Интихоботи президентӣ дар шароити пандемияи COVID-19 - видео

144
(Таҷдидшуда 14:12 08.10.2020)
Имсол интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон дар шароити пандемияи вируси корона баргузор мегардад

КМИР Тоҷикистон барои интихобот ҷиддан омодагӣ гирифтааст ва дар ҳавзаҳои интихоботӣ чораҳои беҳдоштиро пурзур кардааст.

Тибқи қоидаи пешниҳодкардаи КМИР ҳар раъйдиҳанда бояд бо худ барои овоздиҳӣ худкор биёрад, дар сурате, ки агар надошта бошад ба ӯ дар ҳавза пешниҳод мешавад. Ҳамзамон ҳар сокин бидуни шиноснома бояд бо худ ниқобу дастпӯшак дошта бошад.

Интихоботи президенти Тоҷикистонро нозирон аз ИДМ, СҲШ, САҲА, Русия ва Ӯзбекистон назорат мекунанд, зимни интихобот 10 000 ризокор кумак менамоянд.

Дар саросари кишвар 68 ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил гардида, аз соати 6-и субҳ ҳавзаҳои интихоботӣ ба фаъолият оғоз хоҳанд кард. Дар ҳудуди 29 кишварҳои хориҷӣ низ барои шаҳрвандони тоҷики муқими ин давлатҳо 68 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла дар Русия 5 қитъаи интихоботӣ боз шуд.

Ғайр аз ин, комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ зиёда аз 258 нафар намояндагони васоити ахбори умуми маҳаллиро низ сабти ном намудаанд, ки мониторинги ҷараёни овоздиҳиро анҷом медиҳанд.

Ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 5 нафар ба қайд гирифта шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, номзади Ҳизби халқии демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи раёсатиҷумҳурии рӯзи 11 октябри ин кишвар рақобат хоҳанд кард.

144
Барчаспҳо:
вируси корона, шароит, Интихоботи президентӣ, президент, интихобот, Тоҷикистон

Рекорди нав: дар Тошканд 7 ошпаз шашлики 10 метра тайёр намуданд - видео

1626
(Таҷдидшуда 17:34 20.10.2020)
Ошпазҳои Ӯзбекистон дар ҷараёни як ҷашнвора дар боғи "Наврӯз" - и шаҳри Тошканд шашлики рекордӣ омода намуданд

Барои омода намудани сихкабоб 38 килограм гӯшти қимма масраф шуд. Барои ба сих печондани гӯшти қима вақти зиёд масрав шудааст.

Суруд ва намоҳанги ошпазҳои Узбакистон бо панҷ забон - видео

Дар омода намудани шашлики рекордӣ, дасти кам 7 ошпаз талош намуданд. Онҳо дастаҷамъона гӯшти қиммаро ба сихи 10 метра печонда, онро болои мангал гузоштанд.

Сихкабоби омодашударо ба ҳамаи меҳмонони хоҳишманд барои чашидан пешниҳод намуданд.

1626
Барчаспҳо:
навор, ошпазӣ, Тошканд

Сӯхтори бузург дар маъдани тилло дар Қирғизистон - навор

191
(Таҷдидшуда 18:22 19.10.2020)
Дар интернет навори шоҳидон аз оташсӯзии шадид дар маъдани тилло дар ҷумҳурии Қирғизистон нашр шудааст

Ҳодиса субҳи душанбе дар кони Иштамбердӣ, дар дар ноҳияи Алабуки вилояти Ҷалилобод рух додааст.

Бино бар иттилои раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳия, маълумот дар бораи сӯхтор ба навбатдор соати 10:15 расидааст. Сӯхтор дар биное сар задааст, ки ба ширкати Full Gold Mining тааллуқ дорад.

Барои бартараф кардани сӯхтор ду воҳидҳои сӯхторхомӯшкунӣ ирсол гардид.

Бино бар иттилои пешакӣ оташсӯзӣ дар натиҷаи корҳои кафшергарӣ сар задааст.

Шоҳидон дар Фейсбук навори сӯхтори мудҳишро нашр кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, оташ аз қисми истеҳсолии маҷмаа, ки дар он сианид истифода мешавад, забона задааст. Раёсати ВКД ин маълумотҳоро рад мекунад.

191
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

26 соли зиндон барои куштор ҳангоми ҳамхобагии зани ҷавонаш бо ҳамсоя-видео

0
(Таҷдидшуда 14:49 21.10.2020)
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суманқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Рачабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда, бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Рачабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар , ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

0