Лавров дар бораи “Маҷрои Шимол 2”: барои Олмон ин масъалаи номус аст-видео

177
(Таҷдидшуда 20:48 27.09.2020)
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, ИМА тариқи оммавӣ ба паст задани Иттиҳоди Аврупо ва махсусан Олмон машғул мебошад

Лавров дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои эронияш, Муҳаммад Ҷавод Зариф, зимни нишасти матбуотӣ, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи сохтмони лӯлаи газ “Маҷрои Шимол – 2” гуфт.

“Мо мебинем, ки чигуна ИМА ҳамарӯза тариқи оммавӣ талош мекунанд, Иттиҳоди Аврупоро паст зананд ва пеш аз ҳама Олмонро. ИМА аз забони намояндагони расмияш аз Олмон талаб мекунад, ки бахташро дарк кунаду амнияти энергетикияшро таъмин созад”, - изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия.

Ба гуфтаи Лавров таҳримҳои амрикоӣ алайҳи лӯлаи газ ба он равона шудаанд, ки аврупоиҳоро водор созанд, гази ба маротиб қимати моеъро аз ИМА харанд.

Вазири умури хориҷии Русия илова намуд, ки раёсати ИМА талош дорад, ин иқдомашро ҳамчун “таҳкими амнияти энергетикии Аврупо” шарҳ диҳад.

Ба гуфтаи Лавров, акнун барои Олмон анҷоми сохтмони лӯлаи “Маҷрои шимол – 2” барои Олмон масъалаи нангу номус аст.

177
Барчаспҳо:
Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Русия

Шикори шабона: низомиёни русиягӣ дар Тоҷикистон бо "душман" даргир шуданд - видео

1990
(Таҷдидшуда 19:41 26.10.2020)
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карда, душмани шартиро дар паи амалҳои вижа нобуд карданд

Тамриноти низомиёни пойгоҳи 201-ум дар размоишгоҳи Лоҳур шабона баргузор шуд.

Анҷоми тамриноти низомии панҷ ҳазор сарбоз дар Тоҷикистон

Дар тамриноти омӯзишӣ беш аз 500 низомиёни бахши туфангпаронии пойгоҳи 201-ум ширкат карданд.

Бино ба гузориши Округи марказии ҳарбӣ ҳамалот бар "душман" бо ёрии мушаки "Град" анҷом дода шуд.

"Душман нобуд шуд": Тирпарронии чархболи Ми - 24 дар Тоҷикистон - навори диданӣ

Дар баробари ин, дар ин тамринот мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, АГС-17 ва РПГ-7В ба кор бурда шуданд.

Ба ҳайати шахсӣ даст дод, то душмани шартиро хаста намуда, бо талафоти бузург аз ҷониби душман амалиётро анҷом диҳанд.

1990
Барчаспҳо:
пойгоҳи 201, низомиён, тамринот, Тоҷикистон

Набарди Ҳабиб бо Гетҷи: кӣ ғолиб меояд

2795
(Таҷдидшуда 14:48 26.10.2020)
Муҳорибаи калидии UFC 254 дар шаҳри Абу - Дабӣ ин набарди Ҳабиби Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гетҷи мебошад

Ҳамакнун Қаҳрамони UFC дар вазни сабук, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар доираи муҳорибаи UFC 254 дар Абу-Дабӣ бо рақибаш Ҷастин Гетҷи вориди октагон гардиданд.

Муҳорибаи мазкур  рақобати калидии ин шом хоҳад буд.

Ҳар ду размикор аллакай аз маросими вазнкашӣ гузаштанд ва вазни онҳо баробар ба 70 килограмму 300 грамм мебошад.

Зимнан, маросими вохӯрии "чашм ба чашм" хеле оромона баргузор шуда буд. Варзишгарон бидуни ягон нағмакорӣ дасти ҳамдигарро сахт фишурданд.

Барои размикори доғистонӣ ин аллакай 29 - умин рақобат ба ҳисоб меравад. Ҳабиб то ҳол дар ягон муҳорибаи худ ба бохт дучор нашудааст.

Рақиби ӯ Ҷастин Гейҷӣ бошад, танҳо ду маротиба аз 22 рақобати доиргардида, мағлуб шудааст.

2795
Барчаспҳо:
навор, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
День 27 октября

Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:06 26.10.2020)
Рӯзи 27 октябр рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ буда дар Алҷазоир  — Рӯзи ниҳолшинонӣ ва дар Туркманистон — Рӯзи истиқлол мебошад

Рӯзи 27 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1492 Христофор Колумб Кубаро кашф намуд.

Мореплаватель Христофор Колумб (1446-1506) - испанский мореплаватель
© Sputnik / Лев Иванов
Мореплаватель Христофор Колумб (1446-1506) - испанский мореплаватель

Соли 1858 дар Ню-Йорк калонтарин маркази савдо дар дунё -"Мэйси" дар  масоҳати 20,3 гектар мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 1867 нависанда Лев Толстой романи "Ҷанг ва сулҳ"-ро ба итмом расонд.

Русский писатель Лев Николаевич Толстой (1828-1910)
Фото из архива Государственного литературного музея Л.Н.Толстого
Русский писатель Лев Николаевич Толстой (1828-1910)

Соли 1951 нахустин маротиба дар ҷаҳон зимни табобати бемории саратон аз радиатсия истифода карда шуд.

Соли 1982 Ҷумҳурии Мардумии Чин эълон кард, ки шумораи аҳолияш  ба 1 млрд нафар расид.

© REUTERS / Thomas Peter
Люди проходят мимо китайских флагов в Кашгаре, Синьцзян-Уйгурский автономный район, Китай

Соли 2014 Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер дар робита ба ғалабаи дастаи "Истиқлол" — и Душанбе дар Чемпионати Тоҷикистон – 2014  ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон мактуби табрикотӣ ирсол намуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон намоиши аксҳои "Дастовардҳои Душанбе" баргузор гардид.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Фархор бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи нави марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2012 ифтитоҳи нақби мошингарди "Шаҳристон".

Тоннель Шахристан в Таджикистане, архивное фото
Тоннель Шахристан в Таджикистане, архивное фото

Соли 2014 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  — "Кохи Сомон" бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон нахустин Форуми сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти зиёди ҷашнӣ, ташриф оварда, чойхонаи ғайриодӣ ва боҳашамати миллиро ифтитоҳ намуд, ки аз ҷиҳати услубу шакл дар миқёси олам ҳамто надорад.

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  бо қабули тағйирот дар қонунгузории кишвар ба яккасардорӣ дар корхонаҳои давлатӣ хотима дод.

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, зимни як паём ба мардумаш кушта шудани Абубакр Бағдодӣ, роҳбари созмони террористи "ДОИШ"-ро тасдиқ карда, ҷузъиёти амалиётро нақл кард.

Трамп гуфт, Бағдодӣ чун як саг, гирёну нолон мурд, чун тарсу, на чун қаҳрамон. 

Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ.
  • Дар Алҷазоир  — Рӯзи ниҳолшинонӣ.
  • Дар Туркманистон — Рӯзи Истиқлолият.

Рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1939  – доктори илмҳои физика ва математика, профессор Исмоилҷон Исмоилов.

Соли 1964  – раққоса Хайриниссо Файзуллоева.

Соли 1965  – олими тибб Акбар Зарифов.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 22 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон