001: кортежи президенти Тоҷикистон ба навор афтод - видео

5715
(Таҷдидшуда 19:56 17.08.2020)
Наворе, ки дар он кортежи президенти Тоҷикистон аз ҳавлии мактабе берун мешавад дар интернет паҳн шудааст

Дар интернет наворе пайдо шудааст, ки дар он баромадани кортежи президент аз ҳавлии яке аз мактабҳои Душанбе дарҷ гардидааст.

Аз навор дида мешавад, чӣ гуна кортеж бо рақамҳои давлатии 001 ҳавлии мактабро тарк мекунад.

Кормандони милитсия, ки дар канори роҳҳо саф кашидаанд, ба раҳбари ҳукумат "чест" медиҳанд.

Чун дар дигар кишварҳо, кортежи президенти Тоҷикистонро низ мошини БДА ҳамроҳӣ мекунад.

Ва пасон чуноне аз навор бармеояд, мошинҳои сиёҳшишаи зиреҳпӯш ба роҳ медароянд.

Кортеж"-и Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаҳои Тошканд (ВИДЕО)

Маълум аст, ки бо мақсади бехатарӣ касе намедонад, ки президент дар кадом мошин қарор дорад.

5715
Барчаспҳо:
кортеж, президент, Тоҷикистон

Марди чинӣ тавонист моҳиҳоро футболбоз кунад: навори аҷиб

227
Сокини шаҳри Сзиян, Ян Тсянсин тавонист моҳиҳои тиллоиӣ дохили аквариумро футболбоз кунад. Акнун дар шароити қарантин, номбурда дар манзили зисташ мустақиман бозии футболро тамошо карда, роҳат мекунад

Ян Тсянсин аквариумро барои майдони футбол муҷҷаҳаз карда, ба "дастаи тиллоӣ" қоидаҳои бозӣ кардани футболро фаҳмондааст.

"Ман тамоман интизор надоштам, ки онҳо ба футбол майл пайдо кунанд. Баъде, ки ба тамринашон машғул шудам, дарк намудам, ки бозии футбол барояшон шавқовар аст ва бо туб кор карданро нағз мебинанд", - изҳор доштаст Ян.

Барои бозии хуб моҳиҳоро ҳадя интизор аст. Аниқтараш, барои ҳар як голи ба самар ӯ муаллифи голро зиёфат медиҳад.

Сайди моҳӣ дар Тоҷикистон чаро ва то кай мамнӯъ аст?

Раванди бозиии "дастаи тиллои" - ро Ян дар TikTok мегузорад ва моҳиҳо аллакай чандин тамошобинро сарҷамъ овардаанд.

Зимнан, худи Ян Тсянсин мегӯяд, дар оянда нақшаи баргузор кардани мусобиқаи футбол миёни дастаҳои  моҳиҳоро дорад.

227
Барчаспҳо:
навор, футбол, моҳӣ, Чин

Дастури Лукашенко барои марзбандӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳад-видео

162
(Таҷдидшуда 14:23 19.09.2020)
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки кишвараш сарҳад бо Лаҳистон ва Литваро мебандад

Лукашенко инчунин таъкид кардааст, ки Белорус ҳифзи сарҳад бо Украинаро таҳким мебахшад.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Белорусия, “нисфи артиш”-и кишвар барои ҳифзи сарҳадҳои ғарбӣ равона мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар наздикии марз бо Украина ҳудуди ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ҷамъ шудаанд.

Аз ҷумла хасидҳо, гуруҳи зоирини яҳудиҳо дар марзи Белорус ва Украина дармондаанд, ки бо нияти таҷлили иди анъанавии Рош ха-Шана дар рӯзи 18-уми сентябр азми сафар ба шащри украинии Уманро доштаанд.

Лукашанко дар бораи Конститутсияи нав: тағйирот на ҳамеша пешравист-видео

Аммо гузаргоҳи марзии “Новые Яриловичи” аз ҷониби Украина баста шуда буд. Бо вуҷуди ин зиёда аз 2,5 ҳазор зоирин-хасидҳо тавонистаанд ба шаҳри Уман худро расонанд.

Лукашенко ҳанӯз моҳи август ба далели сиёсати Вилнюс дар самти пуштибонии мухолифини Белорус, ба Ҳукумат дастур дода буд, ки самтҳои тиҷоратиро тағйир диҳанду ба ҷои бандарҳои Литва роҳҳои дигар, аз ҷумла Русияро интихоб кунанд.

162
Барчаспҳо:
марзӣ, Белорус
Встреча Махмадтуара Зокирзода с Улугбеком Иноятовым

Зокирзода: миёни Душанбеву Тошанканд барои ҳамкорӣ тамоми шароит фароҳам аст

0
Нахустин ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имрӯз дар Душанбе доир гашт

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ӯзбекистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов мулоқот намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба хушнудӣ карданд.

 “Барои мо хеле муҳим аст, ки имкони деринаи муошират ва муҳокимаи масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои неки ҳамсоягии мо ба вуҷуд омад. Сафари Шумо ба Тоҷикистон таҷассумгари равобити барқароршудаи мост ва мо онро нишонаи равшани шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мекунем” -афзуд дар оғози мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин аз иқдомоти накуи ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намудаст, ки мо бояд ин анъанаҳоро ҳифз намоем, зеро Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд.

Боиси хушнудист, ки дар муддати кӯтоҳ мо метавонем муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав барорем ва ин равобит ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои баӣналмилалии парлумонӣ рушд меёбанд.

Барои мо имкониятҳои васеъ ҷиҳати амалисозии пурраи тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионии кишварҳоямон ва тақвияти мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона фароҳам оварда шудааст.

Имрӯз, аллакай, ба мушоҳида мерасад, ки созишномаҳои бадастомада кор мекунанд. Ҳарду кишвар раводидҳоро то 30 рӯз бекор карданд ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро амиқтар карданд.

Дар фарҷоми суханҳо мехоҳам таъкид намоям: мо итминон дорем, ки дар шароити рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Узбекистон муносибатҳои парлумонҳои мо низ бо мазмун ва мундариҷаи нав густариш хоҳанд ёфт.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар рафти суҳбат доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, робитаҳои густурдаи баӣнипарлумониро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

0
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Тошканд, Душанбе, Парлумон, Маҳмадтоир Зокирзода