(3:39 / 24.51Mb / просмотров видео: 260)

Путин мардуми Русияро ба тағйирот даъват кард

493
Владимир Путин раисҷумҳури Русия имрӯз расман баъд аз оғози пандемияи коронавирус сафари корӣ анҷом дод

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар вилояти Твери Русия маҷмаи ёдбуди аскари Шӯравиро ифтитоҳ кард.

Пас аз маросими ифтитоҳи маҷмаа Владимир Путин ба мардуми Русия муроҷиат кард,  аз онҳо хоҳиш дошт, ки дар тағироти қонуни асосии кишвар саҳмгузор бошанд.

Вай афзуд, фардо 1 июл рӯзи асосии райдиҳӣ аст. Хоҳишмандам дӯстон азиз саҳми худро гузоред. Овози ҳар яки Шумо муҳим аст.

Раисҷумҳури Русия бовари дорад, ҳар нафере, ки дар ин маърака овоз медиҳад ба кишваре райъ медиҳанд, ки дар он мехоҳанд зиндагӣ кунанд.

“Мо на танҳои барои тағйирот овоз медиҳем, мо ба кишвари худ, ки дар он мехоҳем зиндагӣ кунем райъ медиҳем. Мо ба хотири он кишваре, овоз медиҳем, ки дар он кор мекунем ва барои насли ояндаи худ мерос мегузорем” ,- таъкид дошт Путин.

493
Барчаспҳо:
тағйирот, муроҷиат, Раисҷумҳур, Владимир Путин, Русия

ИМА мехоҳад Русия ва Чинро барои сӯиистифода аз ҳуқуқи гетои СММ ҷазо диҳанд

119
(Таҷдидшуда 00:11 11.07.2020)
Америка эълон кард, ки Русия ва Чин аз ҳуқуқи ветои СММ сӯиистифода мекунанд ва бояд барои ин корашон ҷазо дода шаванд

Котиби давлатии ИМА бар ин назар аст, ки Русия ва Чин барои сӯиистифода аз ветои СММ бояд муҷозот шаванд.

Дар арафа қатъномаи ИМА дар бораи кӯмаки башардӯстона ба Сурия муҳокима карда шуд.

Белгия ва Олмон пешниҳод карданд, ки ду гузаргоҳи сарҳадӣ дар марзи Туркия ва Сурия гузошта шаванд, аммо Маскаву Пекин ба ин розӣ нашуданд.

Русия лоиҳаи қатъномаи худро дорад. Сабабҳои пинҳонии норозигии амрикоиҳо кадомҳоянд - дар навор бубинед.

119
Барчаспҳо:
СММ, ИМА, Чин, Русия

Филме, ки аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов қисса мекунад, нашр шуд - видео

449
(Таҷдидшуда 23:44 09.07.2020)
Шабакаи телевизионии Russia Today филмеро ба хотираи Абдулманап Нурмагомедов, падар ва мураббии қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагомедов пешкаш кард

Филми мазкур дар канали RT Sport YouTube нашр шуд.

Қайд карда мешавад, ки лаҳзаҳо аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи октябри соли 2019 барои қисмати панҷуми силсилафилми  ҳуҷҷатии "Доғистон: Замини ҷанговарон" ба навор гирифта шуда буд, аммо бо сабаби фавти мураббии номӣ, ин филм бидуни  рақам нашр шуд.

Ёдовар мешавем, Абдулманап Нурмуҳаммадов мураббии номӣ ва падари қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов рӯзи 3 - юми июл дар синни 57 - сола ҷаҳонро падруд гуфт.

Ҳузури Рамазон Қодиров дар маросими дафни Абдулманап ва сипосгузории Ҳабиб аз ӯ - навор

Абдулманап давоми беш аз 2 моҳ бо маризии коронавирус дар набард буд ва ахиран тавонист ин вирусро мағлуб кунад, аммо ба сактаи мағзи сар, ки ин маризӣ ӯро оварда расонд пирӯз шудан натавонист.

Рамазон Рабаданов дӯсти хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо таъкид намуда буд, ки пизишкон натавонистанд сактаи мағзи сари ӯро шифо бахшанд ва "ӯ ба ҳуш наомада ҷон бохт".

Абдулманап Нурмуҳаммадовро дар зодгоҳи ӯ деҳаи Кироваули Доғистон ба хок супурданд.

449
Барчаспҳо:
навор, филм
Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон

Ӯзбекистон дигарбора дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон баст

0
Ӯзбекистон дар робита ба авҷи маризии сироятии коронавирус то авоили моҳи август дари масҷидҳоро ба рӯи намозгузорон мебандад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон аз баста шудани тамоми масоҷиди ин кишвар то авоили август хабар дод, хабар медиҳад "Парс тудей".

Бар хабари манбаъ, идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон дар сайти худ афзуд: Манӯият аз таърихи 10 июл сарфи назар аз ин, ки устон дар минтақаи "сабз" ва ё "қирмиз" қарор дорад, иҷроӣ мешавад.

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

Пештар комиссияи вижаи мубориза бо коронавирус тасмим гирифта буд, маҳдудиятҳои карантин дар ин кишварро дар бурҳаи замони ёдшуда ташдид кунад.

Гуфтанӣ аст, ниҳодҳои динии Ӯзбекитсон 8 июни соли 2020 мелодӣ дар манотиқи "сабз"-и ин кишвар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ (пӯшидани иҷбории ниқоб) ва ҳамчунин доштани фосилаи иҷтимоӣ муҷаддадан оғоз ба фаъолият карда буданд.

0
Барчаспҳо:
намоз, баста, масҷид, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон