Коронавирус боз шиддат гирифт: муборизаи кишварҳои ИДМ алайҳи ин маризӣ - навор

408
(Таҷдидшуда 13:08 03.10.2020)
Авҷи маризии сироятии коронаиврус дар ҷаҳон шиддат гирифтааст. Аксар кишварҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳарчӣ бештар паҳн шудани ин беморӣ, як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ намуданд

Вазъи коронавирус дар чандин кишварҳои ҷаҳон нигаронкунанда шудааст. Ҳамарӯза мавориди нави сироятшавӣ ба ин беморӣ рӯ ба афзоиш аст.

Дар кишварҳои ИДМ низ вазъият дар робита ба паҳншавии вируси COVID - 19 он қадар хуб нест.

Оё мавҷи дуюми коронавирус вуҷуд дорад - посухи Онишенко

Муборизаи ҳукуматдорони ин кишварҳо алайҳи маризии сироятии коронавирусро аз навори омоданамуда, тамошо ва хулосабарорӣ намоед.

Расман дар Тоҷикистон аз маризии коронавирус 76 нафар ҷон аз даст дода, шумораи умумии гирифторон наздик ба 10 ҳазор нафар расида истодааст.

408
Барчаспҳо:
навор, мубориза, ИДМ, маризӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (800)
( / / )

Ҳабиб бо Гейҷӣ вохӯрду нишасти матбуотӣ баргузор намуданд

1123
(Таҷдидшуда 19:41 21.10.2020)
Хабиб Нурмуҳаммадов пеш аз муҳорибаи UFC 254, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, нишасти матбуотӣ баргузор намуд

Муҳориба рӯзи  24 октябр дар Абу-Дабӣ (АМА) баргузор мешавад. Дар ин рақобат қаҳрамони феълии UFC бо рақиби худ Ҷастин Гейҷ вомехӯрад ва қувва меозмояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб ин навбат талош мекунад камарбанди қаҳрамонии худро барои маротибаи сеюм ҳифз кунад.

Ҳабиб то ҳол 28 муҳориба баргузор намудааст ва боре ам мағлуб нашудаст. Ҳарифи ӯ бошад аз 22 рақобати умумӣ 2 мағлубият дорад.

Раҳбари UFC дар бораи рақобати Ҳабиб ва Гэтҷи навори дидание нашр кард - видео

Қаблан маълум буд, ки қаҳрамони феълии UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба даҳгонаи муваффақтарин варзишгарони ҷаҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шомил шудааст. Ҳамин тавр, Нурмагомедов дар байни 50 варзишгар ҷои ҳафтумро гирифт.

1123

Зарбаи сеюм ба пандемия: Русия озмоиши ваксинаи сеюм алайҳи COVID - ро шурӯъ кард - навор

129
(Таҷдидшуда 17:33 21.10.2020)
Дар Русия озмоишҳои ваксинаи сеюм алайҳи коронавирус, ки дар маркази ба номи М.П.Чумаков таҳия шуд, оғоз ёфт

Таҳиягарон бар инанд, ки моҳи декабр Вазорати тандурустӣ  доруро ба қайд гирифта, то охири сол ба истеҳсоли оммавӣ шурӯъ мекунад.

Қаблан ваксинае, ки Маркази илмии "Вектор" -и Новосибирск таҳия намуд, низ аз қайди давлатӣ гузашт. Тадқиқот оид ба аввалин ваксина дар ҷаҳон “Спутник V” низ ба анҷом расида истодааст.

Ҳоло марҳилаи сеюми озмоиши доруи Русия дар хориҷа идома дорад ва аз натиҷаи он муваффақияти ваксина дар бозори байналмилалӣ вобаста аст.

Амрико аз ӯҳдаи сохти ваксина намебарояд ва дар бохташ Русияро айбдор мекунад - навор

Интизор меравад, дору барои на кам аз як сол масуният медиҳад Инчунин каммасрафтар ва бидуни таъсири манфӣ хоҳад буд.

Ваксина бояд моҳи декабр сабти ном шавад.

Қаблан Владимир Путин аз сабти ном шудани ваксинаи дуюми сохти русӣ хабар дод, ки дар маркази “Вектор” – и Новосибирск таҳия шуд.

"Ман мехоҳам олимон ва кулли кормандони маркази "Вектор" -и Новосибирскро табрик намоям. Ин бешубҳа, вазифаи хеле муҳим аст, ки шумо, дӯстони азиз, бомуваффақият аз ӯҳдааш баромадед. Ташаккури зиёд барои кору заҳмататон, барои истеъдод ва сарсупурдаи кор буданатон",- изҳор дошта буд Путин.

Ҳоло доруи “ЭпиВакКорона” дар марҳилаи анҷомёбии озмоиши клиникӣ қарор дорад ва дар кори он 40 ҳазор ихтиёриён иштирок мекунанд.

Русия аз чандин кишварҳо дархост барои 1 миллиард вояи “Спутник V” дарёфт кард.

Михаил Мишустин, сарвазири Русия гуфта буд: "мо ифтихор дорем, ки аввалин ваксина дар ҷаҳон алайҳи коронавирус сохти русӣ аст. Гузашта аз ин, мо нақша дорем, ки чунин ваксинаҳои дигарро ба бозор барорем. Ин потенсиали азими илмии моро исбот мекунад. Дар муддати кӯтоҳ барои бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ маҳсулоти рақобатпазир ба вуҷуд оварда шуд".

Истеҳсоли ваксинаи муассир сатҳи баланди рушди илми Русияро тасдиқ мекунад.

129
Барчаспҳо:
зарба, озмоишгоҳ, Русия
ДТП в Санкт-Петербурге, на проспекте Косыгина

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

859
(Таҷдидшуда 21:25 21.10.2020)
Мошини Hyundai, ки ҳомили домоди тоҷику арӯсаш будааст, дар рӯзи тӯй дар шаҳри Санкт-Петербург дар истгоҳ чаппа шудааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург мошин аз қатори тӯёна дучори садама шуд, хабар медиҳад Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодда.

Сонеҳаи нақлиётӣ тақрибан соати 15 дар хиёбони Косигин рух додааст. Тавре маълум шудаст, дар мошин домод аз Тоҷикистон ва арӯсаш аз Русия қарор доштаанд, ки дар роҳ ба идораи сабти издивоҷ қарор доштаанд.

Дар бораи тафсилоти садама ба “Фонтанка” ронанд ва дӯсти домод, Мӯъминҷон нақл кардааст.

“Мошини “Лексус” ранги сурхи чароғакро сарфи назар карда, ба пушти мошини мо бархӯрд. Дар натиҷа мошини мо “Ҷип”-ро харошида, чаппа гардид", - хабар додааст “Фонтанка” аз қавли дӯсти домод.

Ӯ афзудааст, ки хушбахтона дар ин ҳодиса касе осеби ҷиддӣ надид, аммо ҷуфти ҷавон натавонист ба идораи САҲШ расад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки феълан таҳқиқи ҳодисаи мазкур аз ҷониби нозирони роҳ идома дорад.

859
Барчаспҳо:
садама, Русия