Қасри нави тенниси Душанбе ҳусне ба пойтахт зам кард - видео

161
(Таҷдидшуда 17:28 25.08.2020)
Маҷмааи нави варзишӣ дар пойтахти Душанбе барои варзишгарони тоҷик на танҳо "хона"- и варзишӣ гардид, балки ба зебогии пойтахт ҳусни дигаре бахшид

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори Қасри нави тенниси Душанбе нашр шудааст, ки моҳи августи соли 2020 дар маркази Душанбе ифтитоҳ гардид.

Шабона маҷмааи нав бо ҳазорон лампаҳои ҷилодиҳанда дурахшон мешаванд, ки аз баландӣ боз зеботар менамоянд. 

Афзун бар зебогии беруна ва иншоотҳои калон дар навор толорҳои дохили маҷмаа низ нишон дода мешаванд.

Дар навор майдонҳои варзишии масоҳати гуногун ва самти варзишӣ , ки дар маҷмаа ба кор даромаданд, намоиш дода мешаванд.

Дар сегонаи зебо, ки аз он маҷмаа иборат аст, майдони кушод бо ҳазорон ҷойи нишаст ва ҳавзи калони шиноварӣ барои варзишҳои обӣ низ ворид мешавад.

Даромадгоҳи маҷмааро панҷ ҳалқаи бо ҳам печида ва дихили маҷмааро парчамҳои Тоҷикистон оро медиҳанд.

 

Дар навор ҳамчунин нишон дода мешавад, ки дар қасри нави варзиш барои варзишкорон ҳам барои тамринҳои ҳамарӯза ва ҳам барои мусобиқаҳои байналмилалӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Вазишкорон дар толорҳои маҷмааи нав ба тамрин шурӯъ кардаанд.

161

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

49
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

49
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия

Аз тағйирёбии иқлим то камобии имсола: навори суҳбати Раҳмон дар СММ

149
(Таҷдидшуда 17:40 23.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар иҷлосияи 75-уми Маҷмааи умумии СММ аз коронавируси нав, вазъи Афғонистон, сулҳу субот ва тағйирёбии иқлим суҳбат кардбо хушнудӣ қабул дорад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.

“Тӯли 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон то як дараҷа баланд шудааст. Вобаста ба ин, шумораи рӯзҳои боришоти шадид ва шиддатнокии падидаҳои табиии гидрометеорологӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сол ба сол зиёни худро мерасонад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ зикр кард, Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар натиҷаи офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола садҳо миллион доллар зарар мебинад, аксари вақт чунин офатҳои табиӣ сабаби марги одамон мешаванд.

Ба гуфтаи Раҳмон, тӯли даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳиманд, ба мушоҳида мерасад.

“Аз 13 ҳазор пиряхе, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгир мебошад, то имрӯз як ҳазораш нобуд гардидааст. Ва ин ҳама дар ҳолест, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад”, - таъкид кард раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Амалиёти пулиси тоҷик дар Африқо ва пешбарии Тоҷикистон ба узвият дар Шӯрои амнияти СММ

Ӯ илова намуд, ки имсол бинобар боришоти кам дар фасли зимистон коҳиши назарраси захираҳои об дар дарёҳои минтақа ба қайд гирифта шуд, ки дар навбати худ боиси камобӣ дар мавсими обёрӣ ва хушксолии шадид гардид.

Дар ин росто, Раҳмон аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ даъват ба амал овард, ки ба экспедитсияи тадқиқоти пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мусоидат намоянд.

149
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ дар ҷаласаи СММ, Тоҷикистон-СММ