Коронавирус дар тирамоҳ: чӣ гуна кишварҳои ИДМ алайҳи ин маризӣ мубориза мебаранд

185
(Таҷдидшуда 17:11 16.09.2020)
Ҳадс зада шуд, ки бо фаро расидани фасли тирамоҳ, авҷи маризии коронавирус боз боло меравад. Ҳоло аксар кишварҳои ИДМ аз мавҷи дуюми маризии коронавирус хабар медиҳанд

Тамоми кишварҳои ИДМ ҳамоно алайҳи маризии сироятии коронавирус мубориза мебаранд. Дар як қатор кишварҳо агар маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда лағв мешаванд, дар чанд давлати дигар чораҳои нави пешгирикунанда роҳандозӣ мешаванд.

Дар Тоҷикистон ҳамоно ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин маризӣ дари масҷидҳо баста буда, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ манъ аст.

Ҳамзамон, дар Арманистон низ ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар кишвар то соли 2021 қарантин эълон намудааст.

Қирғизистон бо Русия барои воридоти ваксина алайҳи коронавирус гуфтушунид мекунад

Дар Қазоқистон бошад, аслан рӯзҳои истироҳатӣ, чораҳо ва маҳдудиятҳои ҷорибуда, пурзӯртар мешаванд.

Русия, ки ҳоло ба истеҳсоли ваксина алайҳи ин вирус муваффақ шуд, аксар кишварҳои ИДм ба мисли  Тоҷикисону Қазоқистон, Озарбойҷону Белорус ва дигар давлатҳо хостори ба даст овардани ин ваксина ҳастанд.

185
Барчаспҳо:
навор, ИДМ, маризӣ, тирамоҳ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (738)

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

45
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

45
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия

Аз тағйирёбии иқлим то камобии имсола: навори суҳбати Раҳмон дар СММ

149
(Таҷдидшуда 17:40 23.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар иҷлосияи 75-уми Маҷмааи умумии СММ аз коронавируси нав, вазъи Афғонистон, сулҳу субот ва тағйирёбии иқлим суҳбат кардбо хушнудӣ қабул дорад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.

“Тӯли 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон то як дараҷа баланд шудааст. Вобаста ба ин, шумораи рӯзҳои боришоти шадид ва шиддатнокии падидаҳои табиии гидрометеорологӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сол ба сол зиёни худро мерасонад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ зикр кард, Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар натиҷаи офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола садҳо миллион доллар зарар мебинад, аксари вақт чунин офатҳои табиӣ сабаби марги одамон мешаванд.

Ба гуфтаи Раҳмон, тӯли даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳиманд, ба мушоҳида мерасад.

“Аз 13 ҳазор пиряхе, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгир мебошад, то имрӯз як ҳазораш нобуд гардидааст. Ва ин ҳама дар ҳолест, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад”, - таъкид кард раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Амалиёти пулиси тоҷик дар Африқо ва пешбарии Тоҷикистон ба узвият дар Шӯрои амнияти СММ

Ӯ илова намуд, ки имсол бинобар боришоти кам дар фасли зимистон коҳиши назарраси захираҳои об дар дарёҳои минтақа ба қайд гирифта шуд, ки дар навбати худ боиси камобӣ дар мавсими обёрӣ ва хушксолии шадид гардид.

Дар ин росто, Раҳмон аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ даъват ба амал овард, ки ба экспедитсияи тадқиқоти пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мусоидат намоянд.

149
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ дар ҷаласаи СММ, Тоҷикистон-СММ