Танкчиёни тоҷик дар биатлони Алабино: пойгаҳи дуюм - пахши мустақим

124
(Таҷдидшуда 14:06 28.08.2020)
Дастаи танкчиёни Тоҷикистон дар биатлони Алабино маротибаи дуюм вориди пойгоҳ мешаванд ва маҳорати худро нишон медиҳанд

Мусобиқаи биатлони тонкӣ дар полигони Алабино дар наздикии Маскав идома дорад.

Дастаҳои дивизиони дуюм бо ҳам рақобат мекунанд.

Тоҷикистон дар биатлони танкӣ ҷои дувумро гирифт - видео

Низомиёни Тоҷикистон бояд худро дар рақобат бо рақибон аз Мянмар, Ветнам, Қатар, Осетияи Ҷанубӣ, Лаос, Конго нишон диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар сабқати аввал дар ҳайати Тоҷикистон механик-ронанда худро аъло нишон дод: даста сарфи назар аз хатогиҳо ҷои дуввумро гирифт.

124
Барчаспҳо:
навор, Биатлони танкӣ

Русия ба кишварҳои ИДМ ваксинаи тайёр медиҳаду ба дигарон истеҳсолашро меомӯзад-видео

299
(Таҷдидшуда 18:22 25.09.2020)
Русия гуфтааст, воксинаи тайёрро барои кишварҳо намефиристад, аммо омодааст таҷрибаи истеҳсоли доруро бо давлатҳои тавонманд тақсим кунад

Русия ваксинаи омодашударо ба таври зиёд ба хориҷи кишвар намефиристад.

Ба ҷойи ин, олимони Русия омодаанд, ки технологияи истеҳсоли доруро бо дигар кишварҳо тақсим кунанд.

Дар ин бора директори Пажӯҳишгоҳи ба номи Гамалея Александр Гунзбург гуфтааст.  Аммо ин равишро дар кишварҳои ИДМ наметавон татбиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ду ваксинаи дигар дар Русия озмоиш мешавад.

22 сентябри соли ҷорӣ Вазорати тандурустии Русия барои озмоишҳои клиникии доруи нав, ки аз ҷониби Академияи илмҳои Русия сохта шудааст, иҷозат дод.

Озмоишҳои ваксина, ки онро Маркази илмии “Вектор” таҳия кардааст, дар ҳоли анҷомёбист.

Чӣ гуна кишварҳои ҳамсоя метавонанд ваксинаи Русияро ба даст оранд ва чаро Русия омода аст таҳаввулоти худро ошкор кунад – дар навор бубинед.

299
Барчаспҳо:
содирот, истеҳсол, дору, Русия

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

129
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

129
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия

Аксҳо аз макони суқути ҳавопаймо дар Украина: аксари сарнишинон курсантҳо буданд

0
(Таҷдидшуда 16:34 26.09.2020)
  • Ҳодисаи нохуш дар вилояти Харкова рух дод
  • Ҳавопаймо бо 28 сарнишин ба садама дучор шуд
  • Антон Герашенко муовини вазири корҳои дохила марги 22 сарнишинро тасдиқ кард
  • Дар дохили ҳавопаймо халабонон ва курсантони донишкадаи қувваҳои ҳавоии ба номи Кожедуб қарор доштанд
  • Ду нафар аз ин ҳодисаи нохуш зинда монданд
  • Ҳар дуи онҳоро фавран ба бемористон интиқол доданд
  • Аҳволи яке аз ҷароҳатбардоштагон вахим арзёбӣ мешавад
  • Ҷаҳор нафар аз сарнишинон то ҳол беному нишон ҳастанд
  • Наҷотбахшон ҳоло дар пайи пайдо кардани ч сарнишини ҳавопаймо мебошанд
  • Ҳавопаймо парвози таълимӣ анҷом дода буд
  • Гуфта мешавад, ҳавопаймо аснои фурӯд омадан ба садама дучор шуд
  • Ҳоло сабаби асосии суқути ҳавопаймо дақиқ мешавад
Бегоҳи рӯзи 25 - уми сентябр дар вилояти Харковаи Украина ҳавопаймои Ан - 26 ба садама дучор шуд. Бар асари суқути ҳавопаймо чандин нафар ҳалоку захмӣ ва бедарак шуданд

Ҳавопаймои Ан - 26 бо 28 нафар халабон дар вилояти Харкова суқут кард. Гуфта мешавад дар дохили ҳавопаймо бештар курсантҳо қарор доштанд.

Ҳавопаймо низ парвози таълимӣ анҷом дод ва аснои фурӯд омадан ба садама дучор шуд.

Муовини вазири умури дохилаи Украина дирӯз дар сафҳаи Фейсбукии худ навишт, ки 22 нафар  аз сарнишинони ҳавопаймо ҷон бохтанд.

Ҳеҷ касе наҷот наёфт: дар Эрон ҳавопаймои украинӣ суқут кард – акс аз ҷои ҳодиса

Аз ин ҳодисаи нохуш танҳо ду нафар ҷон ба саломат бурданд. Аммо пизишкон вазъи як нафар ҷароҳатбардоштаро бисёр вахим арзёбӣ мекунанд.

Зимнан, бар асари суқути ҳавопаймо чаҳор нафар бедарак гардиданд.

Феълан гурӯҳи наҷотбахшон 4 нафари гумшударо ҷустуҷӯ доранд.

0
  • Ҳодисаи нохуш дар вилояти Харкова рух дод
    © REUTERS / Vyacheslav Madiyevskyy

    A wreckage of the Ukrainian military Antonov An-26 plane is seen after crashing outside of Chuhuiv town, Ukraine, September 25, 2020.Madiyevskyy

  • Ҳавопаймо бо 28 сарнишин ба садама дучор шуд
    © AP / Emergency Situation Ministry

    In this TV grab released by Ukraine's Emergency Situation Ministry, an AN-26 military plane bursts into flames after it crashed in the town of Chuguyiv close to Kharkiv, Ukraine, late Friday, Sept. 25, 2020. Among 28 people on board 22 people were killed.

  • Антон Герашенко муовини вазири корҳои дохила марги 22 сарнишинро тасдиқ кард
    © Sputnik / Ministry of Internal Affairs of Ukraine

    Последствия крушения самолета Ан-26 под Харьковом. Изображение является раздаточным материалом, предоставлено третьей стороной. Только редакционное использование. Запрет на архивирование, коммерческое использование, рекламную кампанию.

  • Дар дохили ҳавопаймо халабонон ва курсантони донишкадаи қувваҳои ҳавоии ба номи Кожедуб қарор доштанд
    © REUTERS / Vyacheslav Madiyevskyy

    Rescuers inspect wreckages of the Ukrainian military Antonov An-26 plane after crashing outside of Chuhuiv town, Ukraine, September 25, 2020.

  • Ду нафар аз ин ҳодисаи нохуш зинда монданд
    © AP / Kharkiv Regional State Administration

    In this photo released by Kharkiv Regional State Administration, wreckage of an AN-26 military plane seen after it crashed in the town of Chuguyiv close to Kharkiv, Ukraine, late Friday, Sept. 25, 2020. A Ukrainian military plane carrying students at an aviation school crashed and burst into flames while landing, killing more than twenty people. Two other people on board were seriously injured and four people were missing.

  • Ҳар дуи онҳоро фавран ба бемористон интиқол доданд
    © REUTERS / State Emergency Service of Ukraine

    Rescuers work at the crash site of the Ukrainian military Antonov An-26 plane outside of Chuhuiv town, Ukraine September 25, 2020.

  • Аҳволи яке аз ҷароҳатбардоштагон вахим арзёбӣ мешавад
    © Sputnik / Sergey Odincov

    Последствия крушения самолета Ан-26 под Харьковом. Изображение является раздаточным материалом, предоставлено третьей стороной. Только редакционное использование. Запрет на архивирование, коммерческое использование, рекламную кампанию.

  • Ҷаҳор нафар аз сарнишинон то ҳол беному нишон ҳастанд
    © REUTERS / State Emergency Service of Ukraine

    Investigators work at the crash site of the Ukrainian military Antonov An-26 plane outside of Chuhuiv town, Ukraine September 25, 2020.

  • Наҷотбахшон ҳоло дар пайи пайдо кардани ч сарнишини ҳавопаймо мебошанд
    © AP /

    Wreckage of the AN-26 military plane is seen after it crashed in the town of Chuguyiv close to Kharkiv, Ukraine, late Friday, Sept. 25, 2020. A Ukrainian military plane carrying students at an aviation school crashed and burst into flames while landing, killing more than twenty people. Two other people on board were seriously injured and four people were missing.

  • Ҳавопаймо парвози таълимӣ анҷом дода буд
    © Sputnik / Sergey Odincov

    Последствия крушения самолета Ан-26 под Харьковом. Изображение является раздаточным материалом, предоставлено третьей стороной. Только редакционное использование. Запрет на архивирование, коммерческое использование, рекламную кампанию.

  • Гуфта мешавад, ҳавопаймо аснои фурӯд омадан ба садама дучор шуд
    © Sputnik / Sergey Odincov

    Последствия крушения самолета Ан-26 под Харьковом. Изображение является раздаточным материалом, предоставлено третьей стороной. Только редакционное использование. Запрет на архивирование, коммерческое использование, рекламную кампанию.

  • Ҳоло сабаби асосии суқути ҳавопаймо дақиқ мешавад
    © Sputnik / Sergey Odincov

    Последствия крушения самолета Ан-26 под Харьковом. Изображение является раздаточным материалом, предоставлено третьей стороной. Только редакционное использование. Запрет на архивирование, коммерческое использование, рекламную кампанию.

Барчаспҳо:
суқут, ҳавопаймо, Украина