Душман пушти дар: чаро генерали амрикоӣ мардуми кишварашро аз ҷанги бузург метарсонад?

252
Фармондеҳи нави нерӯи ҳавоии Амрико Чарлз Браун дар яке аз аввалин маърӯзаҳои худ таъкид кардааст, ки мардуми амрико бояд ба ҷанги бузург омодагӣ гиранд

Фармондеҳи нерӯи ҳавоии Амрико Чарлз Браун, цайд кардааст, ки шояд ин ҷанги бузург дар қаламрави Амрико сурат гирад.

Генерал, зикр кардааст артиши Амрико метавонад бо кишвари абарқудрате вориди ҷанг шавад, ки қудраташ баробар бо ИМА аст.

Вай гуфт, дар ин ҷанг талафоти инсонӣ бештар аз Ҷанги дувкми ҷаҳон хоҳад буд.   

Тибқи анъана генерали Чарлз Браун Русия ва Чинро рақибони муҳими Амрико донист ва дар бораи қудратмандшудани ин кишварҳо дар соҳаи низомӣ таъкид кард.

Генерали амрикоӣ бори дигар аз мақомоти ИМА талаб кард, ки маблағгузорӣ ба соҳаи дифои кишвар зиёд карда шавад. Ин дар ҳолест, ки буҷети дифоии Амрико бе ин ҳам нисбат ба тамоми кишварҳои дунё ба маротиб зиёд аст.

252
Барчаспҳо:
омодагӣ, ҷанг, амрикоӣ, генерал, нерӯҳои ҳавоии ИМА, Амрико

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

46
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

46
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия

Аз тағйирёбии иқлим то камобии имсола: навори суҳбати Раҳмон дар СММ

149
(Таҷдидшуда 17:40 23.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар иҷлосияи 75-уми Маҷмааи умумии СММ аз коронавируси нав, вазъи Афғонистон, сулҳу субот ва тағйирёбии иқлим суҳбат кардбо хушнудӣ қабул дорад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.

“Тӯли 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон то як дараҷа баланд шудааст. Вобаста ба ин, шумораи рӯзҳои боришоти шадид ва шиддатнокии падидаҳои табиии гидрометеорологӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сол ба сол зиёни худро мерасонад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ зикр кард, Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар натиҷаи офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола садҳо миллион доллар зарар мебинад, аксари вақт чунин офатҳои табиӣ сабаби марги одамон мешаванд.

Ба гуфтаи Раҳмон, тӯли даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳиманд, ба мушоҳида мерасад.

“Аз 13 ҳазор пиряхе, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгир мебошад, то имрӯз як ҳазораш нобуд гардидааст. Ва ин ҳама дар ҳолест, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад”, - таъкид кард раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Амалиёти пулиси тоҷик дар Африқо ва пешбарии Тоҷикистон ба узвият дар Шӯрои амнияти СММ

Ӯ илова намуд, ки имсол бинобар боришоти кам дар фасли зимистон коҳиши назарраси захираҳои об дар дарёҳои минтақа ба қайд гирифта шуд, ки дар навбати худ боиси камобӣ дар мавсими обёрӣ ва хушксолии шадид гардид.

Дар ин росто, Раҳмон аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ даъват ба амал овард, ки ба экспедитсияи тадқиқоти пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мусоидат намоянд.

149
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ дар ҷаласаи СММ, Тоҷикистон-СММ