Блогер дустдухтарашро масхара кард: ваннаи пур аз рангу ҳайрати корбарон

639
(Таҷдидшуда 20:05 04.09.2020)
Вебнамо (блогери) YouTube Кристен Хэнбӣ навореро нашр кардааст, ки дар он дустдухтарашро масхара кардааст. Ӯ ваннаро пур аз кафк кардаасту ба он ранг андохтааст, аммо ин амал корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба хашм овард

Духтар ҳамом мекунад ва вақте, ки баданашро хушк мекунад доду фиғонаш мебарояд. Сипас ӯ аз ванна бо ҳула берун меояд ва маълум мешавад бадану дасту пойҳояш ранг сабз гирифтанд.

Ба нақл аз хабаргузории РИА Новости, худи Хэнби ба ҳоли дустдухтараш механдид ва ӯро мегуфт ба “бадқаҳртарин смурф дар ҷаҳон” табдил ёфти.

Яке аз корбарони Твиттер ин наворро дар саҳифаи худ нашр кардааст ва таъкид кардааст, ки ин масхараро хандаовар намешуморад ва ин назар ҷонибдори зиёде пайдо кардааст.

“Ин кор метавонист ӯро ба ҳалокат расонад. Ранг набюояд бо бадан, чашм ва даҳон расад. Ин бисёр хатарнок аст. Ӯ бояд ба зуд ба пизишк муроҷиат кунад, чунки ин кор метавонад ба саломатиаш зарари ҷиддӣ расонад”, - таъкид дошт яке аз истифодабарон.

Баъзе аз корбарон Хэрбиро дар бе эҳтиромии дустдухтараш муттаҳам карданд.

“Дустдухтараш ба ӯ чӣ бади кардааст? ин гуна амалҳо танҳо пас аз ягон амал сурат мегирад. Ин гуна масхарабозӣ беҳуда сурат намегирад”, - ишора кардааст як корбар зери ин навор.

Вале нафароне ҳам пайдо шуданд, ки аз ин навор пуштибонӣ карданд.

“Ман фикр мекунам, ки аксари духтарон ин наворро маҳкум мекунанд. Агар чунин ҳолат бо писар рӯх медод, ҳама бар ҳоли ӯ механдиданд”, таъкид дошт яке аз корбарони Твиттер.

639

Русия ба кишварҳои ИДМ ваксинаи тайёр медиҳаду ба дигарон истеҳсолашро меомӯзад-видео

38
(Таҷдидшуда 17:29 25.09.2020)
Русия гуфтааст, воксинаи тайёрро барои кишварҳо намефиристад, аммо омодааст таҷрибаи истеҳсоли доруро бо давлатҳои тавонманд тақсим кунад

Русия ваксинаи омодашударо ба таври зиёд ба хориҷи кишвар намефиристад.

Ба ҷойи ин, олимони Русия омодаанд, ки технологияи истеҳсоли доруро бо дигар кишварҳо тақсим кунанд.

Дар ин бора директори Пажӯҳишгоҳи ба номи Гамалея Александр Гунзбург гуфтааст.  Аммо ин равишро дар кишварҳои ИДМ наметавон татбиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ду ваксинаи дигар дар Русия озмоиш мешавад.

22 сентябри соли ҷорӣ Вазорати тандурустии Русия барои озмоишҳои клиникии доруи нав, ки аз ҷониби Академияи илмҳои Русия сохта шудааст, иҷозат дод.

Озмоишҳои ваксина, ки онро Маркази илмии “Вектор” таҳия кардааст, дар ҳоли анҷомёбист.

Чӣ гуна кишварҳои ҳамсоя метавонанд ваксинаи Русияро ба даст оранд ва чаро Русия омода аст таҳаввулоти худро ошкор кунад – дар навор бубинед.

38
Барчаспҳо:
содирот, истеҳсол, дору, Русия

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

114
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

114
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия
Мусофирбар, акс аз бойгонӣ

“Ман подполковники милиса, мекушамат”: талаби ҷазо барои бетартибӣ дар мусофирбар-видео

0
(Таҷдидшуда 17:48 25.09.2020)
Марде, ки худро подполковники милиса гуфта, дар дохили мусофирбари пуродам дар маҳаллаи Текстили шаҳри Душанбе марди дигарро мавриди таҳқиру таҳдид қарор дод, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Ин мард, бо иддаои он, ки гӯиё ӯро аз пушти сараш задаанд, гиребони марди дигареро гирифта, бо дашномҳои дағал таҳдид мекунад, ки медаронад, мекушад.

“Ака даста бигир, илтимос, ман ягон гапи зиёдатӣ гуфтам, чит гуфтам? Илтимос”, - зора мекунад мард аз "подполковнике", ки бо қаҳр аз гиребонаш гирифта, таҳдиди дарондану куштан мекунад. Марди зӯргӯй иддао дорад, ки ӯро аз пушт задаанд, аммо ин қисмат дар навор сабт нашудааст.

Мусофирони дигар дар хитоб ба “подполковник” изҳор медоранд, ки “айбай ака, ин ҷо ҷои ҷамъиятиай”. Аммо марде, ки худро подполковник мегӯяд, аз гиребони марди дигар гирифта, дашномдиҳии дағалонаро идома медиҳад. Навори мазкурро саҳифаи Парвиз.Тв нашр кардаст, ки боиси баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Ин рафтори марде, ки худро милиса гуфт, норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, бархе хостори муҷозоти ӯ барои чунин батартибӣ шудаанд.

0
Барчаспҳо:
мусофирбар, бетартибӣ, ҷазо, Тоҷикистон