Аз тағйирёбии иқлим то камобии имсола: навори суҳбати Раҳмон дар СММ

198
(Таҷдидшуда 17:40 23.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар иҷлосияи 75-уми Маҷмааи умумии СММ аз коронавируси нав, вазъи Афғонистон, сулҳу субот ва тағйирёбии иқлим суҳбат кардбо хушнудӣ қабул дорад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.

“Тӯли 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон то як дараҷа баланд шудааст. Вобаста ба ин, шумораи рӯзҳои боришоти шадид ва шиддатнокии падидаҳои табиии гидрометеорологӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сол ба сол зиёни худро мерасонад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ зикр кард, Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар натиҷаи офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола садҳо миллион доллар зарар мебинад, аксари вақт чунин офатҳои табиӣ сабаби марги одамон мешаванд.

Ба гуфтаи Раҳмон, тӯли даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳиманд, ба мушоҳида мерасад.

“Аз 13 ҳазор пиряхе, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгир мебошад, то имрӯз як ҳазораш нобуд гардидааст. Ва ин ҳама дар ҳолест, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад”, - таъкид кард раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Амалиёти пулиси тоҷик дар Африқо ва пешбарии Тоҷикистон ба узвият дар Шӯрои амнияти СММ

Ӯ илова намуд, ки имсол бинобар боришоти кам дар фасли зимистон коҳиши назарраси захираҳои об дар дарёҳои минтақа ба қайд гирифта шуд, ки дар навбати худ боиси камобӣ дар мавсими обёрӣ ва хушксолии шадид гардид.

Дар ин росто, Раҳмон аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ даъват ба амал овард, ки ба экспедитсияи тадқиқоти пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мусоидат намоянд.

198
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ дар ҷаласаи СММ, Тоҷикистон-СММ

Шикори шабона: низомиёни русиягӣ дар Тоҷикистон бо "душман" даргир шуданд - видео

1561
(Таҷдидшуда 19:41 26.10.2020)
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карда, душмани шартиро дар паи амалҳои вижа нобуд карданд

Тамриноти низомиёни пойгоҳи 201-ум дар размоишгоҳи Лоҳур шабона баргузор шуд.

Анҷоми тамриноти низомии панҷ ҳазор сарбоз дар Тоҷикистон

Дар тамриноти омӯзишӣ беш аз 500 низомиёни бахши туфангпаронии пойгоҳи 201-ум ширкат карданд.

Бино ба гузориши Округи марказии ҳарбӣ ҳамалот бар "душман" бо ёрии мушаки "Град" анҷом дода шуд.

"Душман нобуд шуд": Тирпарронии чархболи Ми - 24 дар Тоҷикистон - навори диданӣ

Дар баробари ин, дар ин тамринот мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, АГС-17 ва РПГ-7В ба кор бурда шуданд.

Ба ҳайати шахсӣ даст дод, то душмани шартиро хаста намуда, бо талафоти бузург аз ҷониби душман амалиётро анҷом диҳанд.

1561
Барчаспҳо:
пойгоҳи 201, низомиён, тамринот, Тоҷикистон

Набарди Ҳабиб бо Гетҷи: кӣ ғолиб меояд

2788
(Таҷдидшуда 14:48 26.10.2020)
Муҳорибаи калидии UFC 254 дар шаҳри Абу - Дабӣ ин набарди Ҳабиби Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гетҷи мебошад

Ҳамакнун Қаҳрамони UFC дар вазни сабук, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар доираи муҳорибаи UFC 254 дар Абу-Дабӣ бо рақибаш Ҷастин Гетҷи вориди октагон гардиданд.

Муҳорибаи мазкур  рақобати калидии ин шом хоҳад буд.

Ҳар ду размикор аллакай аз маросими вазнкашӣ гузаштанд ва вазни онҳо баробар ба 70 килограмму 300 грамм мебошад.

Зимнан, маросими вохӯрии "чашм ба чашм" хеле оромона баргузор шуда буд. Варзишгарон бидуни ягон нағмакорӣ дасти ҳамдигарро сахт фишурданд.

Барои размикори доғистонӣ ин аллакай 29 - умин рақобат ба ҳисоб меравад. Ҳабиб то ҳол дар ягон муҳорибаи худ ба бохт дучор нашудааст.

Рақиби ӯ Ҷастин Гейҷӣ бошад, танҳо ду маротиба аз 22 рақобати доиргардида, мағлуб шудааст.

2788
Барчаспҳо:
навор, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов