Русия омодаи пешниҳоди майдони гуфтугӯҳост: Захарова дар бораи танишҳо дар Қаробоғ

94
(Таҷдидшуда 15:19 10.10.2020)
Маскав имконияти ташкили гуфтушунидҳои роҳбарони вазоратҳои умури хориҷии Арманистон ва Озарбойҷонро бо ширкати намояндагони САҲА баррасӣ мекунад. Изҳороти намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захароваро дар ин бора аз навори зер тамошо кунед

Дар ин бора дар нишастаи ҳафтаи ВКХ Русия намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, майдони мулоқотро Русия омода аст, ки муҳайё кунад.

Феълан мӯҳлати гуфтушунидҳои эҳтимолӣ баррасӣ мешавад, ҳамчунин тарҳҳои гуногуни амалкард омода мешавад.

Аз 27 сентябр дар хатти расиши Қаробоғи Кӯҳӣ ҷангҳои мудҳиш идома доранд. Аз ҳарду ҷониб, Арманистон ва Озарбойҷон садҳо нафар қурбон шуданд. Боку ва Ереван масъулияти ин ҳодисаҳоро ба дӯши якдигар бор мекунанд. Ҳамаи иштирокдорон қисман ё пурра ҳолати ҳарбӣ эълон кардаанд.

Байни аҳолии осоишта низ қурбониён ҳастанд.

94

Путин кушташудаҳо дар Қарабоғро бо ҷонбохтагон дар Афғонистон қиёс кард: хеле зиёд-навор

189
(Таҷдидшуда 19:44 27.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, теъдоди кушташудаҳо аз ҳар ду ҷониб дар Қарабоғи Куҳӣ тайи як муддати кӯтоҳ ба 5 ҳазор нафар наздик омадааст

Раисиҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тайи 10 соли ҷанг дар Афғонистон, нерӯҳои Иттиҳоди шӯравӣ 13 ҳазор нафарро аз даст доданд, аммо дар Қарабоғ тайи чунин як муддати кӯтоҳ теъдоди ҷонбохтагон аз ҳарду ҷониб ба 5 ҳазор нафар наздик шудааст.

“Чӣ қадар маҷруҳанд, чӣ қадар мардум азоб мекашанд, чӣ қадар кӯдакон? Аз ин лиҳоз ҳодисаи мазкур барои мо махсус мебошад”, -изҳор дошт раисиҷумҳури Русия.

“Мухолифат ба шеваи бадтаринаш”, - тасвир кард Владимир Путин ҳаводис дар Қарабоғи Куҳиро.

Раисиҷумҳури Русия таъкид намуд, ки фоҷиаи асосӣ ин марги одамон мебошад. Талафот аз ҳар ду ҷониб беш аз 2 ҳазор нафариро ташкил медиҳад.

Алиев мегӯяд, Боку ба ҳеҷ ваҷҳ истиқлолияти Қарабоғро намепазирад: Пашинян чӣ мегӯяд

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки Маскав тамоми талошашро мекунад, то хунрезӣ дар Қарабоғи куҳӣ қатъ шавад.

189
Барчаспҳо:
шарҳ, Владимир Путин, ҷанг дар Қарабоғ, Қарабоғи Кӯҳӣ

Пусухи Путин ба иттиҳомоти номзадҳои президентӣ дар ИМА алайҳи Русия-навор

169
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба иттиҳомоти номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури ИМА посух дод, ки чун анъана дар бадбахтиҳо Русияро гунаҳкор карданд

Дар арафаи интихобот изҳорот алайҳи Русия аз ҷониби ҳарду номзад тақрибан ҳамарӯза садо медиҳанд. Павел Зарубин, рӯзноманигор аз Владимир Путин хост, эроди номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури ИМА алайҳи Маскавро шарҳ диҳад.

Масалан номзад ба президентӣ, Ҷо Байден изҳор дошт, ки Русия куштори сарбозони амрикоӣ дар Афғонистонро маблағгузорӣ мекунад.

Владимир Путин ин изҳоротро тааҷҷубовар хонд, чун ҳанӯз тобистони соли равон ин иттилоъро дар сатҳи олӣ дар ИМА рад карда буданд ва худи Толибон* низ таъкид намуданд, ки ин маълумот воқеият надорад.

“Сарфи назар аз ҳама, ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон барои эътидол дар ин кишвар хизмат мекунад”, - гуфт Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури феълии ИМА низ аз сангзанӣ алайҳи Русия худдорӣ кардан натавонист. Ӯ аз муносиботи молиявии Русия бо писари Байден гуфт, ки гӯиё тариқи ҳамсари собиқ шаҳрдори Маскав, марҳум Юрий Лужков роҳандозӣ шудаанд.

Путин гуфт, тафсилоти робитаҳои тиҷоратии Елена Батуринаро пайгирӣ накарда, ҷузъиёти кори Хантер Байден дар Украинаро низ намедонад.

*созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон

169
Барчаспҳо:
ИМА, Путин, Русия
Абдуқодир Вализода, раиси тозатаъйини шаҳри Кӯлоб

Барномаи якмиллиардии рушди Кӯлоб ҳамагӣ 55 фоиз иҷро шуд: гузориши Вализода ба Раҳмон

0
(Таҷдидшуда 12:41 28.10.2020)
Абдуқодир Вализода, раиси шаҳри Кӯлоб, дар ҷаласаи Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни татбиқи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019, ки арзиши умумии он беш аз 1 миллиард сомонӣ мебошад, гузориш дод

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, барномаи мазкур 262 лоиҳаро ба маблағи умумии 1 миллиарду 46 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ 237 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоятӣ 5,8 млн сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 23,7 млн сомонӣ, маблағҳои худӣ 187,1 млн сомонӣ, маблағҳои сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ 592,6 млн сомониро дар бар мегирифт.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

"Ин Барнома аз 5 бахш, аз ҷумла бахши иқтисодӣ -саноат, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоӣ - маориф, фарҳанг, тандурустӣ, инфрасохтор - таъминот бо оби нӯшокӣ, коммуналӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва таъминоти захиравӣ иборат буд", - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, дар давоми амалишавии барнома то ба имрӯз ба маблағи 578 миллиону 871 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардид, ки 55,3 фоизи нишондиҳандаи барномаро ташкил медиҳад.

"Дар давраи амалишавии Барнома 17 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода супорида шуданд. Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 14 лоиҳа ба маблағи 6,9 млн сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 4 лоиҳа иҷро, 8 лоиҳа қисман ва 2 лоиҳа иҷро нагардид. Маблағҳои лоиҳаҳои иҷрошуда 1,1 млн сомонӣ ё 15,8 фоизро ташкил дод", - илова кард дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар давраи амалишавии барнома дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 14 ҳазору 742 ҷойи кори нави доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудаст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур доданд, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019” босифат ва пурра дар амал татбиқ карда шавад.

0
Барчаспҳо:
рушд, барнома, шаҳри Кӯлоб, Тоҷикистон