Русия дар ҷаҳон аввалин шуда, ваксинаи зидди коронавирусро сохт - видео

880
(Таҷдидшуда 16:03 14.08.2020)
Кишвардори Русия Владимир Путин рӯзи 11 - уми август аз сабти ном шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус, ки сохти Русия мебошад, хабар дод

Зимнан, раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки ваксинаи мазкурро яке аз духтарони ӯ дар худ озмоиш намуд ва дар рӯзҳои аввал ҳарорати бадани ӯ аз 37 дараҷа баланд буд.

Ваксинаи алайҳи коронавирус, ки Русия дар ҷаҳон аввалин шуда сохт номи "Спутник V" - ро гирифт.

Мутахассисон мегӯянд, дар сурати ду маротиба ваксин шудан, инсон алайҳи ин маризӣ то 2 сол масуният пайдо мекунад.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

Ваксинаи мазкур сар аз моҳи сентябр мавриди истифода қарор мегирад.

Аммо кишварҳои Ғарб ваксини сохти Русияро мавриди танқид қарор додаанд, вале Вазорати тандурустии Русия дар ҷавоб изҳор доштааст, ки "эҳтимол ҳамкорони хориҷӣ, бартариҳои доруи русиро эҳсос мекунанд".

880
Барчаспҳо:
маризӣ, дору, ҷаҳон, Русия

Тоҷикистон дар навбат: кадом кишварҳо мехоҳанд аз Русия бар зидди COVID-19 даво бихаранд

75
(Таҷдидшуда 18:29 22.09.2020)
Аксари кишварҳои ҷаҳон барои харидории воксинаи сохти Русия - "Спутник V" алоқамандӣ пайдо карданд. Аксари кишварҳои хориҷи наздик омода ҳастанд аз Русия ин ваксинаро харидорӣ намоянд

Дар Русия ба сохти воксинаи зидди вируси корона ҳанӯз моҳи январи соли 2020 оғоз карда буданд. Ба сохти воксина якбора чанд гурӯҳи олимон шурӯъ карданд.

Дар ниҳоят Вазорати тандурустии Русия аввалин воксинаи зидди вируси коронаро дар моҳи августи соли равон ба қайд гирифт. Ин воксина аз сӯи маркази тадқиқотии зиддиэпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи кашф карда шуд ва сохти ин даво дар ҳамкорӣ бо бунёди сармояҳои мустақими Русия сурат мегирад.

Дар ниҳоят ин воксина комилан безарар дониста шуд. Ин даво метавонад бар муқобили вируси корона мубориза барад. Сипас аз самаранокии ин воксина маҷалаи бонуфузи The Lancet мақолае чоп кард.

Русия дар ҳоли ҳозир, аз кишварҳои хориҷӣ ба андозаи як миллиард адад воксина дархост қабул кардааст. Аз ҷумла Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Аморати муттаҳидаи Араб, Филипин, Мексика, Венесуэлло, Молдова ва Озарбойҷон омодагии худро барои харидории ин воксина эълон карданд.

Нахустин кишваре, ки ба воксинаи зидди вируси корона дастрасӣ пайдо мекунад, ин Белорус мебошад.

Инчунин Руся созишнома барои фуруши воксина бо Қазоқистон низ ба имзо расонидааст. Тибқи ин созишнома ба Қазоқистон беш аз миллион адад воксина дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ хариди ин воксинаро баррасӣ доранд.

75
Барчаспҳо:
ҷаҳон, кишварҳо, Русия, харидорӣ, навбат, Тоҷикистон

Марди чинӣ тавонист моҳиҳоро футболбоз кунад: навори аҷиб

452
Сокини шаҳри Сзиян, Ян Тсянсин тавонист моҳиҳои тиллоиӣ дохили аквариумро футболбоз кунад. Акнун дар шароити қарантин, номбурда дар манзили зисташ мустақиман бозии футболро тамошо карда, роҳат мекунад

Ян Тсянсин аквариумро барои майдони футбол муҷҷаҳаз карда, ба "дастаи тиллоӣ" қоидаҳои бозӣ кардани футболро фаҳмондааст.

"Ман тамоман интизор надоштам, ки онҳо ба футбол майл пайдо кунанд. Баъде, ки ба тамринашон машғул шудам, дарк намудам, ки бозии футбол барояшон шавқовар аст ва бо туб кор карданро нағз мебинанд", - изҳор доштаст Ян.

Барои бозии хуб моҳиҳоро ҳадя интизор аст. Аниқтараш, барои ҳар як голи ба самар ӯ муаллифи голро зиёфат медиҳад.

Сайди моҳӣ дар Тоҷикистон чаро ва то кай мамнӯъ аст?

Раванди бозиии "дастаи тиллои" - ро Ян дар TikTok мегузорад ва моҳиҳо аллакай чандин тамошобинро сарҷамъ овардаанд.

Зимнан, худи Ян Тсянсин мегӯяд, дар оянда нақшаи баргузор кардани мусобиқаи футбол миёни дастаҳои  моҳиҳоро дорад.

452
Барчаспҳо:
навор, футбол, моҳӣ, Чин

Вазорати тандурустӣ: шабонарӯзи гузашта боз 44 ҳодисаи нави бемории COVID-19 сабт шуд

0
(Таҷдидшуда 19:02 22.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон дар шабонарӯзи гузашта боз 44 мавриди ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 110 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

“Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 44 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9432  нафар баробар гардид”, - таъкид доштааст вазорати тандурустӣ.  

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки то санаи  22 сентябр дар кишвар  8199  (86,9%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз тамоми сокинони кишвар хостааст, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

0
Барчаспҳо:
нашр, омор, Вазорати тандурустӣ, вазорат, фавт, вируси корона, Тоҷикистон