Варзишкори тоҷик Суфиев рақиби русиягиашро "бӯғӣ" кард - видео

279
(Таҷдидшуда 19:08 02.10.2020)
Варзишкори тоҷикистонӣ Кароматулло Суфиев бар рақиби русиягии худ бо усули зебои "буғӣ" кардан, пирӯз шуд

Дар Интернет навори рақобате, ки миёни варзишкорони MMA Series 14, рӯзи 19 сентябр баргузор шуд, нашр гардидааст.

"Боз як Ҳабиб дар UFC": рекорди нави варзишгар дар 17 сония - видео

Дар ринг ду варзишкор - Кароматулло Суфиев ва Иля Башко вохӯрданд.

Рақобати панҷуми ин шом бо пирӯзии комили зодаи Тоҷикистон анҷом ёфт.

Рақобати зеборо аз навор тамошо кунед.

Суфиев рақиби худро дар бахши дуюм "бӯғӣ" кард.

279
Барчаспҳо:
рақиб, варзишкор
(1:15 / 8.75Mb / просмотров видео: 596)

Боздошти зодаи Осиёи Марказӣ: дар Маскав теракт омода мекард - видео

340
(Таҷдидшуда 00:02 23.10.2020)
ФСБ навори боздошти зодаи Осиёи Марказиро, ки қасд доштааст дар Маскав теракт омода кунад, нашр кард

Ҷавон аз Осиёи Марказӣ, ки "дар яке аз биноҳои ҳукумати Маскав қасди амалӣ кардани ҳамлаи террористиро доштааст", рӯзи 22 октябр дастгир шуд.

Бино бар хабари расмӣ, гумонбаршаванда бо фарони ҷангҷӯён нақша доштааст, бо гузоштани бомб яке аз биноҳои  ҳукуматиро тарконад.

Таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт

Аз навор дида мешавад, ки ҷавон дар ҷангал боздошт шудааст. Дар махфигоҳи ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгоҳҳои худсохти тарканда пайдо кардаанд.

Дар баробари ин гуфтугӯи ӯ бо ҷангҷӯён ва дастур барои омода кардани бомб ва навори савгандёдкунии гумонбар ба пешвои ҷангҷӯён дарёфт шудааст.

Қайд мешавад, ки ҷавон соли 1999 ба дунё омадааст. Пас аз таркиш дар Маскав ӯ нақша доштааст ба Ховари Миёна бозгардад ва дар сафи террористон биҷангад.

340
Барчаспҳо:
боздошт, Маскав

"Душман нобуд шуд": Тирпарронии чархболи Ми - 24 дар Тоҷикистон - навори диданӣ

1041
(Таҷдидшуда 00:17 23.10.2020)
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карданд. Дар ин тамринот ду гурӯҳ ширкат карданд

Тамриноти гурӯҳҳои туфангпарон ва ҳавоии пойгоҳи 201-ум дар размоишгоҳи Лоҳур баргузор шуд.

Дар паи ин омӯзиш чархболи Ми - 24 аз ҳаво назорат карда, ҳаракати мошинҳои зиреҳпӯшро боздошт.

Анҷоми тамриноти низомии панҷ ҳазор сарбоз дар Тоҷикистон

Аз ҷумла халабонон дар камингоҳ буданро тамрин карданд. Душманро муайян карда, ба сӯяшон ҳамалоти нобудкуниро равона карданд.

"Ба сӯи душмани шартӣ аз чархболҳои зиреҳпӯш мушакҳо партофта шуданд", - қайд мекунанд дар Вазорати дифоъи Русия.

Посух ба ҳамлаи 100 ҷангҷӯ ба марзи Тоҷикистон: гузориши аксӣ аз размоиш

Манбаъ афзуда, ки дар ин тамринот беш аз 500 низомӣ ширкат карда, беш аз 100 адад техника ба кор бурда шудааст.

1041
Барчаспҳо:
чархбол, тирпарронӣ, Тоҷикистон

Дана Уайт: Ҳабиб дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст

0
Мусобиқаи навбатии UFC 254 фардо дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб доир гашта, дидори Ҳабиб ва Гэтҷи аз муҳорибаҳои асосии он мебошад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт мӯътақид аст, ки агар Хабиб Нурмагомедов дар UFC 254 бар Ҷастин Гетҷе ғолиб ояд, русиягӣ новобаста аз категорияи вазн беҳтарин размикори ҷаҳон хоҳад шуд ва дар садри рейтинги ба истилоҳ Pound-for-Pound пеш ҷой хоҳад гирифт.

“Агар ӯ рӯзи 24 октябр Ҷастин Гетҷеро мағлуб кунад, новобаста аз категорияи вазн беҳтарин размикори ҷаҳон хоҳад шуд. Вай дар роҳи бузургтарин размикори таърих шудан аст”,­-гуфтааст ӯ.

“Бубинед, ки ӯ чӣ қадар муҳорибаҳо дорад ва ҳанӯз ҳам шикастнопазир аст. Ҳамзамон, ӯ дар як гуруҳи сахт ва хеле сангин баромад мекунад ", - иқтибос меорад суханони функсияи MMA Fighting.

Мубориза бо Хабиб Нурмагомедов - Ҷастин Гаҷӣ рӯзи 24 октябр дар "Fight Island" дар Абу-Даби (Аморати Муттаҳидаи Араб) баргузор мешавад ва ҳодисаи асосии намоиш хоҳад шуд.

Раҳбари UFC дар бораи рақобати Ҳабиб ва Гэтҷи навори дидание нашр кард - видео

Муҳориба рӯзи  24 октябр дар Абу-Дабӣ (АМА) баргузор мешавад. Дар ин рақобат қаҳрамони феълии UFC бо рақиби худ Ҷастин Гэтҷи вомехӯрад ва қувва меозмояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб ин навбат талош мекунад камарбанди қаҳрамонии худро барои маротибаи сеюм ҳифз кунад.

Ҳабиб гуфт, чӣ гуна Гэтҷиро "мешиканад": "Зидди ӯ нақшаи нав дорам".

Ҳабиб то ҳол 28 муҳориба баргузор намудааст ва боре ҳам мағлуб нашудаст. Ҳарифи ӯ бошад аз 22 рақобати умумӣ 2 мағлубият дорад.

0
Барчаспҳо:
муҳориба, размикор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Русия