар он ҷо нуқтаи ҷамъкунии порӯи мурғ дида шуд, ки дар ҳолати боз нигоҳ дошта мешуданд. Мо дастур додем, ки минбаъд дар шароити кушод поруи мурғро нигоҳ надоранд ва поруи мавҷудбударо ба хок гӯронидем”, гуфт Азизов.

Дар канори соҳили рости руди Сир дар наздикии маҳаллаи 3-уми Хуҷанд, маҳаллаҳои аҳолинишини Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд мебошад ва як бахши даромади зиндагии сокинон ин ҷо аз чорводорӣ мебошад.

Аммо сокинон мегуянд, бӯе, ки шаҳрро фаро мегирад ҳамшабеҳи порӯи чорво нест, балки бадтар аз он аст.

Ҷамшедҷон Азизов афзуд зимни санҷиш хати партовпартоӣ ва заводи коркарди партов аз ташноб (канализатсия) и Хуҷандро низ дар аз назар гузаронидаанд, вале манбаъи аслии паҳни бӯйи ғалис дарёфт нашудааст.

“Мо ба нуқтаи коркарди партов ва канализатсия ҳам рафтем. Шароити кории онҳоро назорат кардем, ки тибқи меъёр ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷо ҳеҷ бӯи бад ба атроф паҳн намешавад”, гуфт Азизов.

Шуҳрат Абдуқодиров як масъули идораи назорати санитарию эпидемологии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба эҳтимоли зиёд паҳншавии бӯи бад аз ҳисоби порӯи мурғонаҳое, ки дар дар маҳаллаҳои Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдат ташкил шуда мебошад.

Аммо ин масъули идораи беҳдоштӣ гуфт, ин маҳаллаҳо ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шомиланд ва таҳқиқи ин масъаларо бояд идораи назорати санитарию эпидемологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом бирасонанд.

“Бӯи порӯи мурғхонаҳо хеле баланд буд. Эҳтимол ин бӯй ба ҳамаҷо паҳн мегардад. Мо чанд чунин ҷойҳоро ошкор ва ҳамроҳ бо кормандони телевизион сапт намудем”, таъкид кард Абдуқодиров.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ баъд аз муроҷиати пайдарпайи сокинон ба ҳукумат ва шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони мақомоти назоратии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таҳқиқи ин масъала шурӯъ намудаанд, вале ҳоло шарҳ дода нашудааст, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз куҷо мехезад.

0