Ҳушдори Лавров: террористҳо метавонанд аз коронавирус сӯистифода кунанд - навор

442
(Таҷдидшуда 18:30 11.07.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар ҷараёни "Примаковских чтения" назари худро дар мавриди вазъи байналмилалӣ изҳор дошт

Сергей Лавров вазири умури хориҷии Русия ба масоили таъсири пандемия ба сиёсати ҷаҳон мудохила кард.

"Ин сироят ҳамаи мушкилот ва таҳдидҳое, ки қаблан ҳам мавҷуд буданд, шадидатар кард. Тахминҳо вуҷуд доранд, ки террористон фикр мекунанд, ки чӣ гуна ин вирусро истифода баранд ва ё ба эҷоди вируси нав даст ёбанд", - изҳор доштааст Лавров.

Ба гуфтаи ӯ, на танҳо террористон мехоҳанд аз ин маризӣ суистифода кунанд, балки роҳбарони аксар кишварҳо мехоҳанд бӯҳроне, ки пандемия дар пай дошт ба манфиати худ истифода кунанд.

Омори ҷадиди як рӯз: фавти 5 000 ва сироятшавии 237 ҳазор нафар ба коронавирус дар ҷаҳон

Ба изҳори вазири умури хориҷии Русия, раванди барқароршавӣ пас аз пандемия вақти зиёдро талаб мекунад.

442
Барчаспҳо:
навор, маризӣ, сӯистифода, террорист, ҳушдор, Сергей Лавров

Интқоди тунди Лавров аз таъқиби рӯзноманигорони русзабони Латвия - видео

76
(Таҷдидшуда 19:10 18.01.2021)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзноманигорони русзабони Латвияро, ки аз ҷониби мақомоти кишварашон таҳти фишор қарор гирифтаанд, дастгирӣ кард

Сергей Лавров ваъда додааст, ки "то ин қонуншиканӣ хотима бахшида нашавад, аз қонуншиканон даст намекашем".

Ҳамин тавр, вазири умури хориҷаи Русия, вазъи рӯзноманигорони Sputnik ва Baltnews-ро, ки ба кори онҳо дар Латвия халал мерасонанд, хонаҳояшонро тафтиш мекунанд, ҳабс мекунад ва нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ боз мешаванд, тавзеҳ додааст.

Русия ба талаби амалҳои мушаххас аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ идома медиҳад, афзудааст Лавров.

Нишасти матбуотии вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров: анҷоми пахши мустақим

"Вақте мо дар бораи нақзи озодии баён далелҳои возеҳ дорем, ҳатто бо таҳдиди кушодани парвандаи ҷиноӣ, он механизмҳое, ки дар форматҳои ҳифзи ҳуқуқи СММ ҷой дода шудаанд, наметавонанд он чизеро, ки бо шумо мекунанд, асоснок гардонанд", - гуфтааст вай дар рафти нишасти матбуотӣ.

Ёдрас мешавем, нисбати рӯзноманигорони русзабони Латвия, аз ҷумла онҳое, ки бо Baltnews ва Sputnik Латвия ҳамкорӣ мекунанд, иттиҳомоти нақзи низоми таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо бор карда шудааст.

Феълан онҳо, ӯҳдадор шудаанд, ки аз кишвар берун нараванд. Ба онҳо ҷарима ва ё зиндон таҳдид мекунад.

76
(173:04 / 2876.49Mb / просмотров видео: 40)

Нишасти матбуотии вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров: анҷоми пахши мустақим

27
(Таҷдидшуда 17:52 18.01.2021)
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров имрӯз дар нишасти матбуотӣ натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст мекунад

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия соли 2020-ро натиҷагирӣ мекунад. Ҳамчунин, Лавров ба таври мустақим ва ё онлайн ба суолҳои намояндагони расонаҳо посух хоҳад гуфт.

Лавров як соли кори дипломатҳои Русияро  баҳогузорӣ хоҳад кард.

Интизор меравад, Лавров мавзӯи таъсири пандемияро ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ хоҳад кард.

Нишаст соати 11:00 бо вақти Маскав оғоз гашт.

Ёдрас мешавем, ҳамасола ин нишасти ВКД Русия одатан дар моҳи январ баргузор мешавад ва то ду соат идома меёбад.

27
Вакцинация против COVID-19 в Москве

Эмгузаронии ваксинаи "Sputnik V" дар Қазоқистон аз 1 феврал оғоз мешавад

0
Дар марҳилаи аввал, кормандони тиб эм карда мешаванд, пас аз онҳо омӯзгорони мактабҳо ва донишгоҳҳо ва сипас донишҷӯён ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин. Қарор аст, то охири сол эмгузаронии тақрибан шаш миллион нафар дар Қазоқистон сурат бигирад.

Душанбе, 19 январ - Sputnik. Қазоқистон ба нақша гирифтааст, ки эмгузаронии "Sputnik V" -ро аз 1 феврал оғоз кунад, гуфт роҳбари Вазорати тандурустии кишвар Алексей Тсой, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Ба гуфтаи вай, рӯзи 19 январ байни маҷмааи дорусозии Караганда ва Фонди сармоягузории мустақими Русия дар бораи интиқоли қисми якуми 20 ҳазор вояи ваксинаи "Sputnik V" созишнома ба имзо мерасад. Додани иҷозатнома барои воридоти ягона 20 январ ба нақша гирифта шудааст, гуфт коршинос.

"То 1 феврал ба нақша гирифта шудааст, ки эмгузаронӣ алайҳи сирояти коронавируси гурӯҳҳои аҳолии зарардида оғоз карда шавад. Пешгӯии эмгузаронӣ бо назардошти гирифтани ваксина марҳила ба марҳила сурат мегирад", - гуфт Тсой дар ҷаласаи ҳукумат.

Марҳилаҳои эмгузаронии аҳолӣ дар Қазоқистон

  • марҳилаи аввал - кормандони тиббии беморхонаҳои сироятӣ, хадамоти таъҷилии тиббӣ, шӯъбаҳои эҳёгарӣ, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, шӯъбаҳои қабули беморхонаҳо, кормандони хадамоти санитарию эпидемиологӣ - дар маҷмӯъ тақрибан 100 ҳазор нафар. Барои ин гурӯҳ, эмгузаронӣ аз 1 феврали соли 2021 оғоз мешавад.
  • марҳилаи дуввум - омӯзгорони мактабҳои миёна, коллеҷҳо, донишгоҳҳо, кормандони хадамоти тиббии идоравӣ (150 ҳазор нафар). Эмгузаронӣ моҳи марти соли равон дар назар аст.
  • марҳилаи сеюм - омӯзгорони мактаб-интернатҳо, муассисаҳои томактабӣ, донишҷӯён, шахсони гирифтори бемориҳои музмин (тақрибан 600 ҳазор нафар). Эмкунӣ моҳи апрел оғоз мешавад.

Гуфта мешавад, ки то охири сол эмгузаронии то шаш миллион нафар дар назар аст.

 

0