Путин дар бораи низои Қарабоғ: "Мардуми он ҷой барои мо бегона нестанд" - видео

162
(Таҷдидшуда 18:25 09.10.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки Русия аз рӯйдодҳои Қарабоғи Кӯҳӣ нигарон аст ва ҳодисаи рухдодаро фоҷиа номид

Президенти Русия амалҳои низомӣ дар қаламрави Қарабоғро "фоҷиа" номида, гуфт, дар онҷо "на бегонагон" зиндагӣ мекунанд.

Путин ёдовар шуд, ки дар Русия тақрибан 2 миллион озарбойҷонӣ ва беш аз 2 миллион арманӣ зиндагӣ мекунанд.

Бисёре аз шаҳрвандони Русия бо ҳарду ҷумҳурӣ - Арманистон ва Озарбойҷон муносибатҳои наздики дӯстона ва ҳатто хешовандӣ доранд, бинобар ин, низои мусаллаҳона ва талафоти одамон наметавонанд русҳоро бидуни нигаронӣ гузорад.

Путин изҳори умедворӣ кард, ки низои даргирифта ба зудӣ хотима хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, санаи 27 сентябр дар қаламрави ҷумҳурии эътирофнашуда даргириҳо оғоз шуданд. Арманисон ва Озарбойҷон ҳамдигарро дар доман задани низоъ гунаҳгор карданд.

Ҳар ду кишвар ҳамдиггарро дар ҳамла ба қаламрави якдигар муттаҳам мекунанд. Дар ҷараёни даргириҳои ахири миёни ду ҷумҳурии Қафқози Ҷанубӣ даҳҳо нафар аҳолии бегуноҳ ҷон додааст.

СММ аз Арманистону Озарбойҷон хост фавран ба даргирӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ поён диҳанд

Ингуна даргириҳои шадид дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз соли 1994 мушоҳида нашуда буд – он замон даргириҳо хомуш шуда буд, аммо базҳс идома дошт.

 

162

Сӯхтори бузург дар маъдани тилло дар Қирғизистон - навор

45
(Таҷдидшуда 18:22 19.10.2020)
Дар интернет навори шоҳидон аз оташсӯзии шадид дар маъдани тилло дар ҷумҳурии Қирғизистон нашр шудааст

Ҳодиса субҳи душанбе дар кони Иштамбердӣ, дар дар ноҳияи Алабуки вилояти Ҷалилобод рух додааст.

Бино бар иттилои раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳия, маълумот дар бораи сӯхтор ба навбатдор соати 10:15 расидааст. Сӯхтор дар биное сар задааст, ки ба ширкати Full Gold Mining тааллуқ дорад.

Барои бартараф кардани сӯхтор ду воҳидҳои сӯхторхомӯшкунӣ ирсол гардид.

Бино бар иттилои пешакӣ оташсӯзӣ дар натиҷаи корҳои кафшергарӣ сар задааст.

Шоҳидон дар Фейсбук навори сӯхтори мудҳишро нашр кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, оташ аз қисми истеҳсолии маҷмаа, ки дар он сианид истифода мешавад, забона задааст. Раёсати ВКД ин маълумотҳоро рад мекунад.

45

Кӯдакони пуристеъдод: навори пурраи давраи 5-уми "Ты супер!"

87
Шоми якшанбе дар телевизиони НТВ-и Русия тамошобинонро вохӯрӣ бо озмуни мусиқии "Ту беҳтаринӣ!" интизор буд

Истеъдодҳои ҷавон ҳунари худро ба ҳакамон ва тамошобинон пешниҳод карданд. Ин аллакай фасли чоруми озмуни мусиқӣ аст.

Дар саҳнаи мусиқӣ имсол овозхонҳои нав ва иштирокдорони давраҳои гузаштаи барномаи "Ту беҳтаринӣ!" иштирок мекунанд.

18 октябр давраи 5-уми фасли феълӣ баргузор мешавад.

Дар озмун кӯдакони пуристеъдод аз ИДМ, ки бе падар ё модар монданд, иштирок мекунанд.

"Ты супер!" — лоиҳаи байналмилали мусиқии телевизиони НТВ ва оҷонсии байналмилалӣ ва радиои  Sputnik мебошад.

87
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Анжелика Шопп, роҳбари нави НамояндагииКБСС дар Тоҷикистон

Таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи Салиби Сурх дар Тоҷикистон

0
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз таъйини роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон таъйин шудааст.

Манбаъ афзуд, рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо хонум Анжелика Шопп, роҳбари нави Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

“Зимни cуҳбат масоили фаъолияти КБСС ва  барномаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона дар ҷумҳурӣ,  афзудани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор, паҳн намудани дониш дар бораи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки таваҷҷуҳи хоса ба кӯмакҳои башардустона ба муассисаҳои тиббӣ, хонаҳои кӯдакон ва ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулода дар давраи ҳамагирии COVID-19 равона гардид.

Манбаъ афзуд, Анжелика Шопп миннатдории хешро ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дастгирӣ ва мусоидат дар амалӣ гардидани барномаҳои башардӯстона баён намуд.

0