Захарова: Маскав ба таҳримҳои навбатии Иттиҳоди Аврупо посух мегӯяд

100
(Таҷдидшуда 19:01 18.10.2020)
Намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова таҳримҳои нави зидди Русияро, ки пас аз қазияи Алексей Навалний ҷорӣ шуданд, шарҳ дод

Русия таҳримҳои навро, ки Иттиҳоди Аврупо зидди мансабдорони Русия дар иртибот бо эҳтимолан заҳролуд шудани блогери рус Алексей Навалний бастааст, бидуни посух нахоҳад гузошт, изҳор доштааст намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова. 

Вай таъкид кард, ки асосноккунии ИА барои ворид кардани таҳрим "ба ягон танқид рост намеояд ва ба сафсата наздик аст".

Намояндаи ВКХ аз кишварҳои аврупоӣ даъват кард, ки ба чаҳорчӯбаи ҳуқуқи байналмилалӣ баргарданд ва аз мухолифати доимии Русияву Ғарб даст кашанд.

Ёдрас мешавем, моҳи август блогери рус Алексей Навалний дар ҳавопаймо аз ҳуш рафт ва оҷилан ба беморхона интиқол дода шуд.

Пизишкони Омск пас аз ташхис бемории метаболикӣ муайян карданд. Пас аз ду рӯз Навалний ба бемористони "Шарите"-и Олмон интиқол дода шуд, ки аз бадани ӯ дар он ҷо заҳр "ёфтанд". 

Ангела Меркел дар яке аз баромадҳояш дар пайи ин изҳороти духтурон гуфт, ки дар Русия даҳони блогерро бо ин амал мехостанд, пӯшонанд. 

Чаро Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои алайҳи Белорусияро манъ кард?

ВКХ Русия ин изҳороти роҳбарияти Олмонро кори дасти компанияи зидди Русия хонд, ки ягон далел надоранд. 

Дар робита бо ин қази як қатор кишварҳои аврупоӣ зидди Русия таҳрим ҷорӣ карданд.

100

Сӯхтори бузург дар маъдани тилло дар Қирғизистон - навор

93
(Таҷдидшуда 18:22 19.10.2020)
Дар интернет навори шоҳидон аз оташсӯзии шадид дар маъдани тилло дар ҷумҳурии Қирғизистон нашр шудааст

Ҳодиса субҳи душанбе дар кони Иштамбердӣ, дар дар ноҳияи Алабуки вилояти Ҷалилобод рух додааст.

Бино бар иттилои раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳия, маълумот дар бораи сӯхтор ба навбатдор соати 10:15 расидааст. Сӯхтор дар биное сар задааст, ки ба ширкати Full Gold Mining тааллуқ дорад.

Барои бартараф кардани сӯхтор ду воҳидҳои сӯхторхомӯшкунӣ ирсол гардид.

Бино бар иттилои пешакӣ оташсӯзӣ дар натиҷаи корҳои кафшергарӣ сар задааст.

Шоҳидон дар Фейсбук навори сӯхтори мудҳишро нашр кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, оташ аз қисми истеҳсолии маҷмаа, ки дар он сианид истифода мешавад, забона задааст. Раёсати ВКД ин маълумотҳоро рад мекунад.

93

Кӯдакони пуристеъдод: навори пурраи давраи 5-уми "Ты супер!"

104
Шоми якшанбе дар телевизиони НТВ-и Русия тамошобинонро вохӯрӣ бо озмуни мусиқии "Ту беҳтаринӣ!" интизор буд

Истеъдодҳои ҷавон ҳунари худро ба ҳакамон ва тамошобинон пешниҳод карданд. Ин аллакай фасли чоруми озмуни мусиқӣ аст.

Дар саҳнаи мусиқӣ имсол овозхонҳои нав ва иштирокдорони давраҳои гузаштаи барномаи "Ту беҳтаринӣ!" иштирок мекунанд.

18 октябр давраи 5-уми фасли феълӣ баргузор мешавад.

Дар озмун кӯдакони пуристеъдод аз ИДМ, ки бе падар ё модар монданд, иштирок мекунанд.

"Ты супер!" — лоиҳаи байналмилали мусиқии телевизиони НТВ ва оҷонсии байналмилалӣ ва радиои  Sputnik мебошад.

104
футзал, акс аз бойгонӣ

Барои "Сипар" як ғалабаи дигар даркор то чемпиони Тоҷикистон шавад

0
(Таҷдидшуда 22:27 19.10.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд як пирӯзии дигар даркор аст, то қаҳрамони кишвар дар риштаи футзал шавад

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и пойтахт дар ду силсилабозиҳои финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2020 ғалаба карда, ба дарёфти унвони чемпионӣ наздик шуд.

"Бозии аввали дастаҳои мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи пеналтӣ бахти хуҷандиҳо омад кард – 4:3. Дар бозии дуюм бошад, “Сипар” бо ҳисоби 6:2 бар “Соро компания” ғолиб омад. Ҳар ду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки ҳамин тариқ, клуби Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки бозии навбатии дастаҳо 24 октябр сурат мегирад. “Соро компания” дар Душанбе “Сипар”-ро қабул мекунад.

Инчунин дар ду бозӣ барои ҷои сеюм бошад, дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бар тими “Истаравшан” ғалаба кард. Дар бозии аввал бо ҳисоби 8:5, дар бозии дуюм бо ҳисоби 6:5, тавзеҳ дод Кумитаи миллии олимпӣ. 

Футболбозони “Муҳоҷир” дар силсилаи бозиҳо барои ҷои сеюм бо ҳисоби 2:0 пешсафанд ва мумкин аст дар бозии навбатӣ медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст биёранд.

0
Барчаспҳо:
футзал, Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистон