(74:23 / 1221.16Mb / просмотров видео: 67)

Паради пуршукӯҳ бахшида ба Рӯзи флоти ҳарбии Русия - анҷоми пахши мустақим

141
(Таҷдидшуда 17:51 28.07.2020)
Дар Петербург Паради асосӣ бахшида ба Рӯзи флоти ҳарбиву обии Русия баргузор мешавад. Дар чорабинии тантанавӣ раисҷумҳури Русия Владимир Путин иштирок мекунад

Ҳангоми Паради пуршукӯҳ дар Санкт-Петербург 46 киштӣ ва қаиқ иштирок мекунанд.

Аз ҷумла, дар чорабинӣ новчаи маъруфи "Адмирал Касатонов", киштиҳои бузурги десантии "Минск", "Королев" ва "Орёл" ба намоиш гузошта мешаванд.

Киштии "гаронвазнитарин" дар паради бахшида ба Флоти ҳарбиву обӣ, киштии зериобии "Вице-адмирал Кулаков" хоҳад шуд.

Афзун бар ин, бори аввал дар чорабинӣ киштии зеридарёии "Старый Оскол" ва "Петропавловск-Камчатский" ба намоиш гузошта мешавад.

Чанде пеш он дар тангиҳои борики маҷмааи алҷазоири Уқёнуси қутби шимол гузашт, ки боиси сабт гаштанаш дар китобҳои рекорди Қувваҳои мусаллаҳ гардид.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ҳамчунин дар ҳаво ҳавопаймои ҷангандаи Су-33, Су-27, МиГ-29, бомбафганҳои муқаддами Су-24, ҳавопаймоҳои зиддиқаиқии Ту-142, Ил-38 ва дигар мошинҳои ҳавоӣ намоён хоҳанд шуд.

 

141

Русия ба кишварҳои ИДМ ваксинаи тайёр медиҳаду ба дигарон истеҳсолашро меомӯзад-видео

16
(Таҷдидшуда 17:29 25.09.2020)
Русия гуфтааст, воксинаи тайёрро барои кишварҳо намефиристад, аммо омодааст таҷрибаи истеҳсоли доруро бо давлатҳои тавонманд тақсим кунад

Русия ваксинаи омодашударо ба таври зиёд ба хориҷи кишвар намефиристад.

Ба ҷойи ин, олимони Русия омодаанд, ки технологияи истеҳсоли доруро бо дигар кишварҳо тақсим кунанд.

Дар ин бора директори Пажӯҳишгоҳи ба номи Гамалея Александр Гунзбург гуфтааст.  Аммо ин равишро дар кишварҳои ИДМ наметавон татбиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ду ваксинаи дигар дар Русия озмоиш мешавад.

22 сентябри соли ҷорӣ Вазорати тандурустии Русия барои озмоишҳои клиникии доруи нав, ки аз ҷониби Академияи илмҳои Русия сохта шудааст, иҷозат дод.

Озмоишҳои ваксина, ки онро Маркази илмии “Вектор” таҳия кардааст, дар ҳоли анҷомёбист.

Чӣ гуна кишварҳои ҳамсоя метавонанд ваксинаи Русияро ба даст оранд ва чаро Русия омода аст таҳаввулоти худро ошкор кунад – дар навор бубинед.

16
Барчаспҳо:
содирот, истеҳсол, дору, Русия

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

112
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

112
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия
Мусофирбар, акс аз бойгонӣ

“Ман подполковники милиса, мекушамат”: талаби ҷазо барои бетартибӣ дар мусофирбар-видео

0
Марде, ки худро подполковники милиса гуфта, дар дохили мусофирбари пуродам дар маҳаллаи Текстили шаҳри Душанбе марди дигарро мавриди таҳқиру таҳдид қарор дод, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Ин мард, бо иддаои он, ки гӯиё ӯро аз пушти сараш задаанд, гиребони марди дигареро гирифта, бо дашномҳои дағал таҳдид мекунад, ки мадаронад, мекушад.

“Ака даста бигир, илтимос, ман ягон гапи зиёдати гуфтам? Илтимос”, - зора мекунад мард аз подполковнике, ки бо қаҳр аз гиребонаш гирифта, таҳдиди дарондану куштан мекунад. Марди зӯргӯй иддао дорад, ки ӯро аз пушт задаанд, аммо ин қисмат дар навор сабт нашудааст.

Мусофирони дигар дар хитоб ба “подполковник” изҳор медоранд, ки “айбай ака, ин ҷо ҷои ҷамъиятиай”. Аммо марде, ки худро милиса мегӯяд, аз гиребони марди дигар гирифта, дашномдиҳии дағалонаро идома медиҳад. Навори мазкурро саҳифаи Парвиз.Тв нашр кардаст, ки боиси баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ин рафтори марде, ки худро милиса гуфт, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, бархе хостори муҷозоти ӯ барои чунин батартибӣ шудаанд.

0
Барчаспҳо:
мусофирбар, бетартибӣ, ҷазо, Тоҷикистон