Сайри замонӣ: наворҳои гузашта, ҳозир ва ояндаи Душанбе-видео

401
(Таҷдидшуда 17:43 07.10.2020)
Дар шабакаи интернет навори 3D-и Душанбеи оянда нашр шудаст, ки дар он намои ояндаи пойтахти Тоҷикистон инъикос ёфтааст

Ин навор як навъ сайри замоние мебошад, ки дар он бархе тасвирҳои таърихии Душанбеи куҳна ва лоиҳаҳои оянда инъикос ёфтаанд.

Бо мурури замон пойтахти Тоҷикистон ба як шаҳри муосири сабз бо меъмории нодири шарқиёна ва миллӣ табдил ёфтааст.

Дар идомаи тасвирҳо аз Тоҷикистони шӯравӣ манзараҳои нави Душанбеи замони муосир зуҳур меёбанд. Аз ҷумла навори маҷмааҳои Душанбе, биноҳои ғайриодии Қасри Варзиш, нахустин роҳи бисёрқабата, пайкараҳои нав, маҷмааҳои тиҷоратӣ намоиш дода шудаанд.

Инчунин лоиҳаҳои 3D-и Душанбеи оянда тасвир шудаанд. Намоиш дода шудаанд, ки хиёбону кӯчаҳои Душанбе дар оянда чӣ гуна тағйир меёбанд, таҷдид мешаванд.

Бар асоси тарҳи пешниҳодшуда на танҳо паҳноии Душанбе бештар мешавад, балки баландии биноҳо низ афзоиш меёбанд ва ба як шаҳр бо инфрасохтори муосир мубаддал мегардад.

401
Барчаспҳо:
лоиҳаи меъморӣ, сохтмон, Тоҷикистон

Шикори шабона: низомиёни русиягӣ дар Тоҷикистон бо "душман" даргир шуданд - видео

2519
(Таҷдидшуда 19:41 26.10.2020)
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карда, душмани шартиро дар паи амалҳои вижа нобуд карданд

Тамриноти низомиёни пойгоҳи 201-ум дар размоишгоҳи Лоҳур шабона баргузор шуд.

Анҷоми тамриноти низомии панҷ ҳазор сарбоз дар Тоҷикистон

Дар тамриноти омӯзишӣ беш аз 500 низомиёни бахши туфангпаронии пойгоҳи 201-ум ширкат карданд.

Бино ба гузориши Округи марказии ҳарбӣ ҳамалот бар "душман" бо ёрии мушаки "Град" анҷом дода шуд.

"Душман нобуд шуд": Тирпарронии чархболи Ми - 24 дар Тоҷикистон - навори диданӣ

Дар баробари ин, дар ин тамринот мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, АГС-17 ва РПГ-7В ба кор бурда шуданд.

Ба ҳайати шахсӣ даст дод, то душмани шартиро хаста намуда, бо талафоти бузург аз ҷониби душман амалиётро анҷом диҳанд.

2519
Барчаспҳо:
пойгоҳи 201, низомиён, тамринот, Тоҷикистон

Набарди Ҳабиб бо Гетҷи: кӣ ғолиб меояд

2804
(Таҷдидшуда 14:48 26.10.2020)
Муҳорибаи калидии UFC 254 дар шаҳри Абу - Дабӣ ин набарди Ҳабиби Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гетҷи мебошад

Ҳамакнун Қаҳрамони UFC дар вазни сабук, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар доираи муҳорибаи UFC 254 дар Абу-Дабӣ бо рақибаш Ҷастин Гетҷи вориди октагон гардиданд.

Муҳорибаи мазкур  рақобати калидии ин шом хоҳад буд.

Ҳар ду размикор аллакай аз маросими вазнкашӣ гузаштанд ва вазни онҳо баробар ба 70 килограмму 300 грамм мебошад.

Зимнан, маросими вохӯрии "чашм ба чашм" хеле оромона баргузор шуда буд. Варзишгарон бидуни ягон нағмакорӣ дасти ҳамдигарро сахт фишурданд.

Барои размикори доғистонӣ ин аллакай 29 - умин рақобат ба ҳисоб меравад. Ҳабиб то ҳол дар ягон муҳорибаи худ ба бохт дучор нашудааст.

Рақиби ӯ Ҷастин Гейҷӣ бошад, танҳо ду маротиба аз 22 рақобати доиргардида, мағлуб шудааст.

2804
Барчаспҳо:
навор, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

"Душмани ислом ҳастӣ": муфтии Чеченистон кишвардори Фаронсаро террористи рақами як гуфт

61
Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев муфтии Чеченистон пас аз вокуниши кишвардори Фаронса Эммануэл Макрон дар робита ба қатли профессори таърих, ӯро душмании кулли мусалмонон номид

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Дар Фаронса чанде пеш барои карикатураи Ҳазрати Муҳаммад (с), сари профессори яке аз коллеҷҳо аз тан ҷудо карда шуд.

Дар робита ба ин қазия, раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ба тамоми фаронсавиҳо супориш дод, ки карикатураи пайғамбарро дар тамоми идораҳои давлатӣ овезон кунанд.

Ин амали Макрон боиси нигаронии ҷомеаи мусалмонон гардид. Аз ҷумла, муфтии Чеченистон Салоҳ Ҳоҷӣ Меҷиев амалкарди кишвардори Фаронсаро ҳамлаи рӯирост ба тамоми мусалмонон номид, ки метавонад талафоти зиёди одамонро ба бор орад.

Раёсати мусалмонҳои Ӯзбакистон «Шарли Эбдо»-ро маҳкум кард

Муфти дар сафҳаи худ дар Инстаграм чунин навиштааст:

"Президенти Фаронса Эммануэл Макрон фармон дод, ки карикатураҳои бузургтарин мард, паёмбар Муҳаммад (с) -ро дар тамоми биноҳои ҳукуматӣ овезанд ... Ин на танҳо як амали бемасъулиятест, ки аз тамоми марзҳои ахлоқӣ берун аст, балки ҳамлаи хуби тарҳрезишуда ба Ислом ва тамоми ҷомеаи мусалмонон аст, ки метавонад талафоти бузурги инсониро ба бор орад".

Ӯ мегӯяд, кишвардори Фаронса ба ҷойи маҳкум намудани амали иғвоангезона профессори фавтида, ки дидаву дониста оқибати амалашро медонист, шаъну шарафи бузургтарин марди исломро олуда кард.

Зимнан, муфтии Чеченистон, Макронро террористи рақами як ва душмани ашадии кулли мусалмонон номид. Ӯ гуфт, таҳқир кардани пайғамбар ин таҳқир намудани кулли мусалмонон аст.

"Шумо душмани башарият ва тамоми мусулмонон ҳастед, ки принсипҳо ва арзишҳои ахлоқиро надоред...Шумо бо дастҳои худ муноқишаи байни миллатҳо ва динҳоро бармеангезед ", - гуфт муфтӣ.

Вай гуфт, ки Макрон "дидаю дониста мусалмононро ба амалҳои таҳрикомез тела медиҳад ва аз профессори девона "қаҳрамони миллӣ" метарошад.

Муфтӣ таъкид намуд, ки Макрон бо ин амали худ беш аз 2 миллион мусалмонро  душмани худ кард.

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса, ки дар 27-километрии Порис ҷойгир аст, сари омӯзгори коллеҷро аз тан ҷудо намуданд. 

Профессор матолибҳои нашркардаи Charlie Hebdo-ро бо донишҷӯён муҳокима кард ва инчунин ба онҳо карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) - ро нишон медод.

Қотили ӯ шаҳрванди 48 - солаи Алҷазоир буда, дар коллеҷи мазкур яке аз фарзандони ӯ таҳсил мекард.

61
Барчаспҳо:
Чеченистон, муфтӣ, Эммануэл Макрон, Фаронса