(1:19 / 11.01Mb / просмотров видео: 1296)

Тоҷикистон ба даври финалии “Биатлони танкӣ” роҳ ёфт-видео

127
(Таҷдидшуда 17:54 03.09.2020)
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақсимоти холҳо дар дивизиони  дуюм пас аз  Мянмау Ветнам ва пеш аз Лаос қарор гирифтааст

Фардо  4 сентябр рақобати даври финалии танкчиёни дивизияи дуюм барпо мегардад.

Танкчиёни Тоҷикистон дар танки кабуд, Ветнам - дар танки зард ва Мянмаву Лаос - мутаносибан дар танки сабз ва сурх барои пирӯзӣ дар он мубориза мебаранд.

Имрӯз, экипажҳо ва кормандони техникии гурӯҳҳо нигоҳубини тонкҳо ва санҷиши силоҳро анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем “Биатлонм танкӣ” дар доираи мусобиқоти ARMI-2020 дар пойгоҳи Алабино воқеъ дар наздикии Маскав идома дорад.

127
Барчаспҳо:
сабқати танкчиён, танкчиёни тоҷик, Тоҷикистон

Лавров дар бораи “Маҷрои Шимол 2”: барои Олмон ин масъалаи номус аст-видео

31
(Таҷдидшуда 20:48 27.09.2020)
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, ИМА тариқи оммавӣ ба паст задани Иттиҳоди Аврупо ва махсусан Олмон машғул мебошад

Лавров дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои эронияш, Муҳаммад Ҷавод Зариф, зимни нишасти матбуотӣ, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи сохтмони лӯлаи газ “Маҷрои Шимол – 2” гуфт.

“Мо мебинем, ки чигуна ИМА ҳамарӯза тариқи оммавӣ талош мекунанд, Иттиҳоди Аврупоро паст зананд ва пеш аз ҳама Олмонро. ИМА аз забони намояндагони расмияш аз Олмон талаб мекунад, ки бахташро дарк кунаду амнияти энергетикияшро таъмин созад”, - изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия.

Ба гуфтаи Лавров таҳримҳои амрикоӣ алайҳи лӯлаи газ ба он равона шудаанд, ки аврупоиҳоро водор созанд, гази ба маротиб қимати моеъро аз ИМА харанд.

Вазири умури хориҷии Русия илова намуд, ки раёсати ИМА талош дорад, ин иқдомашро ҳамчун “таҳкими амнияти энергетикии Аврупо” шарҳ диҳад.

Ба гуфтаи Лавров, акнун барои Олмон анҷоми сохтмони лӯлаи “Маҷрои шимол – 2” барои Олмон масъалаи нангу номус аст.

31
Барчаспҳо:
Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Русия

Русия ба кишварҳои ИДМ ваксинаи тайёр медиҳаду ба дигарон истеҳсолашро меомӯзад-видео

346
(Таҷдидшуда 18:22 25.09.2020)
Русия гуфтааст, воксинаи тайёрро барои кишварҳо намефиристад, аммо омодааст таҷрибаи истеҳсоли доруро бо давлатҳои тавонманд тақсим кунад

Русия ваксинаи омодашударо ба таври зиёд ба хориҷи кишвар намефиристад.

Ба ҷойи ин, олимони Русия омодаанд, ки технологияи истеҳсоли доруро бо дигар кишварҳо тақсим кунанд.

Дар ин бора директори Пажӯҳишгоҳи ба номи Гамалея Александр Гунзбург гуфтааст.  Аммо ин равишро дар кишварҳои ИДМ наметавон татбиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ду ваксинаи дигар дар Русия озмоиш мешавад.

22 сентябри соли ҷорӣ Вазорати тандурустии Русия барои озмоишҳои клиникии доруи нав, ки аз ҷониби Академияи илмҳои Русия сохта шудааст, иҷозат дод.

Озмоишҳои ваксина, ки онро Маркази илмии “Вектор” таҳия кардааст, дар ҳоли анҷомёбист.

Чӣ гуна кишварҳои ҳамсоя метавонанд ваксинаи Русияро ба даст оранд ва чаро Русия омода аст таҳаввулоти худро ошкор кунад – дар навор бубинед.

346
Барчаспҳо:
содирот, истеҳсол, дору, Русия