(78:39 / 1234.07Mb / просмотров видео: 7)

Маросими ифтитоҳи бозиҳои "АРМИ - 2020" дар Маскав

106
(Таҷдидшуда 18:12 23.08.2020)
Имрӯз, 23 август дар боғи "Патриот" - и Кубинкаи вилояти Маскав маросими ифтитоҳи бозиҳои байналмилалии "АРМИ - 2020" ҷараён дорад

Аз 23 август то 5 сентябр дар доираи Бозиҳои VI-уми байналмилалии артишӣ "АрМИ-2020" озмуни "Биатлони танкӣ" баргузор мегардад. Зимни баргузории ин озмун, пурзӯртарин экипажи танкӣ муайян карда мешавад.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии биатлони танкии Русия, хусусияти Бозиҳои дарпешистода, дар муқоиса бо бозиҳои қаблӣ дар ин аст, ки онҳо бо Ҳамоиши VI-уми байналмилалии ҳарбӣ-техникии "АрМИ-2020" аз 23 то 29 август якҷо баргузор мешаванд.

Танкчиёни тоҷик дар бозиҳои байналмилалии "АрМИ-2020" ширкат мекунанд

Аз Тоҷикистон 4 экипажи танкӣ зери раҳбарии муовини фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ Маҳмадалӣ Ашуров дар озмуни "Биатлони танкӣ" ширкат меварзанд.

Танкчиёни Тоҷикистон дар панҷ чемпионати қаблии "Биатлони танкӣ" бомуваффақият баромад карда, соҳиби мукофоти гуногун шудаанд.

 

106
Барчаспҳо:
биатлони танкӣ, армия, Русия

Душман аз осмон нобуд шуд: навори тамринҳои чархболҳои Ми-24дар Тоҷикистон

221
(Таҷдидшуда 17:53 28.09.2020)
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон тамринҳои низомӣ анҷом дод. Дар ин тамринҳо чархболҳои Ми-24 душманони шартиро нобуд карданд

Чархболҳои пойгоҳи низомии Русия дар майдони тирандозии Самбули Тоҷикистон тамринҳои низоми баргузор намуданд. Дар ин таминҳо ҳадафҳои кашшофӣ ва тиандозиву мушакпартоӣ бар зидди душманлни шартӣ анҷом дода шуд.

Чархболҳои Ми-24 Русия душманони шартиро дар шароити кӯҳистонӣ пайдо намуда онҳоро тавасути мушакҳову бомбҳо набуд карданд.

Дар навори вазорати дифои Русия  лаҳзаҳои ҷаззоби ин тамринҳо бо иштироки чархболҳои артиши Русия ба нмоиш гузошта шудааст.

Пойгоҳи низомии 201 калонтарин қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия берун аз ҳудуди он ба шумор меравад.

Русия дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтари Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад, ки тибқи шартномаи дуҷонибаи моҳи октябри соли 2012 ин пойгоҳ бояд то соли 2042 дар ин ҷо бимонанд. Теъдоди низомиёни Русия дар хоки Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор нафар ҳисоб шуда, ин бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз он кишвар аст.

221
Барчаспҳо:
чархбол, осмон, тамринҳои низомӣ, Пойгоҳи низомии "201"-и Русия, Тоҷикистон

Лавров дар бораи “Маҷрои Шимол 2”: барои Олмон ин масъалаи номус аст-видео

146
(Таҷдидшуда 20:48 27.09.2020)
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, ИМА тариқи оммавӣ ба паст задани Иттиҳоди Аврупо ва махсусан Олмон машғул мебошад

Лавров дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои эронияш, Муҳаммад Ҷавод Зариф, зимни нишасти матбуотӣ, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи сохтмони лӯлаи газ “Маҷрои Шимол – 2” гуфт.

“Мо мебинем, ки чигуна ИМА ҳамарӯза тариқи оммавӣ талош мекунанд, Иттиҳоди Аврупоро паст зананд ва пеш аз ҳама Олмонро. ИМА аз забони намояндагони расмияш аз Олмон талаб мекунад, ки бахташро дарк кунаду амнияти энергетикияшро таъмин созад”, - изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия.

Ба гуфтаи Лавров таҳримҳои амрикоӣ алайҳи лӯлаи газ ба он равона шудаанд, ки аврупоиҳоро водор созанд, гази ба маротиб қимати моеъро аз ИМА харанд.

Вазири умури хориҷии Русия илова намуд, ки раёсати ИМА талош дорад, ин иқдомашро ҳамчун “таҳкими амнияти энергетикии Аврупо” шарҳ диҳад.

Ба гуфтаи Лавров, акнун барои Олмон анҷоми сохтмони лӯлаи “Маҷрои шимол – 2” барои Олмон масъалаи нангу номус аст.

146
Барчаспҳо:
Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Русия
Панорама города Худжанд, архивное фото

Қаҳрамонии як мансабдори БДА: донишҷӯдухтарро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот додааст

0
(Таҷдидшуда 00:08 29.09.2020)
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) Суғд шоми гузашта бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишдухтари тақрибан 18 сола ба қасди худкушӣ худро аз болои купрук (мост) ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қойиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурурафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқуллода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

“Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаъри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз худғарқкунӣ наҷот дода шуд”, иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилоъи манбаъ, зимнан донишҷудухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд.

Хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо вақтҳои ахир зиёд ба нашр мерасад.

Фоҷиа дар Ғарм: модари ҷавон бо се фарзандаш худро ба дарё андохт

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон низ аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод.

Бар пояи эълони КҲФ зани 31 солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 солааш ба коми дарёи Вахш задааст.

0
Барчаспҳо:
худкушӣ, наҷот, БДА, Суғд, Тоҷикистон