Амнияти фазои Тоҷикистону ИДМ: санҷиши низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоӣ-видео

264
(Таҷдидшуда 20:34 11.09.2020)
Нерӯҳои низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ ҳадафи санҷиш қарор гирифтанд, ки то куҷо метавонанд фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муҳофизат кунанд

Низомиёни 7 кишвар омодагии ҷангии низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии ИДМ-ро санҷиданд, хабар дод Вазорати мудофиаи Русия.

Ҳафт ҳавопаймо, аз ҷумла се мушакбари Ту-160 ва чор бомбафкани Ту-22М3, ба қисмати шарқии аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ равона шудаанд.

Ин ҳавопаймоҳо ҳадафи нерӯҳои навбатдори зиддиҳавоии Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва инчунин Русия қарор гирифтанд. Дар пайи ошкорсозӣ,  ҳарифи шартӣ аз ҷониби ҳавопаймоҳои Русия, Белорус ва Қазоқистон нобуд карда шуд.

Дар маҷмуъ ҳудуди 60 ҳавопаймои нерӯҳои низомӣ, ки ба размоиши ИДМ ҷалб шуда буданд, ба ҳаво баромаданд.

Дар размоиш ҳудуди 130 нуқтаи фармондеҳӣ дар қаламрави Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.

264
Барчаспҳо:
нерӯҳои марзбонӣ, размоиш, Тоҷикистон, ИДМ

Душман аз осмон нобуд шуд: навори тамринҳои чархболҳои Ми-24дар Тоҷикистон

230
(Таҷдидшуда 17:53 28.09.2020)
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон тамринҳои низомӣ анҷом дод. Дар ин тамринҳо чархболҳои Ми-24 душманони шартиро нобуд карданд

Чархболҳои пойгоҳи низомии Русия дар майдони тирандозии Самбули Тоҷикистон тамринҳои низоми баргузор намуданд. Дар ин таминҳо ҳадафҳои кашшофӣ ва тиандозиву мушакпартоӣ бар зидди душманлни шартӣ анҷом дода шуд.

Чархболҳои Ми-24 Русия душманони шартиро дар шароити кӯҳистонӣ пайдо намуда онҳоро тавасути мушакҳову бомбҳо набуд карданд.

Дар навори вазорати дифои Русия  лаҳзаҳои ҷаззоби ин тамринҳо бо иштироки чархболҳои артиши Русия ба нмоиш гузошта шудааст.

Пойгоҳи низомии 201 калонтарин қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия берун аз ҳудуди он ба шумор меравад.

Русия дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтари Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад, ки тибқи шартномаи дуҷонибаи моҳи октябри соли 2012 ин пойгоҳ бояд то соли 2042 дар ин ҷо бимонанд. Теъдоди низомиёни Русия дар хоки Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор нафар ҳисоб шуда, ин бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз он кишвар аст.

230
Барчаспҳо:
чархбол, осмон, тамринҳои низомӣ, Пойгоҳи низомии "201"-и Русия, Тоҷикистон

Лавров дар бораи “Маҷрои Шимол 2”: барои Олмон ин масъалаи номус аст-видео

146
(Таҷдидшуда 20:48 27.09.2020)
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, ИМА тариқи оммавӣ ба паст задани Иттиҳоди Аврупо ва махсусан Олмон машғул мебошад

Лавров дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои эронияш, Муҳаммад Ҷавод Зариф, зимни нишасти матбуотӣ, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи сохтмони лӯлаи газ “Маҷрои Шимол – 2” гуфт.

“Мо мебинем, ки чигуна ИМА ҳамарӯза тариқи оммавӣ талош мекунанд, Иттиҳоди Аврупоро паст зананд ва пеш аз ҳама Олмонро. ИМА аз забони намояндагони расмияш аз Олмон талаб мекунад, ки бахташро дарк кунаду амнияти энергетикияшро таъмин созад”, - изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия.

Ба гуфтаи Лавров таҳримҳои амрикоӣ алайҳи лӯлаи газ ба он равона шудаанд, ки аврупоиҳоро водор созанд, гази ба маротиб қимати моеъро аз ИМА харанд.

Вазири умури хориҷии Русия илова намуд, ки раёсати ИМА талош дорад, ин иқдомашро ҳамчун “таҳкими амнияти энергетикии Аврупо” шарҳ диҳад.

Ба гуфтаи Лавров, акнун барои Олмон анҷоми сохтмони лӯлаи “Маҷрои шимол – 2” барои Олмон масъалаи нангу номус аст.

146
Барчаспҳо:
Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Русия

Рубл боз паст шуду доллару евро боло рафт: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

0
(Таҷдидшуда 00:37 29.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Бар пояи овезаҳои бонкҳои кишвар имрӯз арзиши рубл дар бозори асъори кишвар дар ҳоли коҳишёбӣ буда, доллар ва евро гаронтар шудааст

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тибқи нишондодҳои ҳафтаи равон қурби рубл нисбат ба сомонӣ қариб то чаҳор сомонӣ коҳиш ёфт.

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши имрӯ 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1307сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1350 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3290 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0529  то 12.3000сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1355 то 0,1375 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 133 то 137 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1320 то 0,1400 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

0
Барчаспҳо:
евро, доллар, рубл, сомонӣ, қурби асъор, Тоҷикистон