(103:28 / 2152.65Mb / просмотров видео: 211)

Мусоҳибаи Сергей Лавров ба радиои Sputnik: навори пурра

211
(Таҷдидшуда 18:22 14.10.2020)
Вазири умури хориҷаи Федератсияи Русия Сергей Лавров, ба рӯзноманигорони се расона мусоҳибаи калон медиҳад

Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров рӯзи чоршанбе ба рӯзноманигорони се расона: радиои Sputnik, "Комсомольская правда" ва "Говорит Москва"мусоҳибаи бузург медиҳад.

Раҳбари умури хориҷаи Русия ба суолҳои рӯзи рӯзноманигорон посух хоҳад гуфт.

Интизор меравад, ки Лавров аз вазъ дар Ховари Миёнаро ёдоварӣ карда, аз ҷумла танишҳо дар Белорус, Қарабоғи Кӯҳӣ ва Қирғизистонро шарҳ медиҳад.

Лавров дар бораи “Маҷрои Шимол – 2”: барои Олмон ин масъалаи номус аст-видео

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷа вазъияти охири ҷаҳонро арзёбӣ карда, дар бораи рушди минбаъдаи муносиботи Русия бо дигар кишварҳо, хоҳад гуфт.

211
Барчаспҳо:
Русия, мусоҳиба, Сергей Лавров

Сӯхтори бузург дар маъдани тилло дар Қирғизистон - навор

38
(Таҷдидшуда 18:22 19.10.2020)
Дар интернет навори шоҳидон аз оташсӯзии шадид дар маъдани тилло дар ҷумҳурии Қирғизистон нашр шудааст

Ҳодиса субҳи душанбе дар кони Иштамбердӣ, дар дар ноҳияи Алабуки вилояти Ҷалилобод рух додааст.

Бино бар иттилои раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳия, маълумот дар бораи сӯхтор ба навбатдор соати 10:15 расидааст. Сӯхтор дар биное сар задааст, ки ба ширкати Full Gold Mining тааллуқ дорад.

Барои бартараф кардани сӯхтор ду воҳидҳои сӯхторхомӯшкунӣ ирсол гардид.

Бино бар иттилои пешакӣ оташсӯзӣ дар натиҷаи корҳои кафшергарӣ сар задааст.

Шоҳидон дар Фейсбук навори сӯхтори мудҳишро нашр кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, оташ аз қисми истеҳсолии маҷмаа, ки дар он сианид истифода мешавад, забона задааст. Раёсати ВКД ин маълумотҳоро рад мекунад.

38

Кӯдакони пуристеъдод: навори пурраи давраи 5-уми "Ты супер!"

85
Шоми якшанбе дар телевизиони НТВ-и Русия тамошобинонро вохӯрӣ бо озмуни мусиқии "Ту беҳтаринӣ!" интизор буд

Истеъдодҳои ҷавон ҳунари худро ба ҳакамон ва тамошобинон пешниҳод карданд. Ин аллакай фасли чоруми озмуни мусиқӣ аст.

Дар саҳнаи мусиқӣ имсол овозхонҳои нав ва иштирокдорони давраҳои гузаштаи барномаи "Ту беҳтаринӣ!" иштирок мекунанд.

18 октябр давраи 5-уми фасли феълӣ баргузор мешавад.

Дар озмун кӯдакони пуристеъдод аз ИДМ, ки бе падар ё модар монданд, иштирок мекунанд.

"Ты супер!" — лоиҳаи байналмилали мусиқии телевизиони НТВ ва оҷонсии байналмилалӣ ва радиои  Sputnik мебошад.

85
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

106
(Таҷдидшуда 20:24 19.10.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, шифоёбӣ ва марг аз коронавирус дар кишварро нашр кард

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10533 нафар баробар гардид.

Пешбинии анҷоми ҳамагирии коронавирус: як соли дигар "сабр"

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 52 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9563  (90,8%)  баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ  80 нафар фавтидаанд.

Путин аз сабти номи ваксинаи дуввуми Русия алайҳи COVID-19 хабар дод: сеюмаш дар роҳ аст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

106
Барчаспҳо:
вируси корона, омор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Тоҷикистон