(86:06 / 1418.02Mb / просмотров видео: 1)

Ширкати Владимир Путин дар дарси кушод: пахши мустақим анҷом ёфт

189
(Таҷдидшуда 15:26 01.09.2020)
Президенти Русия Владимир Путин дар дасри кушоди умумирусиягӣ ба муносибати Рӯзи дониш ширкат мекунад

Имсол дарси кушод ба 75-солагии Рӯзи Пирӯзӣ бахшида шудааст. Дар ин дарс ширкаткунандагон масъалаҳои вобаста ба дарс ва кор дар мактабҳо ва саҳми насли наврас дар ақибгоҳро баррасӣ мекунанд.

Барандаи дарси кушоди имрӯза, ғолиби озмуни "Омӯзгори сол - 2019" аз Камчатка - Виктория Скрипникова ва журналист Яна Чурикова мебошанд.

Гуфта мешавад, ки дар рафти дарси кушод аксияҳои моҳи "Тағйироти бузург" ва "Хотираҳо барои оянда" оғоз бахшида мешавад.

Меҳмони ассосии ин дарс, президенти Русия Владимир Путин хоҳад буд.

"Президент дар дарси кушоди умумирусиягӣ тариқи видео ширкат хоҳад кард", - гуфт сухангӯи раҳбари кишвар Дмитрий Песков.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта президенти Русия дар дарси кушод дар бораи интихоби касб нақл карда буд.

189
Барчаспҳо:
дарс, Владимир Путин, Русия, Русия

Дастури Лукашенко барои марзбандӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳад-видео

142
(Таҷдидшуда 14:23 19.09.2020)
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки кишвараш сарҳад бо Лаҳистон ва Литваро мебандад

Лукашенко инчунин таъкид кардааст, ки Белорус ҳифзи сарҳад бо Украинаро таҳким мебахшад.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Белорусия, “нисфи артиш”-и кишвар барои ҳифзи сарҳадҳои ғарбӣ равона мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар наздикии марз бо Украина ҳудуди ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ҷамъ шудаанд.

Аз ҷумла хасидҳо, гуруҳи зоирини яҳудиҳо дар марзи Белорус ва Украина дармондаанд, ки бо нияти таҷлили иди анъанавии Рош ха-Шана дар рӯзи 18-уми сентябр азми сафар ба шащри украинии Уманро доштаанд.

Лукашанко дар бораи Конститутсияи нав: тағйирот на ҳамеша пешравист-видео

Аммо гузаргоҳи марзии “Новые Яриловичи” аз ҷониби Украина баста шуда буд. Бо вуҷуди ин зиёда аз 2,5 ҳазор зоирин-хасидҳо тавонистаанд ба шаҳри Уман худро расонанд.

Лукашенко ҳанӯз моҳи август ба далели сиёсати Вилнюс дар самти пуштибонии мухолифини Белорус, ба Ҳукумат дастур дода буд, ки самтҳои тиҷоратиро тағйир диҳанду ба ҷои бандарҳои Литва роҳҳои дигар, аз ҷумла Русияро интихоб кунанд.

142
Барчаспҳо:
марзӣ, Белорус

Омодагӣ машқҳои низомии “Қафқоз-2020”: Тоҷикистон ҳамчун нозир даъват шудааст

84
Низомиёни Белорус ва Чин барои иштирок дар машқҳои байналмилалии низомӣ “Қафқоз-2020” ба вилояти Астрахани Русия омаданд

Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз хоҳанд шуд. Низомиён каме пештар барои иштирок дар машқҳо омодагӣ мегиранд. Низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои машқҳо омода месозанд.Қафқоз-2020. 

Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида мешаванд.

Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок хоҳанд кард.

Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.

Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ҳамчун нозир даъват шудаанд.  

Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.

84
Барчаспҳо:
Белоруссия, Чин, Русия, Астрахан, Қафқоз, машқҳои ҳарбӣ, машқҳо, Тоҷикистон
Вице-премьер Узбекистана Уктам Барноев

Вируси сархур: бар асари COVID-19 муовини сарвазири Ӯзбекистон даргузашт

0
(Таҷдидшуда 15:39 20.09.2020)
Имрӯз дар шаҳри Тошканд бар асари вируси корона муовини сарвазири Ӯзбекистон Уктам Барноев даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Имрӯз муовини сарвазири Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ ва ҳифзӣ амнияти ғизоӣ Уктам Барноев даргузашт, иттилоъ додааст хабаргузории UzNews.uz дар истинод ба наздикони ӯ.

Гуфта шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дар сини 56-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тибқи иттилои расмӣ Уктам Барноев бар асари вируси корона даргузаштааст.

Таъкид шудааст, ки муовини сарвазири Ӯзбекистон дер боз аз вируси корона дар Олмон табобат мегирифт. Як ҳафта пеш ӯро ба як бемористонҳои шахсӣ дар Осиёи Марказӣ Аkfa Medline, ки дар шаҳри Тошканд воқеъ аст, интиқол доданд.

Уктам Барноев соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ хатмкунандаи Донишкадаи муҳандиси обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкандро хатм кардааст.

Оқои Барноев дар солҳои 2000 то соли 2002 дар вазорати кишоварзӣ ва захираҳои оби Ӯзбекистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кору фаъолият кардааст.   

Солҳои 2007 то 2008 Барноев ба ҳайи муовини аввали вазири кишоварзӣ ва захираҳои обӣ Ӯзбекистон кор кард. Сипас пас аз ин дар давоми ду сол Ҳокими вилояти Самарқанд кор кардааст.  Ҳамзамон ӯ соли 2016 ба ҳайси Ҳокими вилояти Бухоро низ кор кардааст.

Аз 6 июли соли 2020 ба вазифаи раиси Федератсияи аспарварӣ ва варзиш аспи Ӯзбекистон таъйин шуда буд.

0
Барчаспҳо:
Тошканд, муовини сарвазир, даргузашт, вируси корона, Ӯзбекистон