Алиев ба Sputnik аз имрӯзу фардои Қаробоғ гуфт - навор

142
(Таҷдидшуда 00:25 17.10.2020)
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар мусоҳиба бо мудири кулли АИБ "Россия сегодня" Дмитрий Киселев вазъи баҳсноки Қаробоғи Куҳиро шарҳ дод

Мудири кулли агентии иттилолтӣ аз роҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон дар як вақт мусоҳиба гирифт ва саволҳои ҳамгун дод.

Дар мусоҳиба Алиев мавқеи Бокуро дар асоси шартҳои асосӣ шарҳ дод. Ӯ аз шарти оғози сулҳ гуфт ва тавзеҳ дод, ки чигуна ҷониби Озарбойҷон дар Қаробоғи Кӯҳӣ ба созиш омаданист ва "хатти қирмиз" барои кишвар кадом аст, ки он ҳаргиз нахоҳад гузашт.

Ҳамчунини президенти Озарбойҷон фикрашро дар бораи он, ки оё озарбойҷониҳо ва арманиҳо метавонанд ин танишро бо роҳи осоиштагӣ ҳал кунанд, баён кард.

142

Парвозу размоишҳо дар пойгоҳи низомии Кант-видео

50
(Таҷдидшуда 18:22 23.10.2020)
Вазорати мудофиаи Русия бо нашри як навор намоиш дод, ки чигуна парвозҳо дар пойгоҳи низомӣ дар Канти Қирғизистон амалӣ мешаванд

Пойгоҳи ҳавоии Русия дар Қаирғизистон – 17-умин солгардро аз рӯзи таъсисёбӣ таҷлил мекунад.

Пойгоҳи ҳавоӣ ҳавопаймоҳои ҳамлагари Су-25СМ, чархболҳои навсозишудаи Ми-8МТВ5-1-ро дар бар мегирад.

Ба пойгоҳи Кант инчунин воҳидҳои ҳавопаймоҳои бехалабони масофаи миёна ва дур, пулиси низомӣ ва нозирони низомии автомобилӣ шомил мебошанд.

Дар навори нашркардаи Вазорати мудофиаи Русия парвозҳо ва тирандозӣ аз ҳавопаймо дар пойгоҳи Кант дар Қирғизистон намоиш дода мешаванд.

Дар ин навор халабонҳои низомӣ баъди парвоз ва анҷоми ҳаракатҳо дар фазо ба пойгоҳ баргаштанд. Зимни тамринот инчунин сӯи нишонҳо оташ кушода шуд, ки ба ҳадаф расид.

Феълан пойгоҳ ба сохтори артиши 14-уми нерӯҳои ҳавоии Ҳавзаи марказии низомӣ ворид мебошад. Халабонҳои ин пойгоҳ пайваста дар тамриноти байналмилалӣ ва бозиҳои байналмилалии “Авиадартс” иштирок мекунанд.

50
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, тамрин, пойгоҳ, Қирғизистон
(1:15 / 8.75Mb / просмотров видео: 767)

Боздошти зодаи Осиёи Марказӣ: дар Маскав теракт омода мекард - видео

369
(Таҷдидшуда 00:02 23.10.2020)
ФСБ навори боздошти зодаи Осиёи Марказиро, ки қасд доштааст дар Маскав теракт омода кунад, нашр кард

Ҷавон аз Осиёи Марказӣ, ки "дар яке аз биноҳои ҳукумати Маскав қасди амалӣ кардани ҳамлаи террористиро доштааст", рӯзи 22 октябр дастгир шуд.

Бино бар хабари расмӣ, гумонбаршаванда бо фарони ҷангҷӯён нақша доштааст, бо гузоштани бомб яке аз биноҳои  ҳукуматиро тарконад.

Таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт

Аз навор дида мешавад, ки ҷавон дар ҷангал боздошт шудааст. Дар махфигоҳи ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгоҳҳои худсохти тарканда пайдо кардаанд.

Дар баробари ин гуфтугӯи ӯ бо ҷангҷӯён ва дастур барои омода кардани бомб ва навори савгандёдкунии гумонбар ба пешвои ҷангҷӯён дарёфт шудааст.

Қайд мешавад, ки ҷавон соли 1999 ба дунё омадааст. Пас аз таркиш дар Маскав ӯ нақша доштааст ба Ховари Миёна бозгардад ва дар сафи террористон биҷангад.

369
Барчаспҳо:
боздошт, Маскав
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо ризокорон дар Хоруғ

Ташкили колхозу кооператив ба ҷои хоҷагиҳои оилавӣ: пешниҳоди ҳукумати ВМКБ

0
(Таҷдидшуда 20:58 23.10.2020)
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз натиҷаи машварати назоратии назди раиси вилоят гузориш дод, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ё худ оилавӣ дар вилоят таҷдиди сохтор шаванд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҳукумати ВМКБ теъдоди хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ё худ оилавиро 15 ҳазору 844 адад гуфта, фаъолияти онҳоро ноустувор ва нокифоя хондааст.

Бар асоси иттилоияи нашркардаи мақомоти ВМКБ, гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳо - ташкили кооперативҳои истеҳсолию колхозҳо зарур аст. Манбаъ илова намудааст, ки инчунин зиёда аз 1300 гектар замин солҳои дароз дар зери сохтмон ҳастанд, вале ҳанӯз аз ҳисоботи омори замини кишт бароварда нашудаанд

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ,  барои истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда ва таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ  ташкили ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои деҳқониро пешниҳод карда буд.

“Хочагиҳои деҳқонии инфиродӣ имрӯз дар вилоят зиёда аз 16 ҳазор ҳастанд, вале ҳиссаи ҷамъи замин ба ҳар яки онҳо 0,10 ҳисса мерасад. Ба ин хотир ассотсиатсияҳо ё кооперативҳои хоҷагиҳои деҳконӣ таъсис додан зарур аст. Ин омил имкон медиҳад, на танҳо ҳисобу китоби фаъолият, балки тавлиди зиёди ҳосили рӯёнда ва андозбандии онҳо, ҳамзамон хизматрасониҳои дигар ба онҳо беҳтар ба роҳ монда мешаванд", - омада буд дар изҳороти Файзов, ки котиботи ҳукумати ВМКБ нашр карда буд.

0
Барчаспҳо:
ВМКБ, пешниҳод, Тоҷикистон