(232:49 / 3695.66Mb / просмотров видео: 21)

Тоҷикистон дар давраи нимниҳоии "Биатлони танкӣ" - пахши мустақим

157
(Таҷдидшуда 19:25 02.09.2020)
Дар Алабинои вилояти назди Маскав давраи нимниҳоии биатлони танкӣ дар ҳошияи мусобиқаҳои АрМИ-2020 баргузор мешавад

Имрӯз, 2 сентябр тимҳои Конго, Лаос ва Тоҷикистон дар биатлони танкӣ рақобат мекунанд.

Мақоми аввали Тоҷикистон дар сабқати "Биатлони танкӣ" дар Маскав

Ёдрас мешавем, дар давраҳои дувум ва севуми сабқат танкронҳои тоҷик байни экипажҳояшон дар гурӯҳи худ ҷои аввалро гирифта буданд.

 



157

Оғози машқҳои низомии “Қафқоз-2020”

11
(Таҷдидшуда 01:15 23.09.2020)
Машқҳои байналмилалии низомӣ “Қафқоз-2020” дар вилояти Астрахани Русия оғоз ёфтанд. Дар ин машқҳои низомӣ бе аз 80 ҳазор аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок хоҳанд кард

Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз ёфтанд. Таи ҳафтаи ахир  низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои иштирок дар машқҳои низомӣ омода карданд. 

Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида шуданд.

Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок доранд.

Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.

Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ба ҳайси нозир даъват шудаанд.  

Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.

11
Барчаспҳо:
Афсар, аскар, Астрахан, артиш, тамрин, машқи низомӣ, машқ, Русия

Тоҷикистон дар навбат: кадом кишварҳо мехоҳанд аз Русия бар зидди COVID-19 даво бихаранд

170
(Таҷдидшуда 18:29 22.09.2020)
Аксари кишварҳои ҷаҳон барои харидории воксинаи сохти Русия - "Спутник V" алоқамандӣ пайдо карданд. Аксари кишварҳои хориҷи наздик омода ҳастанд аз Русия ин ваксинаро харидорӣ намоянд

Дар Русия ба сохти воксинаи зидди вируси корона ҳанӯз моҳи январи соли 2020 оғоз карда буданд. Ба сохти воксина якбора чанд гурӯҳи олимон шурӯъ карданд.

Дар ниҳоят Вазорати тандурустии Русия аввалин воксинаи зидди вируси коронаро дар моҳи августи соли равон ба қайд гирифт. Ин воксина аз сӯи маркази тадқиқотии зиддиэпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи кашф карда шуд ва сохти ин даво дар ҳамкорӣ бо бунёди сармояҳои мустақими Русия сурат мегирад.

Дар ниҳоят ин воксина комилан безарар дониста шуд. Ин даво метавонад бар муқобили вируси корона мубориза барад. Сипас аз самаранокии ин воксина маҷалаи бонуфузи The Lancet мақолае чоп кард.

Русия дар ҳоли ҳозир, аз кишварҳои хориҷӣ ба андозаи як миллиард адад воксина дархост қабул кардааст. Аз ҷумла Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Аморати муттаҳидаи Араб, Филипин, Мексика, Венесуэлло, Молдова ва Озарбойҷон омодагии худро барои харидории ин воксина эълон карданд.

Нахустин кишваре, ки ба воксинаи зидди вируси корона дастрасӣ пайдо мекунад, ин Белорус мебошад.

Инчунин Руся созишнома барои фуруши воксина бо Қазоқистон низ ба имзо расонидааст. Тибқи ин созишнома ба Қазоқистон беш аз миллион адад воксина дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ хариди ин воксинаро баррасӣ доранд.

170
Барчаспҳо:
ҷаҳон, кишварҳо, Русия, харидорӣ, навбат, Тоҷикистон