Зӯрозмоии дидании размикорони Тоҷикистон ва Қирғизистон - видео

753
(Таҷдидшуда 12:55 23.08.2020)
Дар саҳифаи варзишӣ дар Youtube якбора ду рақобати варзишкорони Осиёи Марказӣ - аз Тоҷикистон ва Қирғизистон нашр шудааст

Размикорони касбии Тоҷикистон ва Қирғизистон яке паси дигар ба октагон баромада қувваи худро санҷиданд.

Муҳорибаҳо дар доираи сабқати FFC баргузор шуд. Ин рақобатҳо авохири соли 2019 гузаронида шуда буданд, вале танҳо ин замон дар шабакаи Youtube барои ҳаводорони ин навъи варзиш нашр шуданд.

Размикори ММА бо усули ғайримаъмулӣ рақибашро аз пой зад - видео

Дар бахши аввал дар ин рақобат варзишкор аз Тоҷикистон Бахтовар Ҳалимов бо рақиби қирғизиаш Отабек Мамадҷонов ба октагон баромад. Дар ин сабқат Ҳалимов рақиби худро дар бахши аввал бо усули хайкик мағлуб кард.

Сабқати варзишкори тоҷикистонӣ Рамзес Мамиров ва рақиби қирғизистонияш Бекмирзой Достматов се бахш идома кард.

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

Ин сабқат бо қарори доварон ба нафъи варзишкори қирғиз анҷом ёфт.

753
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, размикор, рақобат, Қирғизистон, Тоҷикистон

Идомаи даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ

60
(Таҷдидшуда 17:15 29.09.2020)
Даргириҳои миёни нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон дар қаламрави минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ дубора оғоз шуд

Санаи 27 сентябр дар қаламрави ҷумҳурии эътирофнашуда даргириҳо оғоз шуданд. Арманисон ва Озарбойҷон ҳамдигарро дар доман задани низоъ гунаҳгор карданд.

Ҳар ду кишвар ҳамдиггарро дар ҳамла ба қаламрави якдигар муттаҳам мекунанд. Дар ҷараёни даргириҳои ахири миёни ду ҷумҳурии Қафқози Ҷанубӣ даҳҳо нафар аҳолии бегуноҳ ҷон додааст.

Ингуна даргириҳои шадид дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз соли 1994 мушоҳида нашуда буд – он замон даргириҳо хомуш шуда буд, аммо базҳс идома дошт.

Қонунанд Қаробоғи Кӯҳӣ қаламрави Озарбойҷон ба ҳисоб меравад, вале дар соли 1991 баъд аз баргузории овоздиҳии умумии ҷумҳурӣ истиқлолияти худро эълон кард.

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳон истиқлолияти ҷумҳурии  Қаробоғи Кӯҳиро касе ба расмият нашинохтааст. Таърихан дар Қаробоғи Кӯҳӣ арманиҳо зиндагӣ мекунанд.

Қарор аст, шоми 29-уми сентябр Шӯрои амнияти СММ ҷаласаи изтирориро барои баррасии ин низоъ барпо кунад, чун хатари ҷалби қудратҳои минтақавии Русияву Туркия ҳам ба миён омадааст.

60
Барчаспҳо:
оғоз, даргириҳо, баҳс, Озарбойҷон, Арманистон, Қарабоғи Кӯҳӣ

Душман аз осмон нобуд шуд: навори тамринҳои чархболҳои Ми-24дар Тоҷикистон

265
(Таҷдидшуда 17:53 28.09.2020)
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон тамринҳои низомӣ анҷом дод. Дар ин тамринҳо чархболҳои Ми-24 душманони шартиро нобуд карданд

Чархболҳои пойгоҳи низомии Русия дар майдони тирандозии Самбули Тоҷикистон тамринҳои низоми баргузор намуданд. Дар ин таминҳо ҳадафҳои кашшофӣ ва тиандозиву мушакпартоӣ бар зидди душманлни шартӣ анҷом дода шуд.

Чархболҳои Ми-24 Русия душманони шартиро дар шароити кӯҳистонӣ пайдо намуда онҳоро тавасути мушакҳову бомбҳо набуд карданд.

Дар навори вазорати дифои Русия  лаҳзаҳои ҷаззоби ин тамринҳо бо иштироки чархболҳои артиши Русия ба нмоиш гузошта шудааст.

Пойгоҳи низомии 201 калонтарин қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия берун аз ҳудуди он ба шумор меравад.

Русия дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтари Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад, ки тибқи шартномаи дуҷонибаи моҳи октябри соли 2012 ин пойгоҳ бояд то соли 2042 дар ин ҷо бимонанд. Теъдоди низомиёни Русия дар хоки Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор нафар ҳисоб шуда, ин бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз он кишвар аст.

265
Барчаспҳо:
чархбол, осмон, тамринҳои низомӣ, Пойгоҳи низомии "201"-и Русия, Тоҷикистон
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода

"Соҳибкор бо соҳибкор": Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид

20
(Таҷдидшуда 18:26 29.09.2020)
Беш аз 300 нафар дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкта карда, бо фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика ошно шуданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар доираи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати рушди иқтисод, Завқизода дар ин нишаст қайд карда, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромад.

Манбаъ қайд карда, ки бо дастгирии ду кишвардор, баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар Форуми мазкур беш аз 300 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду давлат иштирок намудаанд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

"Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии ду ҷониба - соҳибкорони ду давлат дар сиғаи "Соҳибкор бо Соҳибкор" (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд додаанд.

Манбаъ афзуда, ки тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор менамоянд.

20
Барчаспҳо:
пешниҳодот ба ҷониби Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Форум, иқтисод, Душанбе