Муборизаи пизишкони рус бо коронавирус дар Қирғизистон - навор

141
(Таҷдидшуда 17:33 28.07.2020)
Пизишкони низомии рус ба беморхонаи Бишкек рафта, аллакай бештар аз ҳафтод нафарро аз ташхис гузарониданд

Аз Русия гурӯҳи вижаи табибон иборат аз 12 нафар ба Қирғизистон сафар карданд. Мяиёни онҳо пизишкони дорои тахассуси гуногун ва ҳамшираҳои шафқат ҳастанд.

Дар навор кори мушкили табибон: кӯмак ба пизишкони қирғиз, муроқибат ба беморони вазнин ва маслиҳати тиббӣ нишон дода мешавад.
"Табобате, ки СУТ тавсия медиҳад, дар ҳама ҷо як аст, аммо бемориро мардум гуногун аз сар мегузаронанд", - таъкид мекунад роҳбари беморхонаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Қирғизистон Қанатбек Қадралиев.

Беморони вазнинро пизишкон аз ҳарду кишвар шабонарӯзӣ нигоҳубин мекунанд.

Вазифаи асосии табибони рус кӯмак ба ҳамкорони қирғиз ва омӯзиши мубориза бо мавҷи нави коронавирус аст.

Гирифтории 1701 корманди тиб ба COVID‐19 ва даъват аз пизишкони Аврупою Русия

 

141

Ваксина ва дастгирии иқтисодӣ: Путин ва Жээнбеков аз чӣ гуфтанд - видео

175
Президенти Русия Владимир Путин дар шаҳри Сочи бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дидору мулоқот кард

Дар рафти ин вохӯрӣ раҳбари Русия Владимир Путин ва кишвардори Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков масоили рушди шарокати стратегиро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла Жээнбеков аз Путин барои дастгирии кишвар изҳори сипос намуд.

"Қирғизистон доим китфи тавонои Русияро чун дӯсти воқеъӣ ва шарики наздик эҳсос мекунад. Дар ин давраи душвор. Ба шарофати шумо мо тавонистем вазъияти ҳамагириро дар кишвар муътадил гардонем ва ба шарофати шумо ба шаҳрвандони мо дар Русия кумак расонида шуд", - гуфт сиёсатмадори қирғиз.

Ҳамчунин Жээнбеков Путинро бо сабти нахустин ваксини коронавирус дар ҷаҳон муборакбод гуфт. Президент изҳори умед кард, ки шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд ваксинаи нави "Спутник V" - ро яке аз аввалинҳо шуда дарёфт кунанд.

Чин мегӯяд, ваксинаи сохти онҳо масунияти инсонро тӯлонитар ҳифз мекунад

Дар навбаи худ, Владимир Путин нақшаи Русияро барои рушди муносиботи дуҷониба бо Қирғизистон ва дастгирии иқтисодии кишвар, тасдиқ кард.

175
Барчаспҳо:
хулосаҳо, вохӯрӣ, дидор, Сооронбой Жээнбеков, Владимир Путин

Идомаи даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ

213
(Таҷдидшуда 17:15 29.09.2020)
Даргириҳои миёни нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон дар қаламрави минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ дубора оғоз шуд

Санаи 27 сентябр дар қаламрави ҷумҳурии эътирофнашуда даргириҳо оғоз шуданд. Арманисон ва Озарбойҷон ҳамдигарро дар доман задани низоъ гунаҳгор карданд.

Ҳар ду кишвар ҳамдиггарро дар ҳамла ба қаламрави якдигар муттаҳам мекунанд. Дар ҷараёни даргириҳои ахири миёни ду ҷумҳурии Қафқози Ҷанубӣ даҳҳо нафар аҳолии бегуноҳ ҷон додааст.

Ингуна даргириҳои шадид дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз соли 1994 мушоҳида нашуда буд – он замон даргириҳо хомуш шуда буд, аммо базҳс идома дошт.

Қонунанд Қаробоғи Кӯҳӣ қаламрави Озарбойҷон ба ҳисоб меравад, вале дар соли 1991 баъд аз баргузории овоздиҳии умумии ҷумҳурӣ истиқлолияти худро эълон кард.

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳон истиқлолияти ҷумҳурии  Қаробоғи Кӯҳиро касе ба расмият нашинохтааст. Таърихан дар Қаробоғи Кӯҳӣ арманиҳо зиндагӣ мекунанд.

Қарор аст, шоми 29-уми сентябр Шӯрои амнияти СММ ҷаласаи изтирориро барои баррасии ин низоъ барпо кунад, чун хатари ҷалби қудратҳои минтақавии Русияву Туркия ҳам ба миён омадааст.

213
Барчаспҳо:
оғоз, даргириҳо, баҳс, Озарбойҷон, Арманистон, Қарабоғи Кӯҳӣ
Пробирка с коронавирусом 2019-nCoV

Қазоқистон марзкушоиро ба рӯи дигар кишварҳо қатъ мекунад

0
(Таҷдидшуда 11:58 30.09.2020)
Мақомоти Қазоқистон пешниҳод дорад, ки дар робита бо авҷгирии дубораи коронавирус бозкушоии парвозҳо бо кишварҳо ба таваққуф гузошта шавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон пешниҳод дорад, ки аз 5 октябр бозкушоии парвозҳо бо дигар кишварҳо мутаваффиқ карда шавад, гуфт вазири тандурустии кишвар Алексей Тсой дар ҷаласаи ҳукуматӣ.

Ба гуфти ӯ ба далели бад шудани вазъи ҳамагирӣ дар кишварҳои хориҷа, барои пешгирии паҳншавии густурдаи коронавирус аз 5 октябр бозкушоии марзҳо ба рӯи дигар кишварҳо бояд ба таъхир гузошта шавад ва бо мамолике, ки аллакай парвозҳои мустақим кушода шудааст, шумораи парвозҳо набояд бештар шавад.

Қазоқистон қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш тағйир дод

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки эҳтимолан парвозҳо ба ҷониби Туркия кам карда шавад.

Вазир таъкид кард, барои шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои "категорияи дуввум" аз ҷумла - Швейтсария, Бритониё, Полша, Италия, Венгрия, дигар кишварҳои Урупо, ҳамчунин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саъудӣ, Ҳиндустон, Армнаистон, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон назорати санитарӣ ҷорӣ карда шавад.

Мушкилӣ дар марзи Қазоқистон нархи газро дар Тоҷикистон боз боло бурд

Ҳарорати бадани мусофирон бояд санҷида шуда, пурсишнома гузаронида шавад. Ҳамчунин мусофирон бояд санади манфӣ будани ташхиси коронавирусро пешниҳод кунанд.

Барои кишварҳои узви Созмони иқтисодии УрОсиё ва Ӯзбекистон дар постҳои мошингузар низ, вазир чунин талаботро ҳатмӣ гуфт.

0
Барчаспҳо:
кишварҳо, боз, марзбандӣ, Қазоқистон